Перейти к содержимому

Коршиноси эронӣ: “Иддаои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ бо сиёсатҳои усулӣ ва калони Ҷумҳурии Исломӣ ҳамхонӣ надорад”

Як коршиноси масоили минтақаӣ дар Эрон, дар ёддоште, бо баёни ин ки иддаои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон “ба ҳеч ваҷҳ бо сиёсатҳои усулӣ ва калони Ҷумҳурии Исломӣ ҳамхонӣ надорад”, таъкид кард: “Вазорати умури хориҷаи Эрон ба шакли шаффоф ва сареҳ нисбат ба иддаои матраҳшуда дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вокуниш нишон диҳад ва як бори дигар сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз тарафҳои сулҳ ва ҷараёнҳои сиёсии қонуниро эълом кунад, то дигар шакку шубҳае дар мавриди он вуҷуд надошта бошад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ёддошти Шуъайби Баҳман, коршиноси масоили минтақаӣ ба шарҳи зерин аст:

Сафари Сироҷуддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ, гоми муҳимме дар беҳбуди равобити ду кишвар маҳсуб мешавад. Ба хусус, ки дар солҳои ахир муносиботи ду тараф ба далели бархе аз масоил дучори тирагиҳое шуда буд. Бо ин ҳол, баёнияе, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба унвони гузориш ва шарҳи сафар ва дидорҳои суратгирифта мунташир кардааст, дабардорандаи нукоти муҳимме аст, ки бархе аз онҳо на танҳо бо усули сиёсати хориҷии Эрон ҳамхонӣ надоранд, балки дар сиҳҳату суқми онҳо тардиди ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Яке аз ин масоил, иддаое аст, ки дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди рӯйкарди Эрон нисбат ба Ҳизби наҳзати исломӣ дорад. Дар баёния чунин зикр шуда, ки мутобиқ бо ёддошти тафоҳуми вазирони хориҷаи ду кишвар, тарафҳо “аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти теруристӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд. Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ пешгирӣ хоҳад кард.”

Интишори ин баёния ва адами такзиби он аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, шакку гумонҳоеро дар мавриди сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба вуҷуд овард. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияте, ки ин масъала дорад, таваҷҷӯҳ ба чанд нукта дар бораи баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зарурӣ аст:

1) Бо ҳеч меъёри шинохташудаи байналмилалӣ наметавон Ҳизби наҳзати исломиро як ҷараёни теруристӣ ба шумор овард. Ин ҳизб на танҳо дар арсаи андеша ба сӯи гароишҳои теруристӣ ва харобкорона гароиш пайдо накарда, балки дар арсаи амал низ ҳамвора ба фаъолияти қонунӣ дар чорчӯби сохтори сиёсии Тоҷикистон пардохтааст.

Ҳатто дар шароите, ки тавофуқномаи сулҳ аз сӯи давлат низ зери по гузошта ва фаъолияти Наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ эълом шуд, боз ҳам на нухбагони сиёсӣ ва на тӯдаҳои ҳомии ин ҳизб даст ба аъмоли хориҷ аз чорчӯби қонуни асосии Тоҷикистон назаданд.

Бинобар ин, теруристӣ номидани ин ҳизб ва мамнӯъияти фаъолияти он на танҳо ҳеч кӯмаке ба таҳкими шароити давлат дар дохили Тоҷикистон нахоҳад кард, балки метавонад дар оянда хатарҳои зиёдеро низ эҷод кунад.

2) Низоми сиёсии Тоҷикистонро наметавон бидуни ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ тасаввур кард. Нақши ин ҳизб дар ҳифзи субот ва амнияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар беш аз як даҳаи гузашта чашмгир буда ва фаъолияти он ба сурати қонунӣ мӯҷиби шаффоф ва мутаъодил шудани иқдомоти исломи сиёсӣ ва коҳиши ифротгароӣ шудааст.

Дар воқеъ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо доштани беш аз 40 ҳазор нафар узв, бо ҳузур дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар, таҷрибаи арзишманде андӯхта ва ҳамзамон аз ин фурсат барои муаррифии худ ба унвони нерӯи миёнарави сиёсӣ ва мазҳабӣ истифода кардааст.

Ҳузури ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, ин имконро фароҳам мекунад, то нерӯи динӣ на аз роҳи хушунат ва ғайримашрӯъ, балки дар чаҳорчӯби қонунӣ ва аз тариқи ин ҳизб ба фаъолияти сиёсӣ бипардозанд. Ин таҷриба на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои Шӯравии собиқ низ мусбат ва мунҳасир ба фард талаққӣ мешавад.

3) Имтиёзи исломӣ будани Ҳизби наҳзат, ки мӯҷиби ҷалби таваҷҷӯҳи бештари мардуми Тоҷикистон ба он шуда, то чанд соли оянда мунҳасир ба ин ҳизб нахоҳад буд. Зеро на танҳо дар дарозмуддат эҳтимоли эҷоди аҳзоби исломии дигаре дар Тоҷикистон баъид нест, балки то солҳои оянда дар барномаҳо ва ойинномаҳои аҳзоб ва ба хусус аҳзоби ҷадид, таъкид рӯи арзишҳои мазҳабӣ ва ҳувияти исломии мардум ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Аз ин рӯ ба рағми он ки иқдомоти давлати Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат боиси тамаркузи қудрат ва аз майдон хориҷ кардани мухолифони сиёсӣ шуда, аммо дар ниҳоят чунин иқдомоте метавонад ба ҷудоии бахши муҳимме аз ҷомеа ва ташдиди тазоддҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мунҷар шавад.

Адами пойбандии давлат ба тавофуқномаи сулҳ ва мамнӯъияти фаъолияти аҳзоби миёнараве ҳамчун Ҳизби наҳзати исломӣ, натиҷае ҷуз родиколиза шудани фазо барои дастёбӣ ба хоста ва мутолиботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дарбар нахоҳад дошт. Зимни ин ки мамнӯъияти фаъолияти ҷараёнҳои мӯътадиле ҳамчун Наҳзати исломӣ метавонад роҳро барои густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ва саросари минтақа ҳамвор созад.

4) Адами такзиби сареҳ ва шаффофи баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди теруристӣ донистани Ҳизби наҳзати исломӣ тавассути Эрон, ба ҳеч ваҷҳ бо сиёсатҳои усулӣ ва калони Ҷумҳурии Исломӣ ҳамхонӣ надорад. Аз ин рӯ иқдоми Вазорати умури хориҷаи Эрон агар саҳван ва эҳмолкорона бошад, бояд ба суръат мавриди ислоҳ қарор гирад. Зеро Эрон на Ҳизби наҳзати исломӣ ва на ҳеч ҷараёни асили исломиро ҳеч гоҳ ваҷҳулмусолиҳаи робита бо ҳеч давлате накардааст.

5) Робитаи Эрон бо Тоҷикистон тайи солҳои гузашта комилан шаффоф ва равшан будааст. Эрон ба мардуми Тоҷикистон ҳамчун миллате бародар менигарад ва ҷуз пойдории сулҳ, субот ва шукуфоӣ ва пешрафти ин кишвар ҳеч хостае надорад. Дар мавриди масоили сиёсии Тоҷикистон ва рӯйдодҳои чанд соли ахир, мавзеъи Эрон комилан мушаххас будааст.

Дар воқеъ Эрон ба унвони яке аз тарафҳои сулҳ ҳамвора хоҳони пойбандии тарафайн ба тавофуқнома будааст. Набояд аз ёд бурд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки риёсати Кумисиюни оштии миллиро ӯҳдадор буд, саҳми бузурге дар истиқрори сулҳу оштӣ ва ваҳдат ва тафоҳуми мардуми Тоҷикистон дошт.

Бар ин асос, робитаи Эрон бо Ҳизби наҳзати исломӣ на фақат ба маънои ҳимоят аз як ҷараёни исломӣ, балки ба маънои пуштибонӣ аз тавофуқи сулҳ дар Тоҷикистон аст. Зимни он ки дар тӯли солҳои гузашта, Эрон ҳеч гоҳ ба сурати якҷонба аз Ҳизби наҳзати исломӣ тарафдорӣ накарда ва ҳамкориҳои густурдае бо давлати Тоҷикистон низ доштааст. Бинобар ин, бар хилофи бархе таблиғот, Эрон комилан хоҳони барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон буда ва дар ин росто аз тамоми зарфиятҳои худ истифода кардааст.

Дар маҷмӯъ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки равобити таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва забонии мардум дар ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ончунон амиқу густурда аст, ки танишҳои кӯчак ҳеч гоҳ наметавонанд равобити ду миллатро таҳти таъсир қарор диҳанд.

Набояд аз ёд бурд, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон аз ибтидои истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 бисёр амиқ будааст. Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва нақши фаъоле дар барқарори сулҳ дар ҷараёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дошт.

Дар солҳои гузашта низ ҳамвора Эрон дар тарҳҳои иқтисодӣ ва умронии Тоҷикистон ҳузури фаъоле доштааст. Бинобар ин, равобити ду кишвар амиқтар аз он аст, ки таҳти таъсири бархе дидгоҳҳои сиёсӣ ё ҳатто мудохилаи кишварҳои дигар қарор гирад.

Албатта зарурӣ аст, ки Вазорати умури хориҷаи Эрон ба шакли шаффоф ва сареҳ нисбат ба иддаои матраҳшуда дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вокуниш нишон диҳад ва як бори дигар сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз тарафҳои сулҳ ва ҷараёнҳои сиёсии қонуниро эълом кунад, то дигар шакку шубҳае дар мавриди он вуҷуд надошта бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: