Перейти к содержимому

Чаро дар ин олам дарду ранҷ ҳаст?

Гуфтугӯ бо дуктур Маҳдӣ Гулшанӣ перомуни “масъалаи шарр” ва далели вуҷуди он

Дуктур Маҳдӣ Гулшанӣ, физикдон ва файласуфи муосири Эрон, ба тозагӣ китобе бо унвони “Илм ва дин дар уфуқи ҷаҳонбинии тавҳидӣ” мунташир карда, ки фасле аз онро ба “масъалаи шарр дар ҷаҳон” ихтисос додааст. Масъалаи шарр ва далели вуҷуди он дар ҷаҳон, яке аз масоили печидае аст, ки андешаи динӣ ҳамвора бо он мувоҷеҳ буда ва талош карда посухе қонеъкунанда барои он биёбад; чаро ки ҳамвора бо ин пурсиши бунёдин мувоҷеҳ мешавад, ки агар Худованд қодири мутлақ ва хайрхоҳи мутлақ ва олими мутлақ аст, чаро бояд шарр, бало, ранҷ ва марг дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад.

Аз он ҷо, ки ин амр дастовезе барои атеистҳо барои инкори Худованд мешуд, фалосифаи Худобовар дар таърихи андеша бисёр талош карданд табйин кунанд, ки вуҷуди шурур, бо қудрат, илм, адолат ва хайрияти Худованд мунофоте надорад. Дар ин росто, рӯзномаи “Эрон” бо дуктур Маҳдӣ Гулшанӣ, устоди мумтози Донишгоҳи санъатии Шариф ва поягузори гурӯҳи фалсафаи илми он донишгоҳ ва узви муассиси “Анҷумани байналмилалии илму дин” гуфтугӯе анҷом додааст, ки дар идома мехонед:

— Ҷаноб дуктур Гулшанӣ, таъриф ва моҳияти “шарр” чист? Ва чӣ тавр дар тазодд бо “хайр” қарор мегирад?

— Баъзе файласуфон “хайр”-ро ба амри вуҷудӣ, вуҷуди матлуб ва лаззат; ва “шарр”-ро ба амри адамӣ, фуқдони камол ва ранҷу дарду мусибат нисбат медиҳанд.

(Масалан, илм, як амри вуҷудӣ аст ба ин маъно, ки чизе аст, ки ба вуҷуд оварда шуда ва аз ин назар, метавон онро ба Худо нисбат дод, аммо зидди илм, ки ҷаҳлу нодонӣ бошад, як амри адамӣ аст, на чизе, ки ба вуҷуд оварда шуда. Ба сухани дигар, ҷаҳл ҳамон адами илм аст. Ва бештари шурур “амри адамӣ” ҳастанд, аз ин назар онҳо чизе нестанд, ки битавон барояшон сарчашма қоил шуд. С.И.)

— Ҳамеша дар ҷаҳон дарду ранҷ ҳаст, маргу беморӣ ҳаст, зулму ситам ҳаст, ҷаҳлу ҷиноят ҳаст ва балоҳои табиӣ (мисли селу ҳариқу…) вуҷуд дорад. Ин шурур аз куҷо нашъат мегирад ва дар канори адолат, илм ва қудрати Худо чӣ гуна қобили тавҷеҳ аст? Фалосифа чӣ гуна ба он посух медиҳанд?

— Мавзӯи шарр ва ақсоми он (шурури табиӣ, мобаъдуттабиӣ ва ахлоқӣ) аз қадим матраҳ будааст ва ҳамвора дастовези мункирони вуҷуди Худованд дар истидлол алайҳи вуҷуди холиқ шудааст. Сухани онон ин аст, ки шурур бо адолат ва қудрати мутлақ ва ҳикмати болиғаи Худованд намехонад. Аз тарафи дигар, пайравони адёни тавҳидӣ, хусусан ҳакимони илоҳӣ, бар қудрат ва илм ва ҳикмати мутлақи Худованд иттифоқи назар доранд. Пас, вуҷуди шурур тавҷеҳ лозим дорад.

Фалосифаи исломӣ, назири Ибни Сино ва Мулло Садро, шурурро “заминаи хубиҳо” ба ҳисоб меоваранд (хайрот асиланд ва шурур туфайлӣ). Инҳо барои мавҷудоти олам панҷ ҳолатро дар назар мегиранд:

1) Мавҷуде, ки хайри маҳз аст;

2) Мавҷуде, ки хайраш бар шарраш ғолиб аст;

3) Мавҷуде, ки хайраш баробари шарраш аст;

4) Мавҷуде, ки шарраш бар хайраш ғолиб аст;

5) Мавҷуде, ки шарри маҳз аст.

Онҳо таҳаққуқи се навъи ахирро бар хилофи ҳикмати болиғаи илоҳӣ медонанд ва адами таҳаққуқи навъи дуввумро, ки ҳокӣ аз тарки хайри касир ба хотири шарри қалил аст, як шарри касир ба ҳисоб меоваранд.

Пайравони ин дидгоҳ мӯътақиданд, ки тамомии шурур ниҳоятан мунҷар ба хайроти болотар мешаванд; дар ин дунё ё дар охират. Баъзе аз фалосифаи ғарбӣ, назири Суинбёрн (Richard Swinburne) низ ҳамин назарро доранд.

Ба таври хулоса, файласуфони Худобовари ғарбӣ ва исломӣ, шурурро муқаддимаи ҳосил шудани баъзе хайрот ба ҳисоб меоваранд ва ҳамчунин шурурро нисбат ба хайрот дар кулли олам қалил (андак) талаққӣ мекунанд ва ин ҷаҳони дорои шурурро аз ҷаҳони фоқиди шурур беҳтар медонанд.

— Фалосифаи Худобовар чӣ фоидаҳоеро барои вуҷуди шурур дар олам зикр мекунанд?

— Ағлаби онон барои тавҷеҳи шурур дар олам 4 далели умда иқома мекунанд:

Аввалан: балоҳо ва мусибатҳо, мардони Худоро бештар мутаваҷҷеҳи Худо мекунад ва руҳи ононро сафо мебахшад ва ба онон итминон медиҳад.

Дуввум ин ки: инсон дар рӯёрӯӣ бо мусибатҳо, зеҳни худро ба кор меандозад ва ба мақому манзилати боло мерасад.

Севвум: мусибатҳо, инсонро дар баробари ҳаводис бурдбор месозад ва инсонҳоро бар он медорад, ки дар пайи дафъи офот бошанд, ва ин худ метавонад ба пешрафти илму фанноварӣ кӯмак кунад.

Чаҳорум: “марг” дар сурате шарр ба ҳисоб меояд, ки интиҳои зиндагии инсон бошад, вале агар ин зиндагӣ муқаддимаи як зиндагии абадии комилтар бошад, ин ишкол ворид нест.

— Оё чунин нигоҳе, бо дидгоҳи илммеҳвари мубтанӣ бар тафаккуру текнулужӣ, ки тавониста то ҳудуде бо пешбинӣ ва тамҳидоти лозим, ҷилави хасорот ва балоҳои табииро бигирад, дар тақобул нест?

— Ин дидгоҳ ҳеч мунофоте бо короӣ ва коркарди улуми таҷрибӣ надорад.

— Башар бо пешрафти илму текнулужӣ то ҳудуде бар табиат мусаллат шуда; ин қоҳирият ҳамон тавр, ки ҷилави бисёре аз шуруру балоҳои табиӣ мисли селу зилзиларо гирифта, гоҳе худ низ ба муҳити зист садамоти зиёде зада ва маншаи шурури дигаре шудааст. Ҳол суол ин аст, ки чӣ тавр метавон гузораҳои илмӣ ва диниро беҳтар бо якдигар созгор кард?

— Адён, хусусан адёни иброҳимӣ, мухолифи корбурди илму фанноварӣ дар ҷиҳати тахриби муҳити зист ва нобудии инсонҳо ҳастанд. Ин ки дар қарнҳои ахир абзорҳои ҳосил аз илм дар ҷиҳатҳои мухарриб ба кор рафтааст, ба хотири ҳокимияти як ҷаҳонбинии секулор бар зеҳни олимон ва ҳокимон будааст ва албатта гоҳе ҳам ба исми дин тахрибҳое анҷом шудааст, ки дар воқеъ таҷовуз аз дастуроти дин будааст. Дин як чатри ҷомеъ болои зеҳни олимон нигаҳ медорад, ки дар сурати риояти он, аз тахрибҳо ҷилавгирӣ мешавад ё онҳоро ба ҳаддиақал мерасонад.

Манбаъ: Рӯзномаи “Эрон”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: