Перейти к содержимому

Шайхи Алазҳар: “Ҳар касе, ки иддао мекунад ҷинро аз бадани инсон берун овардааст, ӯ дурӯғгӯст”

Дуктур Аҳмад Аттайиб, шайхи Алазҳар, бо интиқод аз барномаҳое, ки дар шабакаҳои моҳвораӣ бо ширкати афроде, ки иддао мекунанд ҷинро аз бадани инсонҳо берун меовардаанд иҷро мешаванд, таъкид кард: “Ҳар он ки иддао мекунад ҷинро аз бадани инсон берун овардааст, ӯ дурӯғгӯ ва гумроҳкунанда аст.”

Ба гузориши Алаҳром, дуктур Аҳмад Аттайиб хотирнишон кард: “Қуръони Карим аз мавҷудоте хабар додааст, ки ҷин номида мешаванд ва дорои сифоти хоссе ҳастанд, аз ин рӯ имон ба вуҷуди онҳо воҷиб аст, аммо ба ҳамон ҳадде, ки Қуръон ва суннати саҳеҳа баён дошта, на фаротар аз ин ду сарчашма, ки ҳар гуна қилу қолҳо дар ин бора холӣ аз далелҳои ҳиссӣ ва ақлӣ ҳастанд.”

Шайхи Алазҳар афзуд: “Фарқ ҳаст байни имон ба фариштаҳо ва имон ба ҷин. Имон ба фариштаҳо асле аз усули дин аст; усуле, ки паёмбари ислом (с) бад-ин шакл баён фармуда, ки:Имон ба Худо ва ба фариштаҳои ӯ ва ба китобҳои ӯ ва паёмбарони ӯ ва ба рӯзи қиёмат ва қадар”. Бинобар ин, агар мусалмон ба фариштаҳо имон надошта бошад, бинои имонаш куллан фурӯ мерезад. Аммо дар робита бо имон ба ҷин, Қуръон, бо ин ки дар бораи ин махлуқ бисёр сухан ба миён овардааст, вале имон ба ӯро ҷузъе аз ақоиди (усули) ислом қарор надода, ҳамон тавр ки имон ба фариштаҳоро қарор додааст. Балки танҳо аз ӯ сухан ба миён оварда, ҳамон тавр ки дар бораи инсон ва соири ашё сухан гуфта. Албатта тасдиқ ба вуҷуди ҷин, аз муқтазаёти тасдиқ ба Қуръон дар тамоми он чи хабар додааст мебошад.”

Шайхи Алазҳар дар идома тавзеҳ дод: “Сухани Қуръони Карим дар бораи фариштаҳо, аз сухани ӯ дар бораи ҷин фарқ мекунад. Зеро, дар ҳоле, ки Қуръон фариштаҳоро ба унвони “бандаҳои гиромидошташуда” тавсиф мекунад ва ин ки онҳо мавҷудоте ҳастанд саропо хайру тоат, аммо дар бораи ҷин мегӯяд, ки метавонад солеҳ бошад ва ҳам метавонад фосид бошад. Ва дар порае аз маворид, Қуръон барои ҷинҳо нақши васваса кардани мардум ва тазйин (зебо ҷилва додан)-ро қоил мешавад; дуруст мисли одамҳои мунҳариф ва аз роҳ бероҳшуда. Ва (бароямон) гӯшзад мекунад, ки ҷин мукаллаф ба амру наҳйи шаръӣ аст, мукаллаф ба ибодат аст, дуруст мисли инсон. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: “Ва ҷинну инсонро наёфаридам магар маро бипарастанд.”

Шайхи Алазҳар таъкид кард: “Танҳо роҳи эман мондан аз (васавасҳои ҷин) ин дуо ва илтиҷо ба даргоҳи Худованди Мутаъол ба воситаи зикр ва паноҳ бурдан (ба Худо) аз шарри ҷинну инс аст. Худованд мефармояд:Ва бигӯ: Парвардигоро! Паноҳ мебарам ба ту аз васвасаҳои шаётин, ва паноҳ мебарам ба ту, Парвардигоро, аз ин ки ба ман ҳозир шаванд.” Ҳамчунин, ҷин тавоноии тасаллут ёфтан бар инсон, бар бандаҳои солеҳи Худоро надорад, ва аз ин рӯ, бар мӯъмин воҷиб аст, ки ҳаргиз ва абадан аз ҷин наҳаросад, балки мӯъмин қодир аст, ба воситаи зикр, бар ҷин ғалаба пайдо кунад. Ҷин қодир нест бар инсон нуфуз кунад, на аз дур ва на аз наздик, аз ин рӯ, фақат инсонҳои заъифу нотавон (ба лиҳози равонӣ)-ро ҳадаф қарор медиҳад.”

Дуктур Аҳмад Аттайиб бо баёни ин ки “Қуръони Карим он ҷо, ки дар сураи Ҷин дар бораи ин махлуқ сухан мегӯяд, тасреҳ кардааст, ки ҷинҳо ғайбро намедонанд ва Худованди Мутаъол (аз забони ҷинҳо) мефармояд: “Ва оё иродаи шарре дар бораи аҳли замин шуд ё парвадигорашон хостааст ононро ҳидоят кунад.”, хотирнишон кард: “Ин иддаоҳое, ки шунида мешавад, ки ҷин бар касе нуфуз пайдо карда ва вориди бадани ӯ шуда, инҳо ҳама хаёлоте беш нестанд ва асосе надоранд Зеро, тавоноии ҷин фақат васавса ва гумроҳ кардан аст, на ин ки битавонад нуфуз кунад. Худо мефармояд: “(Ту, эй шайтон!) Бар бандагонам тасаллут нахоҳӣ ёфт, магар гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд.”

Шайхи Алазҳар бо интиқод аз барномаҳое, ки дар шабакаҳои моҳвораӣ дар ин замина иҷро мешаванд, таъкид кард: “Ҳар он ки иддао мекунад ҷинро аз бадани инсон берун овардааст, ӯ дурӯғгӯ ва гумроҳкунанда аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: