Перейти к содержимому

Барои шуҳадои зиндонҳои Тоҷикистон, дар Варшав ҳамоиши ёдбуд баргузор мешавад

Ба гузориши сойти Зиндониён — пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), рӯзи якшанбе (16 июн), дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон, ҳамоише аз сӯи КШНГЗ баргузор мешавад.

Бар пояи гузориши ин сойт, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), дар як гуфтугӯ бо ин сойт, бо даъват аз тоҷикони муқими Урупо барои ширкат дар ин ҳамоиш, гуфтааст: “Ин ҳамоиш ҷиҳати ёдбуди шаҳидоне, ки дар зиндони Ваҳдат ба дасти авбошони ҷинояткор ба сурати фаҷеона ба қатл расиданд ва низ қурбониёни зиндонҳои дигар мисли зиндони Хуҷанд баргузор мешавад.”

Вай афзудааст: “Дар ин ҳамоиш, ки ба сурати мустақим дар фазои маҷозӣ пахш хоҳад шуд, ба иловаи тоҷикони муқими Урупо, меҳмонони хориҷӣ ва рӯзноманигорон ҳам ширкат хоҳанд варзид.”

Лозим ба ёдоварист, дар шаби 19 майи соли ҷорӣ, дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ошӯбе бапо хост ва дар пайи он, чанд нафар — ки гуфта мешавад аз ҳаводорони гурӯҳи теруристии ДОЪИШ будаанд — чанд маъмури зиндон ва низ шуморе аз зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла руҳонии маъруф марҳум шаҳид Саид Қиёмиддини Ғозӣ, узви зиндонии Раёсати ҲНИТ шаҳид Саттор Каримов (маъруф ба Махдуми Саттор) ва низ шаҳид Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур)-ро ба сурати фаҷеона ва мазлумонае ба қатл расонданд.

То ҳудуди як моҳ, гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ин ҷиноятро бар дӯш нагирифт, вале дирӯз ба сурати расмӣ ва зимни баёнияе, онро ба гардан гирифт. Ба гузориши Радиои Озодӣ ба нақл аз хабаргузории Ройтерз, ин гурӯҳ дар пойгоҳҳои иттилоърасонии худ, “масъулияти шӯриш дар ин зиндонро, ки мунҷар ба кушта шудани 32 нафар шуд, бар ӯҳда гирифтааст.”

Сойти Ахбор (Мирзо Салимпур) низ дирӯз дар матлабе ҷузъиёти ин ҳодисаро гузориш кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: