Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо дар Масчо ва Истаравшан

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Навиштори ҳозир, ки дар лобалои хотироти Закӣ Валидӣ оварда шудааст, рабте ба ӯ надорад, балки аз худи банда аст, ки аз хеле вақт пеш мехостам дар бораи фаъолияти босмачиҳо дар Масчо ва Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) бинависам, вале фурсат даст намедод. Ҳоло, ки хотироти Валидиро мунташир мекунам ва дар қисмати пешин, сухани ӯ дар бораи фаъолияти босмачиҳо дар Масчо ва Ӯротеппа буд, аз ин рӯ ҳайф аст маълумоте, ки дар ин мавзӯъ гирд овардаам рӯйи коғаз оварда нашаванд, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин сафҳа аз таърих, иртиботи мустақим бо падарбузургам ва бародари ӯ дорад.

Албатта, дар оғоз лозим аст ёдовар бишавам, ки иддао надорам гузориши ҳозир тамоми моҷаро дар ин мавзӯъ аст, ҳаргиз, балки танҳо бахше аз он — ва қатъан, бахше бисёр кучаки он – аст. Ва умедворам, ин навишта ташвиқе бошад барои азизоне, ки дар ин мавзӯъ маълумоти бештаре аз ман доранд, то даст ба кор шаванд ва доштаҳои худро дар маърази афкори умуми мардум қарор бидиҳанд ва ҷомеа бо ин сафҳа аз таърих беҳтар ошно бишавад.

Матлаби дигаре, ки дар ҳамин оғоз лозим аст мавриди таъкид қарор бигирад ин аст, ки мутаассифона, умдаи манобеъ ва сарчашмаҳое, ки дар онҳо ин бахш аз таърихамон зикр шудааст — ба хусус он чи марбут ба Бекигарии Масчост — манобеи русӣ ва аҳёнан тоҷикӣ (он ҳам навишташуда дар даврони Шӯравӣ) аст, ки пурравшан аст додаҳояш чандон мавриди эътимод нестанд ва бо як сӯгирии хоссе навишта шудаанд; зеро тамоми босмачиҳо дар ин манобеъ, бидуни истисно, ба унвони афроде “сиёҳдилу торикбину ситампеша” ба тасвир кашида шудаанд, дар ҳоле, ки воқеият чунин нест.

Аммо ба ҳар сурат, дар ин навиштор, аз ин манобеъ истифода шудааст, ки умдтарини онҳо иборатанд аз:

1) Иркаев М: История гражданской войны в Таджикистане.

2) Андреев А., Р. Шумов: С. А. Басмачество.

3) Максимов Л. А: Мастчинский горный узел.

4) Зевелев А. И., Поляков Ю. А., Чугунов А. И: Басмачество: возникновение, сущность, крах.

5) Энциклопедия “Всемирная история”: Басмачество.

6) История России: Басмчество.

Ва ҳамчунин, манобеи зерин ҳам мавриди истифодаи ин нигоранда қарор гирифтаанд:

1) Назаршоев Н. М: Военная история Таджикистана

2) Разиюлло Абдуллозода: Ёде аз айёми гузашта.

3) Ҳотамов Н: Таърихи халқи тоҷик, боби 7.3.

3) Акмал Маннонов: Матчинское бекство: Басмачи или борцы за независимость?

3) Салими Аюбзод: Умари Хайём ва босмачиёни қарни бист.

4) Давлатшоҳ Маҳмудов: Аз ду махсум кадоме қаҳрамон аст: Нусратулло ё Фузайл?

* * *

Таъсиси давлати мустақилли “Бекигарии Масчо” бо пойтахтии Обурдон

Пеш аз Инқилоби Октябр, ки Осиёи Марказӣ шибҳимустамлакаи Русияи тезорӣ (подшоҳӣ) буд, Масчо ҷузъе аз “Округи Зарафшон”-и вилояти Самарқанд (тобеъи Русияи тезорӣ) маҳсуб мегардид ва аз Аморати Бухоро ҷудо буд. Мақомоти Русияи тезорӣ ба ин минтақа вазъияти худмухторӣ дода буданд.

Аммо пас аз Инқилоби 1917 ва омадани болшевикҳо бар сари қудрат дар Русия, мардум ва ҳокимони Масчо ҳукумати Шӯравиро эътироф накарданд, балки эъломи истиқлол намуда, дар пайи барқарории равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин кишварҳое чун Ангилис, Омрико ва Афғонистон шуданд. Бино бар гузоришҳои мувассақи таърихӣ, ҷавонон ва руҳонияти водии Зарафшон дар ноябри соли 1918 расман истиқлоли “Бекигарии Масчо”-ро ба унвони як давлати мустақил бо марказияти Обурдон, эълом карданд. Ва дар поизи (тирамоҳи) соли 1919, сипоҳиёни ин давлати тозабунёд, бо юриш ба манотиқи ҳамҷивор, тавонистанд Панҷакент, Фалғар (Айнии кунунӣ), Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) то Хуҷандро ҷузъе аз қаламрави давлати худ бисозанд.

Ҷолиб он ки ин давлати тозабунёд худро давлате мардумӣ эълон кард ва воқеан мардумӣ буд. Бино бар тасреҳи муаллифони мақолаи “Басмачество: возникновение, сущность, крах”, мақомоти ин давлат мардумро дар тасмимгириҳои калон ширкат медоданд ва ҳатто дар чанд маврид ҳамапурсии умумӣ баргузор гардид.

Дар оғози эълони истиқлоли ин давлат, мақомоти он, ҳайъатеро барои музокира ба Ангилис эъзом карданд. Давлати Ангилис аз таъсиси ин давлати тозабунёд истиқбол намуд. Дар тобистони соли 1919 ҳайъати эъзомӣ ба Масчо баргашт.

Артиши сурхи болшевикӣ, танҳо дар баҳори соли 1923, ва баъд аз набардҳои мухталиф, тавонист ин давлати тозабунёдро барҳам бизанад. Дар 2 апрели соли 1923 ин артиш (РККА) пойтахти Бекигарии Масчо яъне Обурдонро ба тасарруфи худ даровард. Аммо бо ин ҳол, болшевикҳо натавонистанд то муддатҳое мадид дар ин минтақа ҳукумати Шӯравиро барқарор бисозанд, танҳо дар солҳои 1930 буд, ки тавонистанд ҳукумати худро ба сурати комил дар ин сарзамин барқарор намоянд.

* * *

Ҳомидбек

Дар таъсис ва низ тавсиъаи қаламрави Бекигарии Масчо ва набард бо артиши ишғолгари болшевик, бе тардид нақши Ҳомидбек, Султонбек, Асрорхон, Ҳамроқул ва ҷавоне дигар ба номи Абдулҳамид Сангзорӣ бисёр пурранг аст. Дар бораи Абдулҳамид роқими ин сатрҳо натавонистам маълумоте ба даст оварам, ба ҷуз ишораи кӯтоҳе, ки Закӣ Валидӣ дар хотироташ оварда. Дар бораи Асрорхон, Султонбек ва Ҳамроқул низ андаке баъд менависам. Аммо дар мавриди Ҳомидбек — ки Закӣ Валидӣ аз ӯ ба унвони “фармондеҳи қаҳрамони беназир” ном бурдааст — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Салими Аюбзод, дар мақолае таҳти унвони “Умари Хайём ва босмачиҳои қарни бист”, ҳақоиқи бисёр ҷолибе овардааст. Ӯ менависад:

Аз хурдсолӣ дар хотир дорам, ки мардуми Масчо номи муҷоҳидони худ, махсусан Ҳомидро бо муҳаббат ба забон меоранд. Ҳатто дар сахттарин давраҳои сонсур ва пайгарди замони Шӯравӣ низ дар маҳфилу гаштакҳо одамон Ҳомидро ҳамчун як қаҳрамон ва инсони нек ёд мекарданд. Яке симову чеҳраи ӯро тасвир мекард, ки чашмони калону дурахшон ва зебое доштааст. Дигаре бо бовари тамом мегуфт, чилтанҳои пок ёри Ҳомид буданд, ки тир дар ӯ пай намекард. Севвумӣ меафзуд, Ҳомид ҳаргиз асиронашро намекушт, балки силоҳи онҳоро гирифтаву озодашон мекард (хислате, ки дертар дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд шунидаем). Чаҳорумӣ изофа мекард, Ҳомид модарашро бисёр дӯст медошт ва вақте, ки асиронро озод мекард, мегуфт, онҳо ҳам модар доранд, ва агар кушта шаванд, ҷигари модараш хун хоҳад гашт. Ҳамчун сипаҳсолор муваффақ буд ва марзҳои ҳокимияти мири Масчоро то марзи Самарқанд кашонда буд. Тибқи асноди маҳфуз дар бойгониҳои Русия, сарони артиши сурх аз Ҳомид ҳам ҳарос доштанд ва ҳам ӯро эҳтиром мекарданд. Биноан, ба камияш се бор кӯшиданд, бо Ҳомид сулҳ ва ӯро ба тарафи худ мойил кунанд. Ҳомид дар навбати худ ин созишҳои муваққатиро барои таҳкиму танзим ва тамрини нерӯҳояш истифода мекард, ҳарчанд ин ҳолат шубҳаву гумонеро дар дили мир ва атрофиёни ӯ ангезиш медод. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи мири Масчо Аҳмадхоҷа (ҳамон Сайид Аҳмадхоҷа) омодагӣ мегирифт, Ҳомидро ба русҳо бифурӯшад. Ниҳоят, Ҳомид дар баҳори соли 1923 бо хиёнат ва ба дасти Асрорхон, бародари кӯчаки мири Масчо, кушта шудааст. Ҳалокати ӯ сабаб гашт, ки болшевик тавонист, дар муддати кӯтоҳ водиеро, ки солҳо наметавонист, ишғол кунад, ба даст орад.” (Поёни иқтибос)

Мутаассифона, ҳеч аксе аз ин ҷавони барӯманд наёфтам, шояд бошад, ки агар ҳаст, аз азизони огоҳ хоҳиш мешавад ба иттилои инҷониб бирасонанд.

Нуктае, ки дар инҷо шоистаи тазаккур мебошад ин аст, ки Закӣ Валидӣ дар хотироташ муддаӣ мешавад, ки Ҳомид бо “Ҷамъият”-и мавриди назари ӯ (ҷадидҳо ва понтуркистҳо) дар иртибот будааст ва ҳатто иддао мекунад, ки бахше аз нерӯҳои таҳти фармони Ҳомид ва Абдулҳамид, зери риёсати фарде ба номи Очил (намояндаи “Ҷамъият” ва фармондеҳи низомии он дар Зарафшони поин) қарор доштааст. Аммо дар дигар манобеъ (аз ҷумла манобеи русӣ) ҳеч ишорае нашудааст, ки байни мақомоти Бекигарии Масчо ва понтуркистҳо, иртиботи танзимӣ вуҷуд дошта будааст. Агар вуҷуд дошт, қатъан дар манобеи русӣ ба он ишора мешуд.

Ба назари роқими ин сатрҳо, мақомоти Бекигарии Масчо иртиботи танзимӣ бо соири босмачиҳо — ба хусус босмачиҳои фаъол дар водии Фарғона, ки бештари онҳо бо ҷадидҳо ва понтуркистҳо дар иртибот буда ва дар пайи таъсиси Туркистони бузург буданд — надоштанд. Вагарна, ҳаргиз як давлати мустақил бунён намегузоштанд, балки ба унвони ҷузъе аз нерӯҳои Туркистони бузург (давлати мавриди иддаои “Ҷамъият”) фаъолият мекарданд. Бале, онҳо бо босмачиҳо ба хусус босмачиҳои Фарғона, иртибот ва ҳамоҳангиҳое доштаанд — махсусан он замон, ки Масчо ба маркази ҳаракати босмачигарӣ дар минтақа табдил гардида ва боқимондаҳои босмачиҳои водии Фарғона ба ин минтақа мунтақил шуда буданд — дар ин шакке нест, аммо омили ин иртибот ва ҳамоҳангиҳо, чизе ҷуз вуҷуди душмани муштарак (болшевикҳо) ва набард бо ӯ набудааст, на иртиботи танзимӣ.

* * *

Сайид Аҳмадхоҷа, Асрорхон, Сайид Абдулқодирхон ва Қозӣ Тӯра

Дар бораи шахсияти Сайид Аҳмадхоҷа — фарзанди эшони Авлиёхоҷа, яке аз эшонҳои бисёр маъруф дар шимоли Тоҷикистони кунунӣ ва водии Фарғона ва низ Асрорхон, ба ҷуз он чи дар манобеи таълифшуда дар замони Шӯравӣ омадааст, дигар маълумоте пайдо накардам.

Бино бар он чи дар мақолаи “Басмачество: возникновение, сущность, крах” омадааст, дар ноябри 1918, ки Бекигарии Масчо ба унвони як давлати мустақил эъломи мавҷудият мекунад, риёсати ин бекигарӣ ба дасти Асрорхон будааст. Аммо бар пояи додаҳои баъзе аз манобеи дигар (ба хусус китоби “Таърихи халқи тоҷик”, таълифи Н. Ҳотамов), дар аввали декабри соли 1918, фарде ба номи Султонбек будааст, ки ба унвони беки Масчо эълон шуда. Ва дар баҳори соли 1919, ки Эргаш бо дастаи худ ба Масчо омада ва дар юриш ба Фалғар (Айнии кунунӣ) ширкат меварзад, ӯ Султонбекро ҳамроҳ бо гурӯҳаш, ба Фарғона бурдааст. Баъд аз ин рухдод, шахсе ба номи Ҳофиз Ҳусайн ба унвони беки Масчо таъйин мешавад. Дар замони риёсати ӯ, байни Бекигарии Масчо ва Ҳукумати Шӯравӣ созишномаи сулҳ ба имзо мерасад. Ин созишнома дар 12 июли соли 1920, дар қаряи Похути Фалғар, ба имзо расидааст. Аммо бо омадани Сайид Аҳмадхоҷа дар поизи (тирамоҳи) ҳамин сол ба Масчо ва раиси давлати Бекигарии Масчо эълон шудани ӯ, вазъият тағйир мекунад.

Сайид Аҳмадхоҷа (ки гуфта мешавад, бародари бузурги Асрорхон будааст) дар солҳои 1919 дар ҳукумати Шӯравӣ раиси кумитаи иҷроияи “волости Бокса-Исфанаи” уезди Хуҷанд буд. Ва замоне, ки ба унвони раиси давлати Бекигарии Масчо таъйин гардид, аз Ҳукумати Шӯравӣ тақозо кард, то давлати мустақилли Бекигарии Масчоро ба расмият бишносад. Болшевикҳо тақозои ӯро рад карданд. Ин буд, ки Сайид Аҳмадхоҷа бо ҳадафи тақвияти пояҳои давлати тозатаъсиси Бекигарии Масчо, бо амири Бухоро ва низ бо руҳоният ва шахсиятҳои бонуфузи Бухорои шарқӣ ва Фарғона иртибот бақарор мекунад ва ҳайъатҳое ба кишварҳо эъзом мекунад. Аз ин тараф ҳам, артиши сурх таҳти фармондеҳии Кутс (Ф. Куц) ба Масчо юриш мебарад, вале бо муқовимати шадиди сипоҳиёни Сайид Аҳмадхоҷа рӯ ба рӯ шуда ва шикаст мехӯрад.

Дар ҳамон айём Сайид Аҳадхоҷа дар тамоми қаламрави Бекигарии Масчо – аз ҳудуди Хуҷанд то Панҷакент – намояндаҳо ва фармондеҳони худро таъйин мекунад, ки умдатан фарзандони эшонҳо ва пирони тариқати минтақа буданд. Сипоҳиёни ӯ фақат дар Масчо ду ҳазор нафар буданд.

Бино бар навиштаи муаллифони мақолаи “Басмачество: возникновение, сущность, крах”, яке аз намояндаҳо ва фармондеҳони ӯ Сайид Абдулқодирхон (бародари падарбузурги роқими ин сатрҳо, ки каме баъд ба тафсил дар бораи ӯ менависам) ва яке дигар Қозӣ Тӯра (аз бастагони Сайид Абдулқодирхон) буданд. Бар пояи навиштаи муаллифони ин мақола, дар ноябри соли 1920 сипоҳиёни Қозӣ Тӯра дар як набарди шадид бо артиши сурх, бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва худи эшон ба шаҳодат мерасад. Сайид Абдулқодирхон низ пас аз тасарруфи Обрудон тавассути артиши сурх дар соли 1923, ҳамроҳ бо боқимондаи сипоҳиёни худ ба Ӯротеппа бармегарданд. (Андаке баъд, ба тафсил роҷеъ бо эшон менависам.)

Вазъият то аввалҳои баҳори соли 1923 ба ҳамин минвол буд ва дар тӯли ин се сол, набардҳои бисёр шадиде байни артиши сурх ва артиши давлати Бекигарии Масчо ба вуқӯъ пайваст. Саранҷом, дар моҳи марти соли 1923 болшевикҳо бо сарпарастии Ҷӯра Зокиров ва Аҳмадбек Мавлонбеков бо артише бисёр муҷаҳҳаз, ба Масчо юриш бурданд ва дар 2 апрели ҳамон сол тавонистанд пойтахти Масчо яъне Обурдонро тасарруф намоянд. Аммо бо ин ҳама, ҳамон тавр ки дар оғози ин навиштор ишора шуд, болшевикҳо натавонистанд то муддатҳои мадиде дар ин минтақа ҳукумати Шӯравиро барқарор созанд, танҳо дар солҳои 1930 буд, ки тавонистанд ҳукумати худро ба сурати комил дар ин сарзамин барқарор намоянд.

* * *

Ҳамроқул, Лаҳадмахсум ва Раҳмонқул

Дар водии Зарафшон, ба ҷуз афроде, ки дар боло аз онҳо ном бурда шуд, ҳамчунин шахсе ба номи Ҳамроқул низ нақши басазое дар набард бо болшевикҳо дошт. Дар Хистеварз (Қистакӯз)-и Хуҷанд дастае ба раҳбарии Лаҳадмахсум низ бо болшевикҳо меҷангиданд.

Дар ҳудуди Ашт то Исфара ва Ҳӯқанд, ҷавоне ба номи Раҳмонқул, ки бисёр шуҷоъу далер тавсиф шудааст, алайҳи ишғолгарони болшевик пайкор мекард. Аҳмад Полвон низ дар канори ӯ буд. Аз Раҳмонқул ба унвони фарде, ки байни мардум аз эътиборе бисёр болое бархӯрдор будааст, зикр мешавад. Дар моҳи октябри соли 1922, Раҳмонқул дар як набарди нобаробар бо артиши сар то по мусаллаҳи сурх, бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва охирин пойгоҳаш яъне қаряи деҳаи Ошоба ба тасарруфи артиши сурхи болшевикҳо дармеояд ва ӯ ҳамроҳ бо 90 нафар аз сипоҳиёни боқимондааш таслим мешавад.

* * *

Холбӯта

Дар Ӯротеппа ва манотиқи атроф то Шаҳристон ва Басманда, ҷавоне ба номи Холбӯта, ки Закӣ Валидӣ ӯро як “қаҳрамон ва фавқулъода сабуру ватандӯст ва душмани ҳақиқии русҳо” мехонад фаъолият мекард. Гурӯҳи ӯ яке аз қудратмантарин гурӯҳи фаъол дар Ӯротеппа ва манотиқи атроф дар набард бо артиши сурх маҳсуб мешуд. Холбӯта зодаи соли 1880 дар қаряи Муҷун (имрӯза тобеъи ноҳияи Ғончӣ) аст. Ӯ то Инқилоби Октябр ҳамроҳ бо шуморе аз ҷавонон, ки ба айёрон маъруф буданд, машғули дифоъ аз мардуми бенаво аз дасти сарватмандон ва зӯргӯёни маҳаллӣ буданд. Баъд аз Инқилоби Октябр ва барқарории Ҳукумати Шӯравӣ, муддате дар ургонҳои маҳаллии давлати Шӯравӣ машғул ба кор шуд. Ӯ кумисери уезди Ӯротеппа низ буд. Соли 1919 маҳкум ба зиндон ва сипас баъд аз озодӣ, ҳамроҳ бо ёронаш даст ба мубориза алайҳи болшевикҳо ёзид. Ӯ низ мисли Сайид Абдулқодирхон ва Қозӣ Тӯра, аз фармондеҳони Бекигарии Масчо ба шумор мерафт.

Баъд аз тасарруфи Обурдон аз сӯи артиши сурх, Холбӯта ҳамроҳ бо боқимондаи сипоҳиёнаш, бо убур аз кӯҳҳо, тавонист худро ба Қаротегин бирасонад ва мулҳақ ба Фузайл Махдум бишавад. (Закӣ Валидӣ дар хотироти худ ҳақоиқи бисёр ҷолибе дар бораи Холбӯта ва иртиботаш бо ӯ навиштааст.) Ва бад-ин тартиб, Холбӯта ҳамроҳи сипоҳиёнаш, муддате таҳти фармондеҳии Фузайл Махдум, бо артиши сурх пайкор кард, аммо пас аз шикасти сипоҳиёни Фузайл Махдум, ба Ӯротеппа баргашт ва саранҷом ба дасти яке аз сипоҳиёни худ кушта шуд.

* * *

Шаҳодати Сайид Абдулқодирхон

Дар замони таъсиси давлати Бекигарии Масчо, падарбузурги роқими ин сатрҳо, Сайид Бурҳонхон ҷузъи сипоҳиёни бародари бузурги худ, Сайид Абдулқодирхон — ки дар боло аз эшон ном бурда шуд — буданд. Эшон хотироти ҷолибе дар бораи бародарашон, Сайид Абдулқодирхон ва чигунагии шаҳодати он бародари барӯманд ва ҳамчунин табъид шудани худашон ҳамроҳ бо хонавода ба Кӯкчатови Қазоқистон, бароямон нақл карда буданд, ки зикри онҳо дар ин навиштор холӣ аз фоида нест.

Моҷаро аз ин қарор аст, ки: пас аз тасарруфи Обрудон аз сӯи болшевикҳо, Сайид Абулқодирхон ҳамроҳ бо боқимондаи сипоҳиёни худ, муддате дар манотиқи атроф пинҳон мешаванд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи эшон дар ҷомеа – ба унвони фарзанди Қозӣ Сайид Абдуллоҳхон, қозии Панҷшанбе – аз як тараф, ва низ руфақо ва дӯстони эшон, ки дар ҳукумати тозатаъсиси Шӯравӣ шоғили симатҳои давлатӣ буданд, дӯстони Сайид Абулқодирхон тақозои бозгашти эшон ба шаҳрро мекунанд. (Зикри ин нукта дар инҷо лозим аст, ки дар оғози таъсиси ҳукумати Шӯравӣ, вазъ комилан ғайр аз он чи будааст, ки баъдҳо, яъне баъд аз солҳои 1930 соя афканда. Дар оғози ин ҳукумат, аслан на фишору тазйиқе, ки баъдҳо эҷод шуд вуҷуд дошт ва на бо мазоҳири исломӣ пайкор мешуд. Ва асосан, болшевикҳо, дар ибтидо, идораи шаҳру навоҳиро бештар ба дасти афроди бонуфуз дар ҷомеа, ба хусус босмачиҳои собиқ месупурданд, ки албатта баъдҳо яъне пас аз таҳкими пояҳои қудрати Шӯравӣ ва шикасти комили босмачиҳо, вазъ комилан тағйир пайдо кард ва ҳамаро куштанд ва ё табъид намуданд.)

Хулоса, бо подармиёнии ин афрод, аз Сайид Абулқодирхон хоста шуд, ҳамроҳ бо боқимондаи сипоҳиёнашон, ба шаҳр баргарданд ва дар идораи шаҳр ва барқарории амният саҳмгузор бошанд. Ва эшон низ, баъд аз исрор ва пойфишории зиёди дӯстонашон, ба хусус шавҳархоҳарашон, ба шаҳр бармегарданд ва идораи амнияти шаҳр ба эшон ва сипоҳиёнашон вогузор мешавад. Пас аз муддате ва хусусан баъд аз он ки эшон арсаро дар шаҳр бар болшевикҳо танг мекунанд, болшевикҳо эҳсоси хатар аз ноҳияи эшон карда, ба фикри ҳазфи физикии ӯ мешаванд. Аммо чун худи онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи Сайид Абулқодирхон дар ҷомеа, қодир ба ин кор набуданд, байни эшон ва дӯсти собиқашон Холбӯта — ки тоза аз Қаротегин бозгашта ва ҳамроҳ бо боқимондаи сипоҳиёнаш дар зодгоҳи худ яъне қаряи Муҷун пинҳон буд — ихтилоф андохта, ҳар дуро алайҳи якдигар мешӯронанд.

Яке аз кумунистҳои маҳаллӣ (ба назарам, фарде ба номи Ӯрунов) ба дурӯғ ба Сайид Абулқодирхон мегӯяд, Холбӯта хостори дидор ва мулоқот бо шумо шудааст. Сайид Абулқодирхон ба манзури дидору гуфтугӯ бо Холбӯта, ба танҳоӣ ба Муҷун меоянд. Ва бо ин ки афродашон, ба хусус бародарашон Сайид Бурҳонхон, исрор мекунанд, ки танҳо наоянд ва балки ҳамроҳи афроди худ биёянд, аммо Сайид Абулқодирхон бо радди тақозои онҳо, танҳо ба Муҷун меоянд. Дар Муҷун ва ҳангоми мулоқот, байни эшон ва Холбӯта мушоҷироте дармегирад ва кор то кашидани таппонча ба рӯи якдигар мекашад. Афроди Холбӯта бар рӯи Сайид Абулқодирхон тир холӣ мекунанд ва сипас ҷасади захмии эшонро зери суми аспҳо леҳ мекунанд, ва бад-ин сурат эшон шаҳид мешавад. (Худованд ғариқи раҳмату мағфират созад!), ва то ҳанӯз маҳалли дафни эшон маълум нест. Албатта, худи Холбӯта низ андаке баъд аз ин моҷаро, ба дасти яке аз афродаш кушта мешавад.

* * *

Табъид (бадрақа) ба Кӯкчатови Қазоқистон

Тасвире аз Сайид Бурҳонхон дар поёнҳои умр

Пас аз шаҳодати Сайид Абулқодирхон, бародари эшон яъне Сайид Бурҳонхон, муддате ба Қалъаи Хоҷаҳо паноҳ мебаранд ва муддате ҳам дар Қалъаи Дӯст ва муддате низ дар Қалъаи Ҳоҷӣ (ин деҳот имрӯз дар ноҳияи Ғончӣ воқеъ ҳастанд) зиндагӣ мекунанд. Албатта, то солҳои 1930 болшевикҳо чандон коре ба кори эшон надоштанд. Аммо бо таҳкими комили пояҳои қудрати Шӯравӣ ва шурӯъи “тройка”, Сайид Бурҳонхонро бо иттиҳоми ширкат дар набард алайҳи артиши сурх боздошт ва маҳкум ба эъдом намуда ва ба Самарқанд мефиристанд, то ки ҳукми эъдом сурат бигирад. Аммо эшон эъдом намешаванд ва ба ҷои он, ба Кӯкчатови Қазоқистон табъид мегарданд. Ва ин худаш достони ҷолибе дорад, ки зикраш холӣ аз фоида нест.

Эшон бароямон нақл кардаанд, ки дар буҳбуҳаи набардҳо байни сипоҳиёни Сайид Абулқодирхон ва болшевикҳо дар атрофи Ӯротеппа, як болшевики рус ба асорат меафтад. Сайид Абулқодирхон ин асирро дар ихтиёри бародари худ, яъне Сайид Бурҳонхон қарор медиҳанд. Сайид Бурҳонхон, ки бисёр фарде раҳмдил буданд, ин асирро то маҳалле ба номи Чорбоғ (воқеъ дар атрофи Ӯротеппа) мебаранд ва сипас аз ӯ мехоҳанд, ҳар чи сареътар гӯрашро гум кунад ва фирор намояд. Ин рус ҳам бо таъаҷҷуб по ба фирор меоварад ва ба тарафи шаҳр мегурезад.

Аммо аҷибаш он, ки вақте Сайид Бурҳонхон ба манзури иҷрои ҳукми эъдом ба Самарқанд фиристода мешавад, кумисере, ки қарор буд ин ҳукмро ба иҷро дароварад, ҳамин асири собиқи эшон будааст. Ӯ ба маҳзи дидани Сайид Бурҳонхон, эшонро мешиносад ва аз эшон тақозо мекунад, зуд бар қаторе, ки дар он шумори зиёде аз мардум барои табъид ба Сибир ва Қазоқистон фиристода мешуданд, савор бишавад ва ҳар чи сареътар “гӯрашонро гум” кунад. Бад-ин тартиб, эшон ҳамроҳи хонаводаашон (модарбузургам, падарам, амуҳоям ва аммаам), муддатҳо ва то замони марги Истолин ва омадани Маленков, дар Кӯкчатов ва дар сахттарин шароит ба сар бурдаанд.

Эшон соли 1982 аз дунё чашм пӯшиданд ва ман ёдам ҳаст ва эшонро дарк кардаам. Эшон як руҳонӣ буд; тақво ва парҳезгорӣ, ки дар эшон мушоҳида кардаам, бе иғроқ мегӯям, ки дар касе суроғ надорам. Худо раҳматашон кунад!

* * *

Қисматҳои дигари китоби хотироти Закӣ Валидӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: