Перейти к содержимому

Вақте қонун аз сӯи муҷрии қонун поймол мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (15 июн), ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё оғоз ба кор намуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, дар ифтитоҳияи ин иҷлос, ба унвони мизбон ва раиси давраии ин конфронс, ба забони русӣ суханронӣ кард. Маълум нест, барои чӣ ӯ ба забони бегона суханронӣ мекунад?

Дар инҷо се эҳтимол вуҷуд дорад:

1) Аввал ин ки: шояд ӯ забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро забоне ноқису норасо дар адои маъноҳои мавриди назараш мешуморад.

2) Эҳтимоли дигар ин ки: ӯ ё забони тоҷикӣ (форсӣ) – ки забони давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад – хуб намедонад ва ё ин ки аз суханронӣ ба забони модариаш хиҷолат мекашад.

3) Эҳтимоли севвум ин ки: рафтори ӯро ба ин тавҷеҳ намоем, ки чун иҷлоси мавриди назар як иҷлоси байналмилалӣ аст, пас Раҳмон аз суханронӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) маъзур аст; ва ночор аст ба забоне, ки барои меҳмононаш қобили фаҳм аст суханронӣ кунад.

Фарзи аввал аз беху бун мунтафӣ аст; чаро ки забони форсӣ, ба маротиб ғанитару моядортар аз ҳар забони дигаре, ба хусус забони русӣ, дар расондани паём ва мазомин аст.

Ва дар фарзи дуввум, яъне агар ӯ забони модариашро хуб намедонад ва ё ин ки медонад, вале аз суханронӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) ва модариаш хиҷолат мекашад, дар ин сурат, ин барои ӯ – ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон – на танҳо як айби нобахшуданӣ аст, балки ӯ бо ин рафтораш, ба сареҳи Қонуни ҶТ “Дар бори забон” амал накардааст; қонуне, ки мегӯяд: “Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.” (Банди 2 аз моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бори забон”)

Ва дар фарзи севвум ҳам, рафтори ӯ аслан қобили тавҷеҳ нест; чаро ки аввалан, куҷо гуфта шуда, ки дар иҷлосҳои байналмилалӣ кишвардорон муваззафанд ба забони қобили фаҳм барои ҳама суханронӣ кунанд? Якчунин расме вуҷуд надорад, балки расм он аст, ки раиси ҳар кишваре ба забони давлатии худаш суханронӣ мекунад ва мутарҷим суханони ӯро ба забонҳои дигар тарҷума мекунад. Роиҷ ин аст.

Ва сониян, гирам ӯ ночор аст ба забони қобили фаҳм барои меҳмононаш суханронӣ кунад, аммо суол ин аст, ки: оё меҳмонони ӯ яъне сарони кишварҳои узви Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё ҳама русизабон ё касоне ҳастанд, ки ба ин забон огоҳанд? Албатта, дар ин сурат ҳам, рафтори ӯ қобили тавҷеҳ набуд.

Аз ин рӯ, ба назари ман, Раҳмон бо ин рафтораш ба сареҳи Қонуни ҶТ “Дар бори забон” амал накардааст ва онро нақз карда. Тибқи сареҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи забон”, ки ба имзои худи ӯ ба тасвиб расидааст, “пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.” (Моддаи 25-и Қонуни ҶТ “Дар бораи забон”)

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки “забони пазируфтаи тарафҳо” дар ин иҷлос, забони русӣ нест – ҳоло агар ба ангилисӣ суханронӣ мекард, қобили тавҷеҳтар буд, ки албатта он ҳам тавҷеҳпазир нест – аз ин рӯ, ба забони русӣ суханронӣ кардани Раҳмон дар иҷлос, нақзи сареҳи қонун аст, он ҳам аз сӯи муҷрии қонун.

Шоистаи тазаккур аст, ки ин нахустин бор нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои байналмилалӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба забони бегона суханронӣ мекунад, балки барои чандумин бор аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки: оё бо ин рафтораш, дар баробари қонун ҷавоб медиҳад? Қатъан, на. Ӯ “фавқи қонун” аст, “Пешвои миллат” аст. Оё касе ҷуръат мекунад бигӯяд, Раҳмон қонунро ба истилоҳ “вайрон” карда?! Касе дар дохили Тоҷикистон ҷурбузаи инро надорад.

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: