Перейти к содержимому

Толибон: “Омрико ҳанӯз ба ДОЪИШ кӯмак мекунад”

Сухангӯи Толибон гуфт, ДОЪИШ дар Афғонистон таҳдиди қобили таваҷҷӯҳе нест; ва агар ҳимояти ҳавоии Омрико аз ин гурӯҳи теруристӣ дар шарқи Афғонистон вуҷуд надошт, вилояти Нангарҳорро низ поксозӣ мекардем.

Ва ин дар ҳоле аст, ки женерол Кенет Фронк Маккензӣ, раиси ситоди марказии артиши Омрико изҳор дошт, ки ДОЪИШ аз Афғонистон қасди ҳамла ба Омрикоро дорад ва ҳузури низомиёни омрикоӣ дар ин кишвар аз вуқӯи ин ҳамла ҷилавгирӣ кардааст.

Толибон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ДОЪИШ аз ибтидои зуҳур дар Афғонистон, аз кӯмаки Омрико бархӯрдор буд ва албатта ДОЪИШ гурӯҳе нест, ки таҳдиде хонда шавад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон таъкид кард, ки ДОЪИШ дар бештари манотиқи Афғонистон аз байн рафтааст ва далели идомаи ҳузури ин гурӯҳи теруристӣ дар манотиқи шарқии Афғонистон низ, кӯмаки нерӯи ҳавоии омрикоӣ ва “ҳамкории иттилоотӣ”-и давлати Афғонистон аст.

Вай идома дод, ки низомиёни омрикоӣ ва нерӯҳои амниятии афғон бо бомбборони қароргоҳҳои Толибон ва юриш бурдан ба мавозеи ин гурӯҳ, аз решакан кардани ДОЪИШ ҷилавгирӣ мекунанд.

Муҷоҳид тасреҳ кард, ки гуфтаҳои мақомоти омрикоӣ бо амалкарди онҳо таноқуз дорад ва омрикоиҳо аз ном ва вуҷуди ДОЪИШ барои идомаи ҳузури низомии худ дар Афғонистон истифода мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: