Перейти к содержимому

Таҳлили Атвон аз таҳаввулоти рӯзҳои ахир дар халиҷи Форс

Ҷанги нафткашҳо… пас аз ҷанги фурудгоҳҳо… Тромп минтақа ва дунёро ба куҷо ҳидоят мекунад? Чаро мӯътақидем, ки дуввумин ҳамла дар дарёи Уммон машкук аст? Шояд баҳонае барои ҷанги бузург бошад? Чӣ касе бозандаи бузург дар ҳамаи ин маворид аст?

Агар оташи ҷанг дар минтақаи халиҷ (-и Форс) равшан нашуда пас ҳамла ба шаш нафткаши ғулпайкарро дар камтар аз як моҳ, ва ҳамагӣ дар дарёи Уммон, ва ҳамчунин ҳамлаи рокети ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Абҳо (дар Саудӣ)-ро чӣ биномем?

Натоиҷи таҳқиқҳои қудратҳои бузург монанди Омрико ва Бритониё, ҳамроҳ бо Амороти Арабии Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ, дар мавриди инфиҷори чаҳор тонкер дар бандари Алфуҷайраи Аморот дар ҳошияи дарёи Уммон, то ба ҳол равшан нашудааст ва талошҳои амдӣ барои пинҳон кардани онҳо — ва шояд барои нишон додани онҳо дар замони муносиб — вуҷуд дорад. Ва ҳеч иттиҳоме бар пояи мустанадоте дар ин хусус ба Эрон ворид нашуда бо ин ки Ҷон Болтон масъулияти ҳамларо ба дӯши Эрон андохт.

Вақте оқои Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ҳамлаи бомдоди рӯзи панҷшанбе ба ду нафткаш дар дарёи Уммонро “машкук” мехонад, ҳарфи бисёр мантиқӣ мезанад. Чаро бояд Эрон ё муттаҳидонаш дуруст замоне, ки Обе Шинзу, нахуствазири Жопун дар Теҳрон аст ва бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури ин кишвар дар чорчӯби миёнҷигарӣ барои коҳиши таниш миёни Эрон ва Омрико ва мумониат аз вуқӯи ҷанг дидор мекунад, ба ду нафткаше, ки нафт ба Жопун мебаранд, ҳамла кунанд?

Агар пушти он Эрон бошад, ин кишвар ҳаргиз дар пазируфтани масъулият диранг намекунад. Ҳангоме ки дар се соли поёнии ҷанги Эрону Ироқ, миёни Эрон ва Омрико ҷанги нафткашҳо даргирифт (байни солҳои 1985 то 1988), раҳбарони Эрон аз эътирофи аланӣ ба коштани минҳои дарёӣ ва ҳамла ба киштиҳое дар минтақаи халиҷ (-и Форс) дареғ накарданд ва ҳатто ин минҳо ба дарёи Сурх ва коноли Суэз ҳам расид. Ҳангоме ки Ҳусиҳо, муттаҳидони Эрон, фурудгоҳҳои Ҷадда, Риёз ва Абҳо ва истгоҳҳои пумпожи нафт дар ғарби Риёзро ҳадаф гирифтанд, барои лаҳзае дар эъломи масъулияти худ дар ин ҳамалот — чӣ онҳое, ки бо мушакҳои болистик анҷом шуд ва чӣ онҳое, ки бо паҳподҳо буд — тардид накарданд.

* * *

Оё ҳамзамонии ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба ду нафткаш бо сафари нахуствазири Жопун ба Теҳрон дар чорчӯби фишори ҳаддиаксарии Омрико ба Эрон барои пазириши пешниҳоди Омрико дар бозгашти бидуни пешшарт ба музокирот аст? Он ҳам пас аз ин ки интизори Тромп барои дарёфти занги тамоси Руҳонӣ тӯлонӣ шуда ва бефоида монд?

Эрониҳо ҳамалотеро, ки алайҳи онҳо анҷом шуд фаромӯш намекунанд ва дар радди он ҳамалот низ ҳаргиз дастбаста нанишастаанд, инро ҳама медонад, вале ин бад-он маъно нест, ки Эрон ва ҳампаймонҳояш дар пушти инфиҷорҳои ахир дар дарёи Уммон қарор доранд.

Ҳамаи он чи аз Кохи сафед содир мешавад, мегӯяд, ки Тромп ин вазъият (ҳамалот)-ро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст ва ожонсҳои Иёлоти Муттаҳида кори назорат ва ҷамъоварии иттилоот дар ин бораро бар ӯҳда доранд.

Намедонем то ба кай ин пайгириҳо ва амалиёти ҷамъоварии додаҳо аз тарафи Омрико идома дорад, аммо бар асоси таҷрибиёти мувассақи пешин медонем, ки Омрико ё бархе муттаҳидонаш дар паси ду ҳамла ба нафткашҳо буданд, то онро баҳонае барои тавҷеҳи ҳар ҳамлаи оянда алайҳи Эрон қарор диҳанд. Бинобар ин, барои мо ғайримунтазира нест агар сервисҳои иттилоотии Омрико ва “Исроил” нақше дар сохтану пардохтани ин ҳаводис дошта бошанд ва аз ҳамин рӯ аст, ки натоиҷи таҳқиқҳо дар бораи ҳамлаи Алфуҷайра ҳам, ки марбут ба шаш ҳафта пеш аст, мунташир намешавад.

Расидани мушакҳо ва паҳподҳои Яман ба фурудгоҳи Абҳо ва хутути бузурги нафтии ғарби Риёз ва ба бор омадани хисороти сангин дар ҳар ду иттифоқ, таҳаввуле дар ҳамаи тавозуни қувваҳо ва муъодилоти он дар минтақа аст ва метавонад муқаддимае барои вуруд ба як марҳилаи аслӣ бошад, ки барои бисёре ғайримунтазира хоҳад буд.

* * *

Шахси Тромп масъули ташдиди танишҳои кунунӣ дар минтақаи халиҷ (-и Форс) аст. Ҳамон гуна ки муттаҳидонаш дар Арабистон ва Аморот масъули ҷанги ҷорӣ дар Яман ҳастанд. Омрикоиҳо дар муҳосиботи худ иштибоҳ карданд замоне ки гумон мекарданд эрониҳо луқмаи омодае ҳастанд, ки метавонанд онҳоро бо ирсоли новҳои ҳавопаймобар ва бомбафканҳои ғулпайкари худ битарсонанд. Ҳамон гуна ки муттаҳидонашон дар ҷанги Яман дар шинохти Ҳусиҳо ва арзёбии қудрати онҳо ба хато рафтанд.

Имрӯз шоҳиди мушакҳо ва паҳподҳои Ҳусиҳо ҳастем. Дирӯз шоҳиди мушакҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ будем, ки ба Телавив расид ва се милюн шаҳракнишинро водор ба гурехтан ба самти паноҳгоҳҳо кард, аммо ҳанӯз мушакҳои нуқтазани Ҳизбуллоҳ — даҳҳо ё шояд садҳо ҳазор фарванди онро шоҳид нестем – вале мутмаиннан агар ин шайтанатҳои нафтии Омрико ва муттаҳидонаш дар халиҷ (-и Форс) ба ҷанге фарогир мунҷар шавад, ба зудӣ онҳоро ҳам хоҳем дид.

Оқои Зариф — оқои машҳур ба лабханд ҳам, лабхандҳое, ки гоҳе шайтанатомез ва зиракона будани онро наметавон нодида гирифт, ҳарфи бисёр муҳимме ба забон овард. Гуфт, Омрико шояд оғозгари ҷанг бошад, аммо эрониҳо ва муттаҳидонаш ҳастанд, ки ба наҳве, ки мехоҳанд, ҷангро ба поён хоҳанд бурд.

Танишҳо рӯ ба афзоиш аст ва ҷанги фурудгоҳҳо ва нафткашҳо ба вузуҳ оғоз шудааст. Ҷанги оянда ҳаргиз яктарафа нахоҳад буд. Вақте ҷанги Эрону Ироқ трилюнҳо дулор ҳазина дошт ва ишғоли Ироқ барои Омрико ҳафт трилюн дулор баровард шудааст, ҳоло ҳисоб кунед ҳазинаҳои ҷанги оянда, ки метавонад шакли минтақа ва нақшаи ҷуғрофиёӣ ва сиёсии онро тағйир диҳад, чӣ андоза хоҳад буд? Посухи ин суолҳоро ба Тромп ва дастёрони ифротиаш назири Ҷон Болтон ва Мойк Помпео вогузор мекунем.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: