Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Махдуми Абдусаттор, ба тамоми маънои калима як ҷавонмард буд”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар суханоне дар ҳамоиши “Ёдбуди қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон”, ки имрӯз (16 июн) дар Варшав, пойтахти Лаҳистон баргузор гардид, дар бораи шаҳид Махдуми Абдусаттор гуфт: “Махдуми Абдусаттор, ба тамоми маънои калима як ҷавонмард буд.”

Кабирӣ дар ин суханронии худ, бо радди иддаои касоне, ки мегӯянд мухолифон фақат замоне ба дифоъ аз зиндониён пардохтанд, ки пояшон ба Урупо расид, бо ишора ба навори пахшуда дар ин ҳамоиш, ёдовар шуд: “Ин навор, ки дар инҷо нишон дода шуд, наворест, ки соли 2013 ё 2014 дар маркази ҲНИТ таҳия шуд ва бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ин нишон медиҳад, ки мубориза зидди шиканҷа падидаи нав нест ва аз солҳои гузашта ҳам вуҷуд дошта ва идома дорад.”

Раҳбари ПМТ бо шаҳид унвон кардани қурбониёни ду зиндон, дар бораи яке аз шуҳадо узви Риёсати олии ҲНИТ Махдуми Абдусаттор, гуфт: “Метавон гуфт, ки ӯ яке аз айёрони хуросонӣ буд, мисли Абумуслими Хуросонӣ, Самаки Айёр ва ғайра, ки ба иловаи илм ва ҷойгоҳ дар ҷомеа, ки дошт, аз шуҷоату ҷасорати фавқулъода бархӯрдор буд.”

Кабирӣ дар бахше дигар аз суханони худ, бо ишора ба узви собиқи ҲНИТ ва низ узви Кумисиюни оштии миллӣ Эшони Қиёмуддин ва инсофи вай, тасреҳ кард: “Ӯ касе буд, ки гаҳ-гоҳе дар баҳсҳои дохилии Кумисиюни оштии миллӣ, аз мавқеъи ҳукумат тарафдорӣ мекард вақте медид, ки дар мавқеъи он тараф, як чизи дурусте вуҷуд дошт.”

Раиси ПМТ хотирнишон кард: “Ҷавононе, ки боиси кушта шудани Махдуми Абдусаттор ва дигарон шуданд, онҳо худ қурбонии фитнае буданд. Онҳо супоришро аз касе гирифта буданд: ё аз ҳукумат ё аз касе дигар.”

Кабирӣ ҳамчунин ёдовар шуд: “Ҷузъиёти куштори ҳодисаи зиндони Ваҳдат нишон дод, ки Махдуми Абдусаттор бояд аз зиндон зинда намебаромад.”

Вай гуфт: “Махдуми Абдусаттор ҷавонмард ба тамоми маъно буд. Ӯ аз узрхоҳӣ кардан шарм намекард ва ҷасорати онро дошт. Барои мисол, ӯ ҳамеша ба мо мегуфт, ман ба Маҳмадалӣ Ҳаит шак дорам. Вақте далелашро мепурсидам, мегуфт, чизе аз ӯ намедонам, вале корманди собиқи амният аст ва ба ӯ бовар карда наметавонам. Аммо замоне, ки дар зиндон афтоданд, наворе ба мо расид, ки дар он, Махдуми Абдусаттор дар ҳузури қозиву тамоми зиндониёни дигар мегӯяд: “Акаи Маҳмадалӣ маро бубахш, ки ман дар бораи худат иштибоҳ мекардам ва фикр мекардам, ту дар байни мо бегонаӣ. Аммо имрӯз бароям собит шуд, ки ту беҳтарин инсон ва ҷавонмардтарин шахс дар байни мо будаӣ.”

Раиси ПМТ дар идома бо ишора ба баёния ДОЪИШ, ки масъулияти қатлу куштор дар зиндони Ваҳдатро ба ӯҳда гирифтааст, хотирнишон кард: “Ман баёнияи ДОИШ-ро хондам. Дар ин баёния ду бор истилоҳи “муртад” дар мавриди ҲНИТ омадааст. Он ҷавонон аз куҷо ин вожаҳои диниро медонанд? Бубинед, чанде пеш дар нашрияи СССР, мусоҳибае бо як генерали амниятӣ нашр шуда буд, ки гуфтааст, Кабирӣ ва ҲНИТ муртад ҳастанд. Ин тавр вожаҳоро амниятиҳо истифода мебаранд, ки баъд шоҳиди ин мусибатҳои теруристӣ мешавем.”

Кабирӣ дар бахше дигар аз суханони худ, бо ишора ба роҳбандиҳое, ки ахиран дар шаҳри Душанбе ва дар пайи баргузории иҷлоси сарони узви кишварҳои Конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё эҷод шуд, гуфт: “Раҳбарияти кишвар шарм медоранд, ки меҳмонон шаҳрвандони кишварашонро бинанд. Барои ҳамин аст, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳо, роҳҳоро мебанданду бозорҳову донишгоҳҳоро таътил мекунанд.”

Раҳбари ПМТ дар бораи “тазоҳуроти” чанд рӯз қабл дар Душанбе, ки алайҳи озодсозии Бузургмеҳр Ёров баргузор гардид, гуфт: “Тазоҳурот дар Душанбе, алайҳи Бузургмеҳр Ёров набуд, балки эътироз ба заҳамоту корҳои решаии бархе аз бародарону хоҳароне буд, ки тавонистанд чунин парвандаҳоро ба болотарин минбари байналмилалӣ, Созмони Милали Муттаҳид расонданд. Коре, ки ҳукуматро ба ларза даровард.”

Тасовире аз ин ҳамоиш:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: