Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (374)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (1)

* * *

Хулосаи достон

Ба як шахси ношунаво хабар доданд, ки ҳамсояат бемор шуда. Ӯ хост, ки ҳаққи ҳамсоягиро адо кунад ва ба иёдати бемор биравад. Вале пеши худ гуфт: ман бо ин гӯши кар, аз сухани он бемор чӣ мефаҳмам, махсусан ки ин шахс бар асари беморӣ ва ранҷурӣ тавони ҳарф задани дурусту равшанро низ надорад, вале чорае нест, бояд маротиби адабро пос дошт ва ба иёдати ҳамсояи бемор шитофт. Ӯ фикр кард ва пеши худ чорае ин-сон андешид: ба лабҳои бемор нигоҳ мекунам, ҳамин ки лаби бемор ба ҳаракат даромад, ҳадси худро мезанам ва мақсудашро дармеёбам. Ва мутақобилан, суолоте ҳам аз ӯ мекунам, пас дигар мушкиле вуҷуд надорад ва диранг ҷоиз нест.

Он ношунаво пеши худ пурсишҳо ва посухҳоеро танзим кард бад-ин гуна:

Ба ӯ мегӯям: ҳолат чӣ тавр аст?

Ӯ ҳатман мегӯяд: биҳамдиллоҳ хубам.

Ба ӯ мегӯям: Худоро шукр!

Сипас хоҳам гуфт: ғизо чӣ хӯрдаӣ?

Ӯ хоҳад гуфт: шарбат ё оши мош хӯрдаам.

Ман мегӯям: нӯши ҷонат!

Дубора хоҳам гуфт: кадом ҳаким барои ту нусха навиштааст? Ва ҳатман ӯ номи яке аз ҳакимонро мебарад.

Ман хоҳам гуфт: қадамаш муборак аст!

Хулоса, аз ин гуна пурсишҳо ва посухҳои фарзӣ пеши худ орост ва ба иёдати бемор шитофт.

Вақте ки он ношунаво бар болини бемор ҳозир шуд, аз ӯ мепурсад:

— Ҳолат чӣ тавр аст?

Бемор: Дорам мемирам!

Ношунаво: Худоро шукр!

Вақте ки бемор шукру сипоси ӯро мешунавад, парешон мешавад ва бо худ мегӯяд: ин мардак ё ҳазаён мебофад ва ё воқеан душмани ман аст?!

Ношунаво: ғизо чӣ хӯрдаӣ?

Бемор: заҳр хӯрдаам!

Ношунаво: нӯши ҷонат!

Аз ин посух бемор сахт ранҷида ва нажандхотир мешавад.

Ношунаво: кадом ҳаким ба дармони ту меояд?

Бемор: Азроил!

Ношунаво: қадамаш муборак аст! Ман таҷриба кардаам, ки ҳар вақт ӯ ба болини бемор меравад, ҳолашро хуб ҷо меоварад.

Ношунаво пас аз ин иёдат, аз хонаи бемор берун меояд ва хурсанд аз ин ки ҳаққи ҳамсоягиро муроъот карда Худоро сипос мегӯяд. Аз он тараф низ бемор сахт озурда ва дилшикаста бо худ мегӯяд: аҷабо! Ман медонистам, ки ӯ бо ман миёнаи хуше надорад, вале дигар намедонистам, ки хоҳони марги ман низ ҳаст. Ва он гоҳ шурӯъ ба носазо гуфтан ва дашном ба он шахс мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.965-966)

* * *

Ин достон ҳикояти ҳоли инсонҳост, ки дар зиндагии хеш бо меъёрҳои маҳдуд ва пешфарзҳои беасос қазияеро назди худ месозанд ва мепардозанд ва он гоҳ ба натиҷагирии ҷазмӣ ва қатъӣ даст мезананд ва лаҳзае дар ин кор дирангу таъаммул раво намедоранд ва эҳтимоли дигареро мавриди назар қарор намедиҳанд.

Ба ҳар ҳол, дар ин ҳикояти дилкашу шево, Мавлоно бар қиёсҳои беасос метозад ва онро мавриди нақд қарор медиҳад; чунонки дар оғози ҳамин дафтар дар ҳикояти “Баққол ва тӯтӣ” қиёсҳои нораво ва кӯтаҳбинонаро нақд кард.

Албатта Мавлоно дар ин ҳикоят, нақси ҷисмониро мавриди таъну танз қарор намедиҳад, балки нақси нафсонӣ ва шахсиятии он мардро мавриди нақд қарор медиҳад, ки мехостааст нақисаи ҷисмонии худро бипӯшонад. Ва ҳамин заъфи ахлоқӣ, дӯстии чандин солаашро бо ҳамсоя бар бод дод.

* * *

Он кареро гуфт афзунмояе,

Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.

Шахси фозилу пурмоя ба як ношунаво гуфт: ҳамсояат бемор шудааст.

Афзунмоя: сарватманд ва ё касе, ки дорои мояҳои маънавӣ ва ахлоқӣ бошад.

Гуфт бо худ кар, ки бо гӯши гарон

Ман чӣ дарёбам зи гуфти он ҷавон?

Ношунаво пеши худ гуфт: ман бо ин гӯши кар аз сухани он ҷавони бемор чӣ мефаҳмам?

Хоса ранҷуру заъифовоз шуд,

Лек бояд рафт онҷо. Нест буд.

Бе вежа ки ӯ бемор аст ва садояш заъиф шуда, ва лекин бе ҳеч чуну чаро бояд ба иёдати ӯ биравам, ки иёдат аз ҳамсояи бемор зарурӣ аст. (Вале ман бо ин ношунавоӣ чӣ гуна бо ӯ метавонам ҳарф бизанам?)

Буд(д): чора, гурез.

Чун бибинам, к-он лабаш ҷунбон шавад,

Ман қиёсе гирам онро ҳам зи х(в)ад.

Он шахси ношунаво бо худ гуфт: вақте дидам лаби он бемор меҷунбад, пеши худ ҳаракати лабҳои ӯро ба ҳамон қиёсе мегирам, ки худам тасаввур мекунам.

Чун бигӯям: чунӣ, эй меҳнаткашам?

Ӯ бихоҳад гуфт: некам ё х(в)ашам.

Масалан, вақте ман ба он бемор бигӯям: эй ҳамсояи ранҷури ман ҳолат чӣ тавр аст?, ӯ ҳатман хоҳад гуфт: хубам, ё мегӯяд: беҳтарам.

Ман бигӯям: шукр, чӣ хӯрдӣ або?

Ӯ бигӯяд: шарбате ё мошбо.

Ман бояд дар ҷавоби ӯ бигӯям: шукр Худоро, он гоҳ аз ӯ мепурсам: чӣ ғизое хӯрдаӣ? Бемор хоҳад гуфт: шарбат ё оши мош хӯрдаам.

Або: агар або хонем, метавонад ба маънои падар (ба арабӣ) бошад, ва агар ибо бихонем, ба маънои нонхуриш аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: