Перейти к содержимому

Чаро мо шоҳиди тавҳин ба тоҷикон дар Русия ҳастем?

Акс аз сойти Ахбор (Мирзо Салимпур)

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Вақте мардум ба сиёсати ҳукумат аҳаммият надиҳанд, ҳукумат ҳам ба маишати мардум аҳаммият намедиҳад.

Вақте маишати мардум дар дохил таъмин нашуд, мардум барои таъмини он, маҷбур ба муҳоҷирати корӣ мешаванд.

Ва ин муҳоҷирати корӣ, сабаби вобастагии иқтисодӣ аз кишвари корфармо мешавад.

Ва ин вобастагӣ, боиси забонкӯтоҳии ҳукуматдорон аз ҳукумати корфармо мегардад.

Вақте забони ҳукуматдорон кӯтоҳ шуд, дигар тавону ҷуръати ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони худро дар он кишвар аз даст хоҳад дод.

Дар натиҷа, он муҳоҷирони бечора ба як тӯдаи бепушту паноҳе дар кишвари мизбон табдил хоҳанд гашт, ки ҳар касу нокасе бо хотири ҷамъ метавонад ҳуқуқи онҳоро поймол кунад.

Аз ин ҷост, ки мо ҳар рӯз шоҳиди омадани тобути ҷавонони худ аз Русия ҳастем.

Аз ин ҷост, ки мо шоҳиди таҳқиру тавҳини миллати тоҷик дар расонаҳои Русия ҳастем.

Аз ин ҷост, ки мо шоҳиди қатли Умаралии ширхора ҳастем.

Аз ин ҷост, ки мо шоҳиди таҷовуз ва қатли Ҳувайдои бечора ҳастем.

Аз ин ҷост, ки мо шоҳиди намоиши к…ни лухти тоҷикон тавассути мақомоти Русия ҳастем.

Агар мехоҳем, ки дигар шоҳиди чунин ҳаводиси мудҳишу дилхарош набошем, танҳо роҳи ҳаллаш ин аст, ки нисбат ба сиёсати кишвари худ, беаҳаммият набошем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: