Перейти к содержимому

Дигарандеш кист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз вожаҳое, ки бо вуҷуди равшании маънояш аммо аз сӯи баъзе – амдан ё аз рӯи ғафлат – носаҳеҳ ба кор бурда мешавад, вожаи “дигарандеш” ва “дигарандешӣ” аст. Аз ин рӯ, лозим аст андаке ин вожаи равшанро равшантар созем.

“Дигарандеш”, чунонки пайдост, яъне касе, ки дорои андешаи мутафовит бо андешаи ту бошад. Ва ҳарчанд дар истилоҳи улуми иҷтимоӣ, ба касе итлоқ кардаанд, ки “дорои андешаи мутафовит бо андешаи ҳоким бар ҷомеа аст”, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки “андешаи ҳоким бар ҷомеа” худ мутағайир аст, на собит, аз ин рӯ беҳтар аст дар истилоҳ низ ҳамон маънои луғавии онро дар назар бигирем.

Пас, бинобар ин, ин мафҳум як мафҳуми нисбӣ аст; ба ин маъно, ки дар хориҷ як мисдоқи собит барои он надорем, ки битавон рӯи он ангушт гузошт ва гуфт, дигарандеш ин аст ва ҷуз он нест! Балки дар мавриди ҳар инсоне метавон ба кор гирифт. Масалан, агар як атеист нисбат ба як диндор дигарандеш ба шумор равад, худи ҳамон динбовар низ нисбат ба атеист, дигарандеш маҳсуб мешавад. Зеро андешаи динӣ, пеши як атеист “андешаи дигар” аст ва Худобовар назди вай “дигарандеш”.

Бинобар ин, вақте ки гуфта бишавад, “бояд як дигарандешро таҳаммул кард”, ин “бояд”, мутаваҷҷеҳи ҳар дуст, яъне ҳам мутаваҷҷеҳи атеист аст ва ҳам мутаваҷҷеҳи динбовар. Ва чунин нест, ки таҳаммули дигарандеш, фақат аз динбоварон хоста шуда ва аз атеистҳо чунин чизе хоста нашуда бошад. Чунин нест.

Ба сухани дигар, агар таҳаммул матлубу писандида аст ва бояд дигарандешро таҳаммул намуд, ин таҳаммул аз ҳар ду хоста шуда; ва чунин нест, ки вақте як атеист ба нақду интиқоди боварҳои як динбовар бипардозад ва он гоҳ динбовар ба ӯ вокуниш нишон диҳад, зуд ба он диндор ҳамла ва гуфта шавад, ки ту таҳаммули дигарандешро надорӣ, ту мутаъассиб ҳастӣ, ту мухолифи озодии андеша мебошӣ ва ғайра аз ин қабил ҷумлаҳо, аммо вақте як динбовар бо камоли адабу эҳтиром ва бо мантиқ, боварҳои атеистҳоро ба чолиш бикашад ва собит намояд, ки он андешаҳо аз назари мантиқӣ ҳечу пучанд, атеист ба ҷойи таҳаммули ӯ ва ба ҷойи ин ки ҳамон рафтореро дар баробари диндор аз худ нишон бидиҳад, ки мехоҳад дар баробари ӯ чунон пеша намоянд, ба ҷойи ин, ҳарчи ба забонаш омад нисори он диндор намояд.

Ин, яъне адами таҳаммул. Ин, яъне андешаи ҳазфи дигарандеш. Ин, яъне фақат ман бошам ва барои афроде, ки мисли ман намеандешанд, набояд ҷойе дар ин ҷомеа бошад!

Аз ин рӯ, афроде, ки дам аз дигарандешӣ ва озодии баён ва лузуми таҳаммули дигарандешон мезананд, андаке ба худ бингаранд ва дар рафторҳо ва бархӯрдҳои худ нисбат ба дигарандешон (яъне касоне, ки мисли онҳо намеандешанд) таҷдиди назар кунанд, ва ба фармудаи ҳазрати Паёмбари Акрам (Дуруди Худо бар ӯ!):

لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه

Ба камоли имон ва бовар нарасед, магар замоне ки он чиро барои худ меписандед, барои бародари худ низ биписандед.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: