Перейти к содержимому

Вақте ростгӯиро ҷиноят мехонанд…

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Вақте ин навиштаи Бузургмеҳри азизро хондам, пеши назарам вазъияти хеле аз аҳли фикру аҳли қалами кишвар омад. Ман солҳо дар миёни онҳо зистаам ва авзоъи моливу маъишатии онҳоро хеле хуб медонам. Ҳарчанд дар аксари ҳолат мушкилоташонро мардона аз дигарҳо пинҳон кардан мехоҳанд, аммо рӯзгор мисли оинаест, ки он ҳамаро бо як баҳона, дар як шакли барои онҳо ғайримунтазира барои дигарон намоён мекунад.

Вазъи иқтисодии кишвари мо хеле хуб нест, ки онро ҳама медонад ва дар оморҳои созмонҳои ҷаҳонӣ номи кишвари мо дар қатори фақиртарин кишварҳои қораи Африқо ҷой дорад. Аммо он оморҳое, ки ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон ироа мекунанд ва тибқи он рушди иқтисодӣ фалон дар сад аст ва садҳо корхона дар гӯшаву канори кишвар ифтитоҳ мешавад, ки президент лентаашро қайчӣ мезанаду аксарият чанд рӯз бештар кор намекунанд, дар асл дурӯғи шохдорест ва дардеро даво намешаванд.

Барномаҳои таблиғотии телевизионҳои ҳукуматӣ ҳам, ки аз назари маишат мардуми моро дар болотарин ва беҳтарин сатҳ нишон медиҳад ва рақсу сурудхонии шодмонаашон гӯши фалакро кар мекунад, дар асл боиси шикамсерӣ ва рифоҳу фаровонӣ нашудаву нахоҳад шуд. Ин ҳама фиребу дурӯғе беш нест!

Вақте як шоъир ва як рӯзноманигори боистеъдод барои харидани як ҷуфт шиму костюм чанд сол сарфаҷӯӣ кунад, ин даҳшат аст! Дар зимн як бомжи урупоӣ моҳе ба он андоза аз идораи таъмини иҷтимоӣ маблағ дарёфт мекунад, ки ҳам рӯзона 30-40 евро барои хӯрданаш ва 200-300 евро мохе барои хариди либос маблағ дошта бошад.

Намедонам ҳукумату дастгоҳҳои таблиғотияш то кай мардуми моро таҳқиру тавҳину масхара мекарда бошад ва муқоисааш то кай вазъи солҳои ҷанги дохилӣ ё кишварҳои ҷангзадаву фақиртарини ҷаҳон бошад? Чаро худатонро бо беҳтаринҳо муқоиса намекунед, то ангезае барои беҳтар зистанатон шавад? Ё метарсед, ки мардум сатҳи зиндагии фаровон ва дар рифоҳро бинад аз нотавонии шумо дар мудирият огоҳ мешаваду кафшатонро пеши поятон хоҳад гузошт? Тоҷик миллати сабур ва дорои потенсиали болоест, ки арзандаи зиндагии беҳтар ва дар камоли рифоҳ аст. Тоҷикро бо аҳли кишварҳои аҷибмондаи қораи Африқо муқоиса накунед, лутфан! Ин коратон таҳқири он миллатест, ки бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонро зодаву парвариш кардааст.

Ҳоло як нуктаи таассуфбарангези дигар. Бархе ба ном рӯшанфикрон ва китобхондаҳо, ки табиист зиндагии худашон ҳам дар ҳамон ҳадди бихӯру намир аст ва онро нишони қонеъ будани худ ҳам медонанду тавҷеҳ ҳам карданӣ мешаванд, вақте ҳарфи танқидӣ ва гилоя аз норасоиро шуниданд ба насиҳат мепардозанд. Онҳо интиқодро сӯзанда медонанд ва бар ин назаранд, ки ҳар кас мушкилотро гуфт, ҳукумати нокоромадро танқид кард, ҳатман хоҳони ҷангу нооромист ва мутаассифона ҳамин дидгоҳи ғалаташонро ба дигарон ҳам қабулондан мехоҳанд. Охир гуфтан, ки ин ҳукумати ношоиста ва фасодзада бояд аз қудрат барканор шавад ва ҷояш ҳукумати хидматгори мардум ва мудофеъи манфиати мардум биояд, магар нооромӣ ва ҷангро хостан аст?

Борҳо ва шояд садҳо бор мушоҳида мекунам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо вақте шарҳе, мақолае ё навиштаи интиқодӣ ва баёнгари воқеъияти мушкил ва печидаи рӯзгорро мехонанд, худро дар нақши насиҳатгару маслиҳатчӣ ва ба қавли баъзе дӯстон ба сифати обсофкунаки ҳукумат мебинанд ва ҳей таъкид мекунанд, ки бояд пешниҳоди роҳи ҳал дошта бошед, танқид бояд созанда бошад на сӯзанда. Барои ҳукумате, ки мардумашро ғорат мекунад, таври мисол ҳамин як роҳи пайвандгари ҷануб ва шимоли кишварро пулакӣ карда ва маблағи он ба ҳисоби офшории узви хонаводаи президент меравад, чи гуна пешниҳоди созанда мекунӣ ва оё пешниҳодатро ба як пашизе мегирад? Инҳо манфиати худу хонаводаашонро аз ҳама арзишу муқаддасот боло мегузоранду танқиди созандаву пешниҳодро, ки ба манфиати мардум бошаду бар зарари манфиати худу хонаводаашон, гӯш мекунанд? Киро сода гумон кардаед? Киро мехоҳед гӯл занед?

Дӯстони насиҳатгар ва обсофкунак рисолати як адиб, як рӯзноманигор ва аҳли қаламро бо вазифаву рисолати масъули ҳукумат ва идораи барномарезӣ иштибоҳ гирифтаанд. Вақте аҳли қалам мушкилеро дид дар ин маврид менависад.Пас, ӯ вазифа ва рисолати худро анҷом додааст! Ҳоло вазифаи идораҳои марбутаи ҳукумат аст, ки биёянд решаҳои он мушкилро пайдо ва барномарезӣ кунанду аз паи бартараф сохтани он шаванд. Вақте як адиб мегӯяд моҳонааш хеле ночиз аст ва бояд ҳатто барои харидани як шиму костюми нави бесифати чинӣ ба нархи 300 сомонӣ ду-се сол сарфаҷӯӣ кунад, пироҳани сафеди 40 сомонӣ ва гарданбанди 12 сомониро барои харидан бояд сарфаҷӯӣ кунад, ин дар поинтарин сатҳ қарор доштани маъишати мардуми кишвар ва аслан таваҷҷӯҳе ба маъишати аҳли қалам ва қишри босаводи ҷомеа надоштани ҳукумат аст. Бояд масъулони чунин ҳукумат аз шарм бимиранд. Вале, афсӯс, ки шарму ҳаё ва инсофу ҷавонмардӣ мафҳумҳои барои онҳо кайҳо фаромӯшшударо мемонад. Ҳоло ҳар чи худро хушбин, оянданигар ва ҳар заҳри мори дигар биномем ва вонамуд кунем ҳам, ин вазъият нишонгари фоҷеа ва нуктаи авҷи нодорӣ ва рӯзгори асафбор, фақри моддии зояндаи эҳтиёҷу фақри маънавӣ аст. Эҷодкоре, ки дар камоли эҳтиёҷ ба сар мебарад ва рӯзгораш таъмин нест ба ҳеч ваҷҳ наметавонад озодии фикрӣ ва зеҳнӣ дошта бошаду халлоқи осори мондагор гардад.

Вақте аҳли қаламе мушкилотро бо лаҳни хеле нарм баён карда бошад ва пуррӯёна аз ӯ тақозои пешниҳоди роҳи ҳал доштанд, пас ба ростӣ ин камоли ноинсофист! Идораи барномарезӣ, вазорати дороӣ, таъмини иҷтимоӣ, боз чандин идораву кумитаву вазоратхонаҳо ва дар маҷмуъ ҳукумат чи ғалат мекунад, ки бояд ба ҷои онҳо як адиб ё рӯзноманигор ё як дигарандеш ва ё мухолиф бояд пешниҳоди роҳҳои ислоҳи вазъи асафборро дошта бошад?! Аз вазъ гуфт, ҳамин вазифаву рисолаташ аст, бигзор он каллағафсу шикамғафсҳо, ки аз ғорати пули мардум чунин шудаанд, дар фикри барномарезӣ ва ислоҳи он вазъи нобасомон бошанд.

Аммо агар хеле пешниҳод мехоҳед ва машварати созанда мехоҳед, ин як хулоса ё маҷмуъи ҳамаи он маслиҳату пешниҳоди созанда аст; ҳукумати нокоромад ва фасодзада бояд шаррашро аз сари мардум кам кунад! Масълони ҳукумати фасодзада, ки худро махдуми мардум медонанд ва 27 сол аст мардумро дар ин вазъияти асафбор ба шукрона кардан вомедоранд, ҳукуматро хонаводагӣ кардаанд, хешу табори бесаводашонро ба мансабҳои калидӣ таъин кардаанд, хуллас ношоистаҳоро фақат ба хотири хешу табор ва ҳаммаҳал буданаш ба кор гирифтаанду корро русво кардаанд, бояд ҷойро барои афроди шоиста холӣ кунанд,

То замоне мансабу вазифаро на василаи хидмат ба мардум, балки воситаи ҷамъ овардани сарват ва ғорати мардум медонанд ва мо — мардум инро мебинему сукут мекунам, сабр мекунем, шукрона мегӯем, вазъ тағйир нахохад кард. Сухан аз ҳеч гуна душманӣ бо суботу оромиши кишвар нест. Ҳукумати нокоромад ва фасодзадаву хонаводагиву ғоратгару дуздро аз сари қудрат бо роҳҳои қонунӣ рондан ҷонибдорӣ аз ҷангу нооромӣ нест, балки тарафдории оромӣ, ободӣ, озодӣ ва шугуфоии Ватан ва миллат аст!

Ин як гурӯҳ, ки ҳукуматро хонаводагӣ кардаву сатҳи зиндагии мардумро дар ин ҳолати асафбор нигоҳ медорад ва худро махдуми мардум медонад ба ҳеч ваҷҳ миллат ва Ватан нестанд, ки бар алайҳи ҷинояту хиёнатҳояшон ҳарф задан ва дар баробари беадолатиҳояшон қад алам кардан маънии душманӣ ба миллату Ватанро дошта бошад! Инҳо худ душмани миллату Ватан ҳастанд, вагарна ношоистаҳоро ба мансабҳои калидӣ таъин намекарданд, нотавонҳои камсаводро ҳалкунандаи корҳо ва тасмимгиранда намегузоштанд, фақат ба он хотир, ки хешу таборашон, қудояшон, домодашон, арӯсашон, ҳамқишлоқияшон будан мансаб намедоданду ба хатову ҷиноятҳояш чашм намепӯшиданд…

P.S. Дар асл ин навишта чанд ҷумлае ба сифати шарҳе мухтасар дар зери навиштаи Бузургмеҳри Тоҷиддин гузошта шуд. Азбас он шарҳро пок карданд, ҳайфам омад ва талош шуд каме муфассалтар бинвисам. Ман ҳар он шахсеро, ки он шарҳро пок кард, дарк мекунам ва аслан аз ин кораш нороҳат нестам. Вазъияти дохили кишварамонро хуб медонам ва медонам, ки ҳатто лайк гузоштан зери навиштаҳои афроде мисли ман, ки мунтақиди ҳукумати худкома ҳастем, метавонад боиси ба додгоҳ кашида шудан ва ҳатто зиндонӣ шудан гардад. Вазъияти фоҷеабори озодии баён дар кишвари азизамон бароям ошкор аст ва ман аз ҳамаи онҳое, ки ба ҳар навъе аз авзоъи нигаронкунандаи кишвар ибрози назар мекунанд, самимонаву содиқона миннатпазирам. Бояд ба ҳар шакле аз норасоиҳо гуфт, то ҳушдоре бошад, то ҳушёр шаванд, то пеши роҳи фоҷеа гирифта шавад. Зеро оқибати ҳама гуна аз ҳад гузаштани ноадолатиҳои иҷтимоъӣ ин таркиши иқтимоъист ва мутаассифона он ҳангом хушку тар бо ҳам месӯзад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: