Перейти к содержимому

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Имрӯз режим ду хабари бардурӯғи худ роҷеъ ба ҲНИТ-ро аз ду сойти худ ҳазф кард. Яке, овардани исми ҲНИТ дар зимни гӯё тафоҳумномаи Тоҷикистон бо Эрон дар бораи мубориза бо ташкилотҳои теруристӣ, ки дар сойти расмии Вазорати умури хориҷа нашр шуда буд. Дуввум бӯҳтонномаи навбатӣ бар алайҳи ҲНИТ, ки дар нашрияи «Ҷумҳурият» нашр гашта буд.

Ин сафҳаи хоп-холӣ ки мебинед, то дирӯз, дар он тӯҳматномаи навбатии режим бар алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ нақш баста буд.

Бахше аз он тӯҳматнома чунин буд:

«РОБИТА БО СИПОҲИ ПОСДОРОН

Аммо наздиктарин робитаи ТТЭ ҲНИ маҳз бо Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон мебошад. Бо ташкилоте, ки ҳамеша бо фаъолиятҳои террористӣ машғул буд ва ахиран, аз тарафи як қатор давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, ҳамчун ташкилоти террористии байналхалқӣ эътироф шуд. Ҳамкории наҳзат бо Сипоҳ достони дарозест. Бинобар ин, фақат чанд нуктаи мушаххаси он зикр мешавад:

— Сипоҳи посдорон ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият бо ТТЭ ҲНИ робита барқарор намуда, дар гирдиҳамоиҳою бетартибиҳои солҳои 1991-1992 ва талоши ба даст овардани қудрати сиёсӣ мушовири асосии наҳзатиён буд.

— Сипоҳи посдорон замони дар Афғонистон будани наҳзатиён онҳоро бо силоҳ ва пул пурра таъмин намуда, ба онҳо машқи ҳарбӣ медод. Дар ин давра ҳудуди 1500 нафар наҳзатӣ дар лагерҳои ҳарбии дохили Эрон ва ҳудуди 5000 нафар дар 18 лагери Сипоҳ дар худи Афғонистон таълими ҷангӣ гирифтаанд. Дар ин бора садҳо далел, аз ҷумла ёддоштҳои муовини ташкилоти амниятии худи ҲНИ А. Сиёҳаков ба таври дақиқ шаҳодат медиҳанд;

— Сипоҳ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ С. А. Нурӣ ва оилаи ӯро дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон пурра зери сарпарастӣ гирифта, зиндагӣ, хона ва амнияти ӯро пурра таъмин менамуд. Ҳоло ҳам оилаи С. А. Нурӣ дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва аз тарафи Сипоҳ таъмин мешавад;

— Сипоҳ пас аз сулҳ низ барои ба сари қудрат омадани ТТЭ ҲНИ кумаки моддию сиёсиро идома дод. Нишондодҳои маҳкумшудагони ҲНИ, аз ҷумла З. Раҳмонӣ, В. Қосиддинов ва дигарон садҳо чунин мавридро исбот мекунанд;

— Сипоҳ пас аз соли 2015, яъне пас аз расман террористӣ эълон шудани ТТЭ ҲНИ робита бо ин ҳизбро идома дод. Тамоми хароҷоти истиқомати роҳбарияти наҳзат дар Эрону Аврупо ва сафару чорабиниҳои онҳоро имрӯз ҳам Сипоҳ пардохт мекунад. Ҳоло Сипоҳ дар лагерҳои террористии Арок, Мозандарон ва Бумеҳан ҷангиёни наҳзатиро таълимоти террористӣ дода, барои ташкили нооромӣ дар Тоҷикистон омода месозад. Бо шоҳидии худи роҳбарони собиқи ин ҳизб эшони Қиёмиддини Ғозӣ, домулло Айёмиддин Сатторов ва даҳҳо узви аз ин лагерҳо баргаштаи наҳзат дар ин бора дигар ягон ҷойи шакке намондааст..?

  1. РЕШАПАЙВАНДИ ТТЭ ҲНИ БО ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ӮЗБЕКИСТОН

Пайванди ин ду ташкилоти террористӣ собиқаи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз тобистони соли 1992 дар совхози «Туркманистон» — и ноҳияи Вахш, ки ҲНИ мардумро қатли ом мекард, 120 нафар намояндагони исломиёни ифротӣ аз Ӯзбекистон меҷангиданд, ки ба онҳо Тоҳир Юлдошев роҳбарӣ менамуд. Ситоди онҳо дар масҷиди деҳаи Андрееви ноҳияи Вахши Тоҷикистон ҷойгир шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷангҳо фармондеҳи ифротгароёни ӯзбек Холид ба ҳалокат расид, ки наҳзатиён ӯро бо эҳтиром дар ноҳияи Ҷиргатол ҷаноза ва дафн карданд.

Дар ҷабҳаи ҲНИ дар ноҳияи Тавилдара бошад, аз рӯзҳои нахустини ҷанги дохилии Тоҷикистон то соли 1997 яке аз бахшҳои артиши наҳзатро террористи машҳури байналмилалӣ, фармондеҳи низомии размандагони ӯзбек Ҷумъа Ҳоҷиев, бо лақаби «Ҷумъаи Намангонӣ» роҳбарӣ мекард.

Яке аз амалҳои нангини наҳзатиён ба зархаридону террористони хориҷӣ пешниҳод кардани духтарони ноболиғи тоҷик буд, ки аз деҳаҳо ба ситоди ҲНИ оварда мешуданд. Масалан, наҳзатиҳо ба зархариди хориҷӣ Ҷумъаи Намангонӣ аввал дар Ғарм, пас дар Тавилдара ва ниҳоят дар дараи Язғулом духтарони ноболиғи тоҷикро оварда тақдим карданд. Ҳамон духтари язғуломиро Ҷ. Намангонӣ бо худ ба Афғонистон ва Покистон бурда буд.

Солҳои 1994 — 1996 роҳбарони гурӯҳҳои террористии ӯзбек Т. Юлдошев ва Ҷ. Намангонӣ аз наздикони С. А. Нурӣ ба ҳисоб рафта, Т. Юлдошев дар қароргоҳи наҳзат дар шаҳри Толиқони Афғонистон меистод. Бо зиёд гардидани сафи ҷангиёни ӯзбек тобистони соли 1998 дар деҳаи Беги Сиёҳи минтақаи Ҳоити ноҳияи Ғарм бо фотиҳаи С. А. Нурӣ дар маросими махсус ташкилоти нави террористӣ Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро таъсис намуд. Ҳамин тавр, аз батни ҲНИ ҳаракати мудҳиши террористии ҲИӮ тавлид шуд.

Соли 1999 неруҳои ҲИӮ аз самти Ҳоит ба воситаи ағбаи Зардолу, аз самти Тандиқул ба минтақаи Хоҷаачкани вилояти Боткент дохил гардиданд ва мақсади ворид шудан ба ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистонро доштанд. Ҷангҳои шадид се моҳ идома карданд. Аммо ба неруҳои ҳукуматии Тоҷикистон муяссар шуд, ки қувваҳои ҲИӮ — ро аз минтақаи Ҳоиту Ҷиргатол ба минтқаи Вахё танг намоянд. Ниҳоят, бо кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон аз 27 то 31 декабри соли 2001 неруҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон аз минтақаи Миёнадуи ноҳияи Тавилдара ба шаҳри Қундузи Ҷумҳурии Афғонистон интиқол ва минтақа аз як хатари бузурги дигар наҷот дода шуд.

  1. РЕШАПАЙВАНДИИ ТТЭ ҲНИ БО ГУРӮҲИ ТЕРРОРИСТИИ «АНСОРУЛЛОҲ»

Гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ», ки имрӯз дар ҳудуди Афғонистон террористонро аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон ҷамъ кардааст, дар асл шохаи низомии ТТЭ ҲНИ мебошад. Вақте наҳзат ба раванди сулҳ ҳамроҳ шуд, як қисми неруҳои ҳарбии худро дар Афғонистон боқӣ монда, яке аз роҳбарони наҳзат Амриддин Табаровро (бо лақаби мулло Амриддин) роҳбари онҳо таъйин намуд. Гурӯҳи мулло Амриддин, ки баъдан номи «Ансоруллоҳ» — ро ба худ гирифт, муддатҳо дар минтақаҳои Вазиристони Покистон ва сипас дар ҳудуди Афғонистон ба фаъолиятҳои террористӣ машғул буд. Солҳои охир террористони ин ҳаракат дар сафи гурӯҳҳои «Толибон» ва «Давлати исломӣ» дар Афғонистон фаъолона меҷанганд.

Солҳои 2009 — 2010 аъзои гурӯҳи наҳзатии «Ансоруллоҳ» барои дар минтақаи Рашт ба вуҷуд овардани пойгоҳҳои худ баъзе талошҳо карданд, аммо онҳо аз тарафи неруҳои давлатӣ ва мардуми маҳаллӣ қотеона саркӯб шуданд.

Ҳамин тавр, «Ансоруллоҳ» қисми аз назари ҳарбӣ пурра мусаллаҳ ва таҷрибадори ҷангии ТТЭ ҲНИ буда, ҳамкории наздики он бо «Алқоида», «Толибон» ва «Давлати исломӣ» далели дигари ҳамкорию пайвастагии ТТЭ ҲНИ бо ин ҳаракатҳои террористии байналхалқӣ аст«…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: