Перейти к содержимому

Иршод Сулаймонӣ: “Бояд Тоҷикистон дар канори Эрон, ва Эрон дар канори Тоҷикистон боқӣ бимонанд”

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси сиёсии тоҷик гуфтааст: “Рақобати қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва вазъияти жеупулитикии минтақа, нишон медиҳад Эрон ба сурати баландмуддат яке аз мӯҳраҳои аслии таҳаввулот хоҳад буд. Бинобар ин, маҷмӯае аз далоил ин ниёзро барҷаста мекунад, ки Тоҷикистон бояд дар канори Эрон ва Эрон дар канори Тоҷикистон боқӣ бимонад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, коршиносони тоҷик дар остонаи баргузории панҷумин иҷлоси Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё дар шаҳри Душанбе ва ҳузури Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар ин иҷлос, бар зарурати барқарории равобити сиёсӣ ва иқтисодии беҳтар миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон таъкид карданд.

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсӣ ва муовини раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошт: “Тайи чанд соли ахир таҳти таъсири бархе аз омилҳо, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба таври қобили таваҷҷӯҳе бо уфт мувоҷеҳ шуд.”

Вай афзуд: “Таъсири манфии ин вазъиятро қабл аз ҳама шаҳрвандон, туҷҷор ва бозаргонон ва ниҳодҳои мадании ду кишвар эҳсос карданд, зеро имкони вуруди манобеи ҷойгузин ба бозорҳои дохилии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва рӯи қиматҳо низ асар гузошт.”

Ҳакимов ёдовар шуд: “Дар ҳоли ҳозир намояндагони бахши хусусии ду кишвар нисбат ба барқарории сатҳи таъомулоти қаблӣ, ки мунҷар ба эҷоди иштиғол ва арзаи коло ва маҳсулоти мунтабиқ бо қобилиятҳои харидории мардуми маҳаллӣ шуда буд, алоқа нишон медиҳанд.”

Ба гуфтаи вай, тайи ин солҳо равшанфикрон ва фарҳангиён ҳамеша ба он умед баста буданд, ки Душанбе ва Теҳрон билохира иқдом ба рафъи мушкилот ва монеъаҳои мавҷуд бар сари роҳи равобит хоҳанд кард.

Ин коршиноси тоҷик дар идома тасреҳ кард: “Аз сӯе, бархе аз бозигарони таъсиргузор дар минтақа эҳсос мекарданд идомаи сардӣ дар равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон ба суди манофеи жеупулитикии онҳо низ нахоҳад буд. Тадовуми ин вазъият то ҳудуди зиёде ба зарари созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла Шонгҳой (ки Тоҷикистон узви ҳақиқӣ ва Эрон узви нозир буда ва қасди вуруди комил ба онро дорад) хоҳад буд.”

Ба гуфтаи вай, “дар мавриди бозгардондани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон ба сатҳи матлуби пешин, нақш ва иродаи мақомоти ду кишвар муҳим аст. Намунаи боризи ин мавзӯъро метавон дар мавриди Ӯзбекистон мушоҳида кард, ки бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев мушкилоте, ки байни Душанбе ва Тошканд вуҷуд дошт, дар камтарин замон рафъ шуд ва ду кишвар тайи муддати замони кӯтоҳе ба сатҳи мушорикати истротежик даст ёфтанд. Ин мавзӯъ барои бозгардондани эътимод миёни мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон ҳам муҳим хоҳад буд.”

Ба гуфтаи Ҳакимов, “бо вуҷуди бархе мушкилот миёни Эрон ва бархе кишварҳо, Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба сиёсати хориҷии чандсӯияи худ ва ҳифзи манофеи миллӣ, метавонад дар арсаҳои мухталиф ва ба вежа тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ҳамкориҳои судманде бо Эрон дошта бошад.”

Ҳакимов афзуд: “Бинобар ин, интизор меравад дар ҳошияи иҷлоси Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё дар Душанбе, раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон бо ҳам дидор карда ва ба ҳусни тафоҳум даст хоҳанд ёфт ва замина барои тавофуқоти ҷадид барои тавсиъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталифро фароҳам хоҳанд кард.”

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва фарҳангӣ низ дар ҳамин робита гуфт: “Аз ибтидо мушаххас буд, ки сардии равобит байни Тоҷикистон ва Эрон наметавонад идомадор бошад. Ҳоло, ки Ҳасани Руҳонӣ пас аз як марҳилаи ба истилоҳ тирагии муносибот ва радду бадал шудани иттиҳомоте, тасмим ба сафар ба Тоҷикистон гирифта ҳокӣ аз фароҳам шудани замина барои баҳсу баррасиҳои воқеӣ бар сари ислоҳи вазъият мебошад.”

Ба гуфтаи вай, “муҳимтарин мавзӯъ, барқарории эътимод миёни мақомоти олии ду кишвар мебошад. Агар ин муҳим ҳосил шавад, дар ояндаи начандон дур ҳатман таҳаввулоти хуберо дар ҳамкориҳо шоҳид хоҳем буд.”

Сулаймонӣ афзуд: “Аз сӯи дигар, чунончи Тоҷикистон дар нишасти имрӯзи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек, нисбат ба узвияти Эрон дар ин созмон ҳусни ният нишон диҳад, пас метавон мутмаин шуд, ки иқдом ба беҳбуди равобит миёни Душанбе ва Теҳрон ҷиддӣ хоҳад буд.”

Ба гуфтаи вай, “Тоҷикистон ва Эрон бино бар далоили бисёр зиёде ва аз ҷумла муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ ва ҳамчунин манофеи имрӯзи минтақаӣ ва байналмилалӣ, ниёзманди равобити дӯстона ва танготанг мебошанд. Манофеи кӯтоҳмуддати бархе аз гурӯҳҳои қудрат набояд бар манофеи дарозмуддати ду кишвар соя андозад. Ин муҳим ниёзманди бардоштани гомҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати эътимодсозӣ байни мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон мебошад.”

Ин коршинос ёдовар шуд: “Равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон дорои зарфиятҳои қобили таваҷҷӯҳе аст, ки ба далоили мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифта ва ниёз аст, ки дар марҳилаи ҷадид мавриди таваҷҷӯҳи вежа қарор дода шаванд.”

Ба гуфтаи Сулаймонӣ, “рақобати қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва вазъияти жеупулитикии минтақа нишон медиҳад Эрон ба сурати баландмуддат яке аз мӯҳраҳои аслии таҳаввулот хоҳад буд. Бинобар ин, маҷмӯае аз далоил ин ниёзро барҷаста мекунад, ки Тоҷикистон бояд дар канори Эрон ва Эрон дар канори Тоҷикистон боқӣ бимонад.”

Нуралӣ Давлат, коршиноси сиёсӣ низ изҳор дошт: “Ба назари ман, фишорҳои ахири Омрико алайҳи Русия, Чин ва Эрон то ҳудуди зиёде заминаи ҳамгароӣ ва ҳамоҳангии ин “сегона” алайҳи иқдомоти Кохи сафедро фароҳам кард.”

Вай афзуд: “Дастовардҳои давлати Руҳонӣ дар робита ба таъомул ва ҳамкорӣ бо Ғарб, ки дар инъиқоди Барҷом хулоса мешуд, бо ба қудрат расидани Дунолд Тромп зери суол рафт. Ин вазъият боис шуда то Эрон таваҷҷӯҳи худ ба Русия ва Чинро афзоиш диҳад.”

Ба гуфтаи вай, “бинобар ин, бо беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон эҳтимолан мувофиқати Душанбе бо узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой эълом хоҳад шуд, ки бо таваҷӯҳ ба шароити мавҷуди минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди ҳимояти Маскав ва Пекин қарор хоҳад гирифт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: