Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (375)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (2)

* * *

Ман бигӯям: суҳҳ нӯшат, кист он

Аз табибон пеши ту? Гӯяд: фалон.

Ман дар ҷавобаш хоҳам гуфт: офият бошад, нӯши ҷонат! Сипас мепурсам: кадом як аз ҳакимон бар болини ту омадааст? Бемор мегӯяд: фалон ҳаким.

Суҳҳ: мухаффафи саҳеҳ аст, тасдиқ ва имзои чизе.

Ман бигӯям: бас муборакпост ӯ,

Чунки ӯ омад, шавад корат накӯ.

Ман ба бемор хоҳам гуфт: ӯ ҳакими муборакқадаме аст. Агар ӯ бар болини ту ҳозир шавад, кори ту рӯ ба роҳ мегардад.

Пойи ӯро озмудастем мо,

Ҳар куҷо шуд, мешавад ҳоҷат раво.

Мо қадами он ҳакимро озмудаем ва дар бораи ӯ таҷрибаҳо омӯхтаем. Ҳар куҷо ӯ биравад, ҳоҷати инсонро раво мекунад.

Ин ҷавоботи қиёсӣ рост кард,

Пеши он ранҷур шуд он некмард.

Он ношунаво бо қиёсҳои фарзии худ ин посухҳоро дар қалбаш оросту муназзам намуд. Сипас он марди некдил бар болини бемор ҳозир шуд.

Гуфт: чунӣ? Гуфт: мурдам. Гуфт: шукр,

Шуд аз ин ранҷур пурозору нукр.

Ношунаво ба бемор гуфт: ҳолат чӣ тавр аст? Бемор гуфт: дорам мемирам. Ношунаво гуфт: шукр Худоро! Бемор аз ин ҳарф сахт барошуфт ва ранҷидахотир гашт.

Нукр: носипосӣ, нохуш ва ношоиста.

К-ин чӣ шукр аст? Ӯ адувви мо будаст?

Кар қиёсе карду он каж омадаст.

Бемор бо худ гуфт: ин чӣ ҷои шукру сипос аст?! Магар ӯ бо ман сари ъиноду ситез дорад? Шояд ҳам ин ҳамсоя пеши худ қиёсе номуносибу воруна кардааст.

Адувв: душман.

Баъд аз он гуфташ: чӣ хӯрдӣ? Гуфт: заҳр,

Гуфт: нӯшат, сиҳҳа. Афзун гашт қаҳр.

Сипас ношунаво бе бемор гуфт: чӣ хӯрдаӣ? Бемор аз шиддати нороҳатӣ гуфт: заҳри мор хӯрдаам. Он ношунаво рӯ ба бемор кард ва гуфт: нӯшат бод, офият бошад! Бемор сахт асабонӣ шуд.

Сиҳҳа: саломат бошӣ, офият бошӣ.

Баъд аз он гуфт: аз табибон кист ӯ,

Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?

Он гоҳ ношунаво ба бемор гуфт: кадом ҳаким назди ту омадааст, то дармонат кунад?

Гуфт: Азроил меояд, бирав,

Гуфт: пояш бас муборак. Шод шав!

Бемор аз шиддати хашму нороҳатӣ гуфт: Азроил, дармонкунандаи ман аст, даст аз сарам бардор! Ношунаво дар посух гуфт: қадамаш хеле муборак аст, шодмон шав!

Кар бурун омад, бигуфт ӯ шодмон:

Шукри он аз пеш кардам ин замон.

Ношунаво аз ҳузури бемор берун омад ва дар ҳоле, ки шодмон буд, гуфт: шукр Худоро, ки муроъоти ҳолаш кардаму хотирашро ба даст овардам.

Гуфт ранҷур: ин адувви ҷони мост,

Мо надонистем, к-ӯ кони ҷафост.

Бемор бо худ гуфт: мо намедонистем, ки ин ҳамсоя душмани ҷони мост ва одами ҷафокоре аст.

Ҷафо: ситам, бедод.

Хотири ранҷур ҷӯён шуд сақат,

То ки пайғомаш кунад аз ҳар намат.

Он бемори шикастадил мехост, ки сад гуна носазо ва пайғоми дурушт барои он шахси ношунаво бифиристад.

Сақат: дашном, носазо. Намат: равиш, тариқа, навъ.

Чун касе, ки хӯрда бошад оши бад,

Мебишӯронад дилаш, то қай кунад.

Ба унвони мисол, касе, ки оши бадмазза ё ҳар таъоми ногуворе хӯрда бошад, дилаш баҳам мехӯрад ва ҳолати таҳаввуъ пайдо мекунад ва билохира ҳам бояд истифроғ кунад, то роҳат шавад.

Казми ғайз ин аст онро қай макун,

То биёбӣ дар ҷазо ширин сухун.

Пас, ҳар гоҳ андаруни ту аз оташи хашм оканда шуд, фурӯ хӯрдани хашм он аст, ки хашму ғазаби худро ошкор макунӣ, то дар изои он сухани ширин биёбӣ.

Казми ғайз: хашми худро фурӯ бурдан.

Нукта: Ишора аст ба ояти 134 сураи Оли Имрон:

الَّذِينَ يُنْفِقُونَ فِي السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ

Ҳамонҳо, ки дар гушодагӣ ва сахтӣ инфоқ кунанд, нигаҳдорони хашм ва бахшандагони мардуманд

Чун набудаш сабр, мепечид ӯ,

К-ин саги занрӯсапии ҳез ку?

Аз он рӯ, ки он бемор наметавонист суханони ношунаворо тоб оварад, сахт нороҳату парешон шуда буд ва ин гуна дашном медод: ин саг куҷост? Ин зани бадкораи ҳарза куҷост?

Ҳез: номарду муханнасро гӯянд.

То бирезам бар вай он чӣ гуфта буд,

К-он замон шери замирам хуфта буд.

То он суханоне, ки дар ҳолати бемориам ба ман гуфта буд, ба худаш бозгардонам. Яъне посухи ӯро бидиҳам. Зеро то он вақт, шери замирам хоб буд ва тоқат надоштам посухаш диҳам. Ба иборате, дар он ҳолати парешонӣ, зеҳнам кор намекард, то посухи носазоҳои ӯро бидиҳам.

Чун иёдат баҳри дилоромӣ аст,

Ин иёдат нест, душманкомӣ аст.

Зеро иёдат аз бемор, барои оромиш додан ба бемор аст, вале ин иёдат набуд, балки душманӣ варзидан буд.

Душманкомӣ: амале, ки мутобиқи майли душман аст.

То бибинад душмани худро назор,

То бигирад хотири зишташ қарор.

Ӯ мехоста, ки хасми худро дар ҳоли заъфу нотавонӣ мушоҳида кунад, то он ки хотираш ором гирад.

Назор: лоғар, нотавон.

Нукта: Ҳам он ношунаво ва ҳам ин бемор, ҳар ду, қиёсҳои нобаҷо сохтаанд. Дар ҳоле, ки дар ботин ҳеч ихтилофу низоъе надоштаанд, лекин ҳамин қиёсҳои нораво сабаби тафриқа ва ҷудоӣ шуда буд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.971)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: