Перейти к содержимому

Вазири хориҷаи Омрико Эронро масъули ҳодисаи дарёи Уммон муаррифӣ кард

Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбе (13 июн), Эронро масъули ҳамла ба ду нафткаш дар дарёи Уммон муаррифӣ кард.

Вай гуфт: “Арзёбии давлати Омрико ин аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон масъули ҳамалоте аст, ки имрӯз дар дарёи Уммон иттифоқ афтод. Ин арзёбӣ мубтанӣ бар додаҳои иттилоотӣ, силоҳҳои мавриди истифода, сатҳи тахассуси мавриди ниёз барои анҷоми ин амалиёт, ҳамалоти ахири Эрон ба киштиҳо ва ин воқеият аст, ки ҳеч гурӯҳи ниёбатӣ аз манобеъ ва маҳорати кофӣ барои анҷоми амалиёте бо ин сатҳ аз печидагӣ, нест.”

Вазири хориҷаи Омрико муддаӣ шуд, Эрон рӯзи 12 апрел ба дунё қавл дода буд, ки интиқоли нафт аз тариқи тангаи Ҳумузро мутаваққиф хоҳад кард. Помпео иддао кард, Эрон акнун дар ҳоли иқдом барои амалӣ кардани ин ваъда аст.

Помпео дар идома, пас аз нақли қавли бахше аз твитти Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳодисаи дарёи Уммон, гуфт, ки дунё ин моҷароро ҳамонанди Зариф, “бомаза” намедонад.

Зариф дар дар Твиттер навишта буд: “Ҳамалоти гузоришшуда ба тонкерҳои муртабит бо Жопун (Япония), замоне иттифоқ афтод, ки нахуствазир Обе Шинзу барои гуфтугӯҳои густурда ва дӯстона, дар ҳоли дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ буд. Машкук будан барои тавсифи он чи, ки эҳтимолан имрӯз субҳ иттифоқ афтода, кифоят намекунад. Маҷмаъи гуфтугӯи минтақаии пешниҳодии Эрон, зарурӣ аст.”

Помпео гуфт: “Вазири хориҷаи Эрон имрӯз ба ин ҳамалот вокуниш нишон дод. Ӯ бо лаҳне таънаомез гуфт “машкук будан барои тавсифи он чи имрӯз субҳ иттифоқ афтода кифоят намекунад.” Вазири хориҷа Зариф мумкин аст фикр кунад ин иттифоқ бомазза аст, аммо ҳеч кас дигар дар дунё ин тавр фикр намекунад.”

Вазири хориҷаи Омрико тасреҳ кард: “Эрон дар ҳоли харобкорӣ аст, чун режим мехоҳад корзори фишори муваффақи мо бардошта шавад. Ҳеч навъ таҳрими иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ муҷаввизи ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ, эҷоди ихлол дар бозорҳои нафтӣ ва иқдом ба боҷгирӣ намедиҳад.”

Помпео гуфт: “Ҷомеаи байналмилалӣ ҳамалоти Эрон ба озодии дарёнавардӣ ва нишона гирифтани ғайринизомиёнро маҳкум мекунад. Имрӯз ман ба сафирамон дар Созмони Милали Муттаҳид дастур додаам масъалаи ҳамалоти Эронро дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид матраҳ кунад.”

Вазири хориҷаи Омрико дар поён тасреҳ кард, сиёсати давлати Тромп камокон талоши диплумотик ва иқтисодӣ барои “бозгардондани Эрон ба мизи музокира” ҷиҳати расидан ба тавофуқи ҷомеъ бар сари тайфи комиле аз масоили маҳалли ихтилоф аст.

* * *

Ҷузъиёти ҳодиса

Манобеъи хабарӣ субҳи панҷшанбе (13 июн) гузоришҳое аз вуқӯъи инфиҷор дар ду нафткаш дар дарёи Уммон мунташир карданд, ки иддао шуда “ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.”

Ҷузъиёти мунташиршуда аз ин ҳодиса ҳокӣ аст нафткаши Front Altair бо парчами ҷазоири Моршол ва Kokuka Courageous бо парчами Пономо ба тартиб ҳомили маҳмулаҳои нафтӣ будаанд.

Нафткаши аввал муддате пас аз боргирӣ дар бандари Абӯзабӣ дучори сонеҳа шуда ва киштии дуввум аз Алҷубайли Арабистон роҳии Сингопур будааст.

Вазорати тиҷорати Жопун эълом кард, яке аз нафткашҳои ҳодисадида дар дарёи Уммон, ҳомили “маҳмулаи мутаъаллиқ ба Жопун” будаанд. Ин ҳодиса ҳамзамон бо сафари Шинзу Обе, нахуствазири Жопун ба Теҳрон рух додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: