Перейти к содержимому

Таҳлили Паём аз шабоҳати фарзияи ДОЪИШ ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи моҷарои зиндони Ваҳдат

Сойти Паём дар таҳлиле, бо баёни ин ки ДОЪИШ баъди 25 рӯзи вуқӯи фоҷеа дар зиндони Ваҳдат масъулияти онро ба дӯш гирифт, пурсишҳоеро матраҳ кардааст, ки ниёз ба посухи сареҳу мантиқӣ аз сӯи ҳукумат дорад.

Дар ин таҳлил мехонем:

Сойти “Ан-набаъ”, ки мутаъаллиқ ба ДОЪИШ дониста мешавад, навиштааст: “Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад омилони ҳуҷум дар зиндони “Фохдот”-и (зоҳиран “Ваҳдат”-ро дар назар доштааст) Тоҷикистон дар 14-уми Рамазон муҷоҳидини “Давлати исломӣ” буданд.

Ан набаъ” дар идома менависад: “Манбаъ иттилоъ дод, ки муҷоҳидини маҳбус қабл аз шаҳодаташон дар зиндоне воқеъ дар шарқи Душанбе чанд нафар аз низомиёни муртади тоҷик ва тоғутҳои зиндониро куштанд.”

Сойти доъишиҳо ҷузъиёти ошӯб ва қатлро ҳам баён кардааст, бад-ин сурат: “Ҳуҷум аз қатли 3 зиндонбон оғоз шуд. Сипас 3 раҳбари муртадҳои Тоҷикистон сар зада шуданд. Якеашон аз роҳбарони Ҳизби наҳзати муртад, дуввумӣ як рофизии салладор ва саввумӣ нафаре бо номи Томир (зоҳиран Темур), ки даъвои паёмбарӣ доштааст. Сипас ҳуҷум карданд ва шаш нафар аъзои мафияҳоро ба қатл расонданд. Сипас баъди ворид шудани адади зиёди пулиси Тоҷикистон кушта шуданд.

Истифодаи калимаи “муртад” танҳо хосси ДОЪИШ нест. Чанде қабл айни ҳамин калимаро барои раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ сарҳанги (полковники) мустъафии КГБ Давлатхоҷа Назиров дар мусоҳибааш бо нашрияи СССР истифода карда буд. Ин сарҳанг раиси ҲНИТ-ро “муртад ва мансабпараст” номид.

Коршиносе, ки нахост номаш фош шавад, гуфт: “Истифодаи ибораву истилоҳҳои яксон метавонанд ду далел дошта бошанд: ё ин истилоҳҳо дар як идора сохта мешаванду ин ду гурӯҳ ҳамкории фикрӣ доранд, ва ё онҳо бо истифодаи ин истилоҳҳо, ба ҳамдигар паём медиҳанд.”

Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон ҳам чанд маротиба ба ин нуктаҳо ишора кардааст. Дар як суханрониаш аз ҲНИТ гуфт, ва дар суханронии дигараш, Эшони Қиёмиддинро ба гароиш ба мазҳаби шиъа муттаҳам кард. Чунин гароиш дар фарҳанги ДОЪИШ, “муртад шудан” тафсир мешавад.

Фарзияе, ки ДОЪИШ баъди 25 рӯзи вуқӯи ҳодиса нашр кард, ба фарзияи мақомоти Тоҷикистон шабоҳати зиёд дорад. Ҳамчунин ба ҷузъиёте, ки як рӯз қабл аз “иқрор”-и ДОЪИШ, сомонаи “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти қудратӣ нақл кард.

Фарзияи мақомот, ки ҳамагӣ чанд соат пас аз ошӯб расонаӣ гардид, ба шакли зер аст:

Гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони теруристиву экстремистии “Давлати исломӣ” (ҳамон ДОЪИШ) буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.

Сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.

Ҷузъиёте ҳам, ки “Ахбор” бо истинод ба манобеаш нақл мекунад, тақрибан мисли ҳамин аст, танҳо ҷузъиёти бештаре ироа шудааст.

Албатта, бо ҳам мутобиқат кардани якбора се манбаъ воқеъияти хабарро қувват мебахшад ва зеҳни хонандаро ба ҳамин ҷониб савқ медиҳад, ки вақте се манбаи гуногун хабарро бо сенориюи бисёр монанд нашр мекунанд, пас айни воқеъият ҳамин аст.

Аммо масофа байни нашри манобеъ бисёр тӯлонӣ аст — 25 рӯз. Ҷузъиёти бисёр ба ҳам шабеҳи сайти “Ахбор”-у сайти доъишии “Ан-набаъ”, ки ҳамагӣ баъди чанд соати “Ахбор” онро нашр кард, метавонад ду шарҳ дошта бошанд: ё сайти доъишиҳо бо кӯмаки тоҷикони узви ин созмон хабарро аз сомонаи “Ахбор” гирифтааст ва ё манбаи ҳар ду сайт якест. Фарзияи севвум ҳам, агарчӣ фантастикӣ ба назар мерасад, вуҷуд дорад: ДОЪИШ бо кадом далеле мунтазири нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Душанбе буд.

Манобеи “Ахбор” дар дохили кишвар қарор доранд, ва имкони ба онҳо расонидани хабари ғайривоқеӣ аз ҷониби мақомот кам нест.

Қариб як моҳ дер кардани ДОЪИШ аз ба дӯш гирифтани ин куштор ҳам ин фарзияҳоро тақвият мебахшад ва баръакс фарзияи даст доштани ин созмон дар ин ҳаводисро бисёр заъиф месозад. Агар ДОЪИШ дар ин терур даст медошт, бидуни шубҳа билофосила онро эълон мекард.

Дар ҳамин ҳол, “Фабрикаи ҷавоб” дар ин авохир ба масъала бисёр сахт часпидааст. Чанд рӯзи охир агар нагӯем садҳо, даҳҳо “мақола” дар сойту гурӯҳҳои мутаъаллиқ ба он нашр шудаанд, ки паёми асосиашон ин аст: бубинед, ДОЪИШ ҳодисаи зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт! Чунин шӯру хурӯши “Фабрикаи ҷавоб” болои як хабар камсобиқа аст ва ин суолро ба вуҷуд меоварад, ки чаро ин ниҳоди ҳукуматӣ ин қадар ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва онро таблиғ мекунад?

Муҳимтарин ҷанбаи ин сарусадои охир, ба назари мо, ҳодисаро ба дӯши худ гирифтани ДОЪИШ айнан дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст. Дар ин нишаст яке аз мавзӯъҳои қалидӣ амнияти минтақавӣ мебошад. Душанбе солҳост мехоҳад кишварҳои минтақаву ҷаҳонро бовар кунонад, ки хатари теруризм дар Тоҷикистон бисёр болост ва бояд ҳама кишварҳо дар мубориза бо он саҳмгузор бошанд. Албатта саҳми молӣ дар назар аст. Ин эътирофи ахири ДОЪИШ холи хубе ба дасти мақомоти Тоҷикистон медиҳад.

Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), ки манобеи худро дорад мегӯяд, аслан ба фарзияи даст доштани ДОЪИШ ба ҳодисаи зиндони Тоҷикситон бовар надорад. Ӯ таъкид мекунад, тибқи маълумоте, ки ҳанӯз қабл аз ошӯб ба ӯ расида буд, мақомот ҳаракоти шубҳаноке дар ин зиндон анҷом медоданд.

Раиси КШНГЗС ҳамчунин мегӯяд, мақомот қаблан ҳам мекӯшиданд низоъҳое дар зиндон байни тарафдорони ДОЪИШ аз як тараф ва ҲНИТ-у дигар маҳбусони сиёсиву динӣ аз тарафи дигар роҳандозӣ кунанд, аммо муваффақ намешуданд. Яке аз сабабҳои пешгирӣ аз ин низоъҳоро ӯ дар кӯшишҳои Махсуми Абдусаттор, узви Раёсати олии ҲНИТ медонад, ки аз обрӯву эътибори баланде байни маҳбусон бархӯрдор буд, ва дар сурати сар задани камтарин низоъ бо насиҳату гуфтушунид онро бартараф мекард.

Бобоев саҳми раисҷумҳури Тоҷикстонро ҳам дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат кам намедонад. Ӯ мегӯяд: “Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чандин нишаст таъкид кард, ки инҳо гурӯҳе ҳастанд. ки мазоҳиби дигарро қабул кардаанд ва бо ин ҳукми қатли онҳоро ба ҳайси қозии ДОЪИШ содир кард. Ӯ ошкоро гуфт, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ мазҳаби шиъаро қаул кардааст ва ҲНИТ-ро ҳам ба пайравӣ аз мазҳаби дигар муттаҳам кард. Вақте раисҷумҳур даст ба чунин ҷиноят мезанад, дигар аз ДОЪИШ чӣ мешавад интизор буд?

Раиси КШНГЗС таъкид кард: “Раисҷумҳур медонад, ки ДОЪИШ душмани аҳзобе чун ҲНИТ аст, чун ҲНИТ ҳамеша алайҳи куштору террор баромад мекунад. Ҳатто агар ҷавонони 19-20-солаи тарафдори ДОЪИШ ба ин окр даст задаанд, ки боварнокарданист, ҳатман паси ин кор мақомоти амниятии Тоҷикистон меистанд.”

Бобоев гуфт: “Мо маълумоти дақиқе дар даст дорем, ки қабл аз ошӯб як гурӯҳ кормандони гурӯҳи “АЛФА”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо либоси зиндониён ва сарҳои тарошида дар зиндони Ваҳдат гаштугузор мекарданд.”

Қаблан сойти “Ахбор” ҳам иттилоъ дода буд, ки чанд рӯз қабл аз ошӯб, писари Гулмурод Ҳалимов ба утоқе гузаронида шудааст, ки онҷо Шайх Темур нигоҳдорӣ мешуд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва коршиносон чанд суоли калидӣ ҳам матраҳ кардаанд, ки то ҳанӯз посухи худро наёфтаанд ва бидуни посух ба онҳо фарзияи ҳукумат танҳо фарзия боқӣ мемонад ва ҳаргиз воқеият касб намекунад. Чанде аз ин суолҳо:

1) Маҳбусон дар дохили зиндон, ки ҳатто ба даст овардани сӯзан тақрибан ғайримумкин аст, корду арматураро аз куҷо пайдо карданд?

2) Чӣ гуна чанд ҷавони 19-20-солаи бетаҷриба тавонистанд низомиёни машқдида ва муҷоҳиди таҷрибадоре чун Махсуи Абдусатторро бикушанд, дар ҳоле, ки нафаре аз онҳо кушта нашавад?

3) Чаро мақомот, агар рост мегӯянд, то ҳол навори сабти камераҳои назоратии зиндонро расонаӣ накардаанд?

4) Чаро ҷасади кушташудагон ба наздиконашон нишон дода нашуд? Мақомот чиро мехоҳанд пинҳон кунанд?

Паём

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: