Перейти к содержимому

Ҷаннатуллоҳи Комил: “Ба фишор бар хонаводаҳо хотима бахшед!”

Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъоли сиёсӣ ва узви боризи ҲНИТ, хитоб ба мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) гуфтааст, ки беҳтар аст даст аз фишору бозпурсиҳояшон аз бародарони ӯ бардоранд, ки дар сурати идомаи ин ҳолат, ӯ низ хомӯш нахоҳад истод.

Вай дар ёддоште дар сафҳааш дар Фейсбук, бо баёни ин ки муддати се рӯз аст мақомоти амниятии кишвар бародарони ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе бурдаанд, навиштааст, ки бародарони ӯро ба хотири фаолиятҳои вай аз ҷумла нигоштаҳояш дар Фейсбук бозпурсӣ мекунанд.

Ин узви барҷастаи ҲНИТ, ки дар мавқеъи кунунӣ дар ҳиҷрат ба сар мебарад, дар идома ёдовар шудааст: “Ҳатто табрикоти идона ва таъзияи ман ба қурбониёни зиндонӣ низ ба онҳо хуш намеомадааст.”

Ҷаннатуллоҳи Комил дар идома хотирнишон кардааст: “Мисле, ки мунтазири суханрониҳои ман шудаанд. Барои Кумитаи амнияти миллӣ беҳтар аст, ки фишору бозпурсиҳояшонро нисбати бародарони банда хотима бахшанд ва дар ҳолати давом додани фишорҳояшон банда низ хомӯш наистода, баръакс фаъолияти зидди ҳуқуқвайронкуниашонро бештар хоҳам кард.”

Гуфтанист, дар таърихи 8-9 феврали соли ҷорӣ низ ҳудуди 20 сокини ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, ки аз бастагон ва наздикони Ҷаннатуллоҳи Комил ҳастанд, аз ҷониби мақомоти амниятии ин ноҳия бо гумони ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мавриди боздошту бозҷӯӣ қарор гирифта буданд.

Ҳамчунин дар таърихи 6 феврали соли 2016, як гурӯҳ аз мақомоти маҳалии ноҳияи Данғара ба хонаи падарии Ҷаннатуллоҳи Комил омада ҳушдор додаанд, ки дар сурати даст накашидани Ҷаннатуллоҳ аз интиқоди ҳукумат, онҳо модари пиронсоли Ҷаннатуллоҳ ба ҳамроҳи дигар аъзои ин оиларо барои сӯҳбат ба КДАМ-и Душанбе даъват хоҳанд кард.

Ҷаннатуллоҳи Комил соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва дар Урупо паноҳ бурда, ҳоло роҳбарии дафтари ҲНИТ дар Олмон аст.

Лозим ба ёдоварист, минтақаи Себистони Данғара дар ибтидои солҳои 90 яке аз пойгоҳҳои тарафдорони мухолифин дар минтақаи Кӯлоб ба шумор мерафт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо сокини Себистон аз ҷониби ҷангҷӯёни Фронти халқӣ кушта шуда, Мулло Аҷик Алиев, як рӯҳонии шинохтаи зодаи Себистон, бо ҷурми пуштибонӣ аз опозисиюн бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳатто ба қатл маҳкум шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: