Перейти к содержимому

Оғози ҳамоиши “Ёдбуди қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон” дар Варшав (тасовир)

Соате пеш дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон, ҳамоише бо унвони “Ёдбуди қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон” ба ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), оғоз ба кор кард.

Дар ин ҳамоиш, илова бар шуморе аз тоҷикони муқими Урупо, ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ — раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Шарофиддин Гадоев — узви Шӯрои олии ПМТ ва раҳбари ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Алим Шерзамонов – раиси иҷроияи АОТ ва узви Шӯрои олии ПМТ, Темур Варқӣ – рӯзноманигор, узви Шӯрои раҳбарии АОТ ва узви Шӯрои олии ПМТ, Шамсиддин Саъид — узви Риёсати олии ҲНИТ ва узви Шӯрои олии ПМТ, Муҳаммадҷон Нурӣ – узви Риёсати олии ҲНИТ, Шоҳнаъим Карим – узви Риёсати олии ҲНИТ ва узви Шӯрои олии ПМТ, Абдусаттор Бобоев – раиси КШНГЗ, Бобоҷон Қаюмов – сухангӯи ҲНИТ ва дигарон ширкат доранд.

Алим Шерзамонов, дар суханронии худ, бо ишора ба вазъияти вахими зиндониён дар Тоҷикистон аз ҷумла ёдовар шуд: “Дар ин ҳавои гарме, ки мо дар Варшава таҳаммул карданаш наметавонем, дар зиндонҳои Тоҷикистон мардуме дар шароити ба маротиб бадтар аз ин ба сар мебаранд, ки ҳатто ба зинда мондани худ ҳам умед надоранд.”

Вай афзуд: “Вақте ҷавоне, ки ба хотири дуздии ночиз ду сол зиндон шудаасту дар ошӯб ҷонашро аз даст медиҳад, он вақт дигар чӣ гуна зиндониён умеди зинда мондан дошта бошанд?

Қорӣ Муҳаммадҷон Нурӣ низ дар суханронии худ, зимни хайрамақдами ҳозирин таъкид кард: “Алим Шерзамонов агар шуҳадои баъди сулҳро ёдоварӣ карданд, агар ман шуҳадои баъди истиқлолиятро ёдоварӣ кунам, соатҳо мешавад дар бораи онҳо сухан гуфт. Аслан ҳисобаш аз дасти ҳама даррафтааст, ки миллати мо то ҳоло пас аз истиқлолият чӣ қадр шаҳиду қурбонӣ додааст ва чӣ қадри дигар қурбонӣ хоҳад дод.”

Вай афзуд: “Мо вақте бо шуҳадову муборизине, ки ҷони худро барои ватану кишвар қурбон карданду таслим нашуданд, дар он дунё вомехӯрем, рӯсафед бошем.”

Нурӣ, бо ишора ба ҳодисаҳои зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат хотирнишон кард: “Ҳукумат то кунун ҳеч далели муваҷҷаҳ ва қобили қабуле дар мавриди ду куштори зиндони Ваҳдату Хуҷанд ба миллат тақдим накардааст.”

Ин ҳамоиш дар ҳоли баргузорӣ аст ва ахбори он мутаъоқибан эълом хоҳад шуд.

Тасовире аз ин ҳамоиш:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: