Перейти к содержимому

Фишурдаи суханони суханронони ҳамоиши “Ёдбуди қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон” дар Варшав

Имрӯз (16 июн) дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон, ҳамоише барои ёдбуди қурбониёни зиндонҳои Тоҷикистон ба ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ) баргузор гардид.

Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигор ва узви Шӯрои олии ПМТ, дар суханронии худ дар ин ҳамоиш, бо ишора ба ҳодисаи ду зиндони Ваҳдат ва Хуҷанд гуфт: “Кушторҳои зиндонҳо вазъияти кулли Тоҷикистонро нишон дод. Ҳамаи мардум дар Тоҷикистон мисле ки дар зиндон зиндагӣ мекунанд ва ҳамон воқеияти “Синдроми Стогколм”-ро мемонад, ки асирон аз тарс ба гаравгонгирон ошиқ мешаванд.”

Вай афзуд: “Мо бояд тарсро аз дилҳои худ дур кунем.”

Варқӣ дар бахши дигаре аз суханони худ, бо баёни ин ки “бисёр нангин аст, ки вакте як мусибат болои қишре меояд, бархе қишрҳо аслан эҳсос намекунанд” гуфт: “Бархеҳо мӯътақиданд, ки журналистони наҳзатӣ журналист нестанд.” Вай пурсид: “Бо ин ҳисоб, оё Отахон Латифӣ, ки ҳизбӣ буд, журналист набуд?

Варқӣ дар бахше дигар аз суханони худ, бо баёни ин ки ваҳдати миллии воқеӣ вуҷуд надорад ва Раҳмон ҷанги дохилиро идома дода истодааст, гуфт: “То кунун мафҳуми миллат дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст. Устод Нурӣ мегуфт, дар Тоҷикистон ҳам коммунист, ҳам диндор, ҳам либерол ва ҳам бедин ва ҳама гуна қишрҳо зиндагӣ мекунанд ва ҳар гуна инкори як қишр, мафҳуми миллатро аз байн мебарад.”

Ӯ афзуд: “Мо то кунун ба ҳамон ҳадде, ки устод Нурӣ мафҳуми миллатро шарҳ додааст, нарасидаем.”

Абдусаттор Бобоев, раиси КШГНЗ ва яке дигар аз суханронони ин ҳамоиш, дар суханони худ, бо ишора ба шаҳодати Эшони Қиёмиддин изҳор дошт: “Ҳукми қатли Эшони Қиёмиддинро шахси Раҳмон содир кардааст.”

Вай афзуд: “Вақте Раҳмон мегӯяд, Эшони Қиёмиддин пурра шиъа шудааст ва хиёнат кардааст, оё ин ғайр аз ҳалол кардани хуни Эшони Қиёмиддин мебошад?

Раиси КНШГЗ дар бораи Шайх Темур гуфт: “Ман Шайх Темурро намешинохтам, фақат чанд вақт пеш аз зиндон шуданаш, аз як корманди амният фаҳмидам, ки шахсе дар як ҷои дурдаст дар кӯҳе ҷо гирифтаасту даъват ба тасаввуф мекунад.”

Вай, дар идома, бо баёни ин ки ин шайх дар байни мардум аз маҳбубият бархӯрдор буд, афзуд: “Аммо амният барои пайгирӣ ва дастгирии ӯ ба онҷо ҳам одам фиристода буд; аз маҳбубияти ӯ дар байни мардум тарсиданд ва аз ин рӯ ӯро ҳам зиндонӣ карданд.”

Дар идома Абдусаттор Бобоев бо баёни ин ки “рафторҳои ин ҳукумат идомаи ҳамон ҷинояткории Фронти халқӣ аст” гуфт: “Намунаи ҷинояткории инҳо ба ҳадде аст, ки 10 сол пеш яке аз раҳбарони Фронти халқӣ ба номи Иброҳим Исмоил, фарзанди худашро парронд, вале ҳаргиз ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва ҳоло ҳам озод мегардад.”

Вай афзуд: “Аммо ҳукумат имрӯз як нафарро танҳо ба хотири ин ки замоне ҳамроҳ бо Мирзо Зиё будааст ва ё дар Баталёни 25 хидмати ҳарбӣ кардааст, муҳокима ва зиндон мекунад.”

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбитши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва узви Шӯрои олии ПМТ, яке дигар аз суханронони ин ҳамоиш буд.

Вай дар суханронии худ, бо ишора ба ҳодисаи зиндонҳо дар Тоҷикистон гуфт: “Куштори зиндонҳо фоҷеаи як ҳизб ё гурӯҳе нест, балки фоҷеаи миллӣ аст.”

Вай афзуд: “Онҳо мекушанд, метарсонанд ва ҷиноятҳои худро мепӯшонанд ва ҳеч коре барои пешрафти кишвар накардаанд.”

Гадоев таъкид кард: “Бояд ҳамаи қишрҳои миллат алайҳи ин ҳукумати золим бапо хезанд.”

Яке дигар аз суханронон Гулбарг Сайфова, ҳамсари яке аз зиндониёни сиёсӣ буд. Вай таъассуроти худ аз вуқӯи фоҷеа дар зиндони Ваҳдатро ин гуна шарҳ дод: “Вақте ин хабари шумро шунидем, хеле нороҳату асабӣ будам ва аз ҳар тараф мепурсидам, ки киро куштаанд ва чӣ шудааст? Писарам аз ман пурсид, оча, падари маро ҳам куштаанд? Ман намедонистам ба ӯ чӣ ҷавоб гӯям. Фақат ҳамин қадар гуфтам, ки намедонам.”

Вай бо баёни ин ки набояд ҳеч тоҷике дар мавриди зиндониёни сиёсӣ бетараф бошад, даъват намуд, ки дар мавриди зиндониён ихтилофоти худро як тараф гузошта, барои озодии онҳо саъйю кӯшиш кунанд.

Сайфова идома дод: “Духтарҳоям бошанд бо нигоҳҳои ғамангез гоҳ ба ман ва гоҳ ба писарам менигаристанд. Ин ҳолат маро каме ба худ овард ва аз худам фаромӯш кардам ва гузаштам ба ором намудани писари гирён ва духтарҳои ҳайронам. Ба писарам гуфтам, ором шав Абдулло! Чизе намедонам ва агар падари ту ҳам кушта бошанд, хушо ба ҳолат, падарат шаҳид ва ту писари шаҳидӣ, ва ин саодати бузурге аст!

Ин бону афзуд: “Аз ин ҳукумати золим ҳама чиро интизор шудан мумкин. Ин гуфтугӯ бо писарамро барои ҳамкорони лаҳистониям нақл намудам ва фоҷеаи зиндонро барояшон фаҳмондам. Онҳо дар ҳоле, ки аз ин фоҷеаи даҳшатнок нороҳат буданд, мегуфтанд, чаро шумо бо ин ҳама зулм хомӯшед? Магар он куштаҳо модар, хоҳар ва ҳамсар надоранд? Чаро садо баланд намекунед? Чаро аз ҳуқуқи наздиконатон дифоь намекунед? Суол медоданд ва мунтазири ҷавоб нашуда худашон посух медоданд: бубин, мо ҳатто барои ҳуқуқи ҳайвонҳоямон чӣ гуна кӯшишу заҳмат мекашем, то касе ҳуқуқашонро поймол накунад. Шумо мусалмонҳо ин қадар ба зулм сабр доред. Шояд ваъдаи биҳишт шуморо ин қадар сабур сохтааст.”

Холиди Муҳаммадсаъид, узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ яке дигар аз суханронони ин ҳамоиш, дар суханони худ гуфт: “Он чи дар зиндони Ваҳдат гузашт, худ қатли омми тоҷикон ё шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва бешак аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномарезӣ шуда буд.”

Вай афзуд: “Пеши ин зулмро гирифтан барои як ҳизб ё ҳаракат шояд душвор бошад. Аммо барои мардум ва тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, шахсиятҳои бонуфузи кишвар, шоирону нависандагон, ҳуқуқшиносону шахсиятҳои алоҳидаи сиёсӣ ва ҳар кӣ дилаш ба кишвару миллат месӯзад, кишвари пешрафта ва озодии мардуми худро дар он мехоҳад, душвор нест. Дар якҷоягӣ мешавад дасти золимонро аз сари кишвару миллат кутоҳ кард.”

Дар ин ҳамоиш, ду навор ба намоиш гузошта шуд: яке оиди қурбониёни кушторҳои зиндонҳо ва дуюмӣ оиди мавориди мухталифе аз шиканҷа ва бадрафториҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: