Перейти к содержимому

Қабл аз иҷлос дар Душанбе, ПМТ ба сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё нома навишт

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё, ки панҷумин иҷлоси навбатии ин созмон дар 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, нома навишт.

Дар ин нома, ПМТ бо таъкид бар ин ки на танҳо аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони байналмилалӣ истиқбол мекунад, балки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши хатари ифротгароӣ ва теруризм дар минтақа, ҳамкории кишварҳои узви ин созмонро дар ҷиҳати мубориза бо ин падидаи шум, заруритар аз ҳар замони дигар мешуморад, ёдовар шудааст: “ПМТ, роҳи мубориза бо падидаи ифротгароӣ ва теруризмро фақат дар истифода аз зӯр ва бакоргирии нерӯи низомӣ намебинад, балки мӯътақид аст, ки муҳимтар аз он, талошу кӯшиш дар ҷиҳати аз байн бурдани бистарҳо ва заминаҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои теруристӣ аст.”

ПМТ дар идомаи нома бо баёни ин ки “муҳимтарин заминаҳо ва бистарҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои теруристӣ иборатанд аз: фароҳам набудани фурсатҳои корӣ барои ҷавонон, маҳдудсозии озодиҳо аз ҷумла озодиҳои динӣ ва эҷоди монеъаҳо дар анҷоми маросими мазҳабӣ аз тарафи шаҳрвандони диндор, вуҷуди фасодҳои идорӣ дар сохторҳои давлатӣ”, таъкид кардааст: “ПМТ ба арзи сарони узви ин созмон мерасонад, ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо ин ки ҳамеша таъкид бар мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ кардааст, вале мутаассифона, дар амал, сиёсатҳои пешгирифтаи ӯ дар 5 соли ахир, махсусан манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мисли ҲНИТ ва теруристӣ эълон кардани он ва зиндони намудани раҳбаронаш, боис шудаанд, на танҳо аз хатари теруризм ва ифротгароӣ коста нашавад, балки ин падида бештар ва густурдатар гардад, то ба ҳадде, ки афсарони вобаста ба ҳукумат аз ҷумла фармондеҳи ОМОН ба саффи ДОЪИШ ҷазб гардад. Ва ҳамчунин ҷаҳониён дар соли қабл шоҳиди ҳамлаи доъишиҳо ба туристҳои хориҷӣ ва низ шӯриши зиндониёни доъишӣ дар ду зиндони кишвар шуданд. Дар ҳоле, ки дар замони ҳузури ҲНИТ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти расмии он, ҳаргиз шаҳрвандони Тоҷикистон шоҳиди инчунин ҳодисаҳои ғамангез ва хунин нашуда буданд.”

Дар поён ПМТ изҳори умедворӣ кардааст, ки сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё дар ин саммити навбатӣ “заминаҳо ва бистарҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ намуда, барои аз байн бурдани онҳо, барномаҳои амалӣ мерезанд ва дар ҷиҳати маҳви ин хатар, гомҳои ҷиддӣ бармедоранд.”

Лозим ба ёдоварист, Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё (Conference on Interaction and Confidence-Building Measures in Asia = Совещание по взаимодействию и мерам доверия в Азии (CICA)) созмонест, ки дар ҳоли ҳозир 24 узв дорад ва 9 кишвар ва 4 созмони нозир дорад.

Соли 1992 дар 47-умин Иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури вақти Қазоқистон, пешниҳоди ташкили ин созмонро дод, ки ҳадафи он “таъомул ва иқдомот, роҳкорҳо ва шеваҳои дастёбӣ ба эътимодсозӣ дар Осиё” мебошад. Ин созмон дар 14 сентябри соли 1996 шакл гирифт.

Ин созмон дорои аъзои собит, аъзои нозир ва созмонҳои нозир мебошад. Дар ҳоли ҳозир 24 узв дорад. 9 кишвар ва 4 созмони нозир дорад. Шомили созмонҳои байналмилалие мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Урупо, Иттиҳодияи Араб мебошад. Кишварҳои Молезӣ (Малайзия), Ветном, Андунезӣ, Жопун, Укройн ва Омрико низ аз ҷумлаи нозирон ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: