Перейти к содержимому

Мурсӣ чӣ гуна ба хок супурда шуд // Вокуниши мақомоти кишварҳо ба даргузашти вай

Расонаҳои Миср гузориш доданд, ки пайкари Муҳаммад Мурсӣ, нахустин ва вопасин раисиҷумҳури мунтахаби Миср, ки дирӯз дар ҷаласаи додгоҳ даргузашт, субҳи имрӯз (сешанбе, 18 июн) дар шарқи Қоҳира ба хок супурда шуд.

Пайкари Муҳаммад Мурсӣ субҳи имрӯз (сешанбе, 18 июн) дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ва ҳузури хонавода ва вакили вай, ва бидуни ҳузури ҳаводорони ӯ, дар қабристоне дар шарқи Қоҳира ба хок супурда шуд.

Дирӯз телевизиюни расмии Миср гузориш дод, ки фавти Мурсӣ бар асари сактаи қалбӣ будааст. Ин телевизиюн зимни эъломи хабари фавти Мурсии 68-сола, гуфт, ки раисиҷумҳури собиқ ҳангоми ҷаласаи муҳокимааш дар хусуси парвандаи ҷосусӣ, баъд аз касби иҷоза аз қозии додгоҳ барои дифоъи худ дар бораи иттиҳоми “ҷосусӣ барои ҷунбиши Ҳамос ва Қатар” беҳуш шуд ва фавт кард.

Ва ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср давлати Мисрро масъули ин ҳодиса дониста ва онро “қатли амд” хонд.

Гуфтанист, Муҳаммад Мурсӣ, дар моҳи августи 1951 дар рустои Алъадва дар устони Ашшарқияи Миср ба дунё омадааст. Ӯ панҷумин раисиҷумҳури Миср ва аввалин раисиҷумҳур пас аз Инқилоби 25 январи 2011 ва нахустин раисиҷумҳури мунтахаби таърихи Миср аст.

Вай пеш аз риёсати ҷумҳурӣ, узви дафтари иршоди ҷамоати Ихвонулмуслимин буд ва риёсати ҳизби Озодӣ ва адолатро пас аз таъсиси он бар ӯҳда гирифт.

Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 ва дар як кудетои низомӣ тавассути Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури кунунии Миср ва бо кӯмаки ду кишвари Саудӣ ва Амороти Муттаҳида, сарнагун ва равонаи зиндон шуда буд.

То кунун, аз миёни кишварҳои минтақа, ба ҷуз мақомоти Туркия, Қатар ва Эрон, дигар ҳеч мақоми давлатие ба даргузашти Мурсӣ вокуниш нишон надодаанд.

* * *

Вазорати умури хориҷаи Ҷ. И. Эрон даргузашти Мурсиро таслият гуфт

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, хабари даргузашти Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури собиқ ва баромада аз нахустин интихоботи бузурги мардумӣ баъд аз пирӯзии наҳзати мардумии Мисрро мӯҷиби таассур ва таассуф хонд ва изҳор дошт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эҳтиром ба дидгоҳҳои миллати бузург ва рашиди Миср, даргузашти марҳум дуктур Муҳаммад Мурсиро ба мардум, хонавода ва бозмондагону дӯстдорони вай таслият мегӯяд ва барои он марҳум, ғуфрону раҳмати восеъаи илоҳӣ ва барои бозмондагони эшон сабру аҷр ва барои миллати бузурги Миср муваффақияти рӯзафзӯн орзуманд аст.”

* * *

Вокуниши густардаи мақомоти Туркия

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, нахустин мақоми давлатие буд, ки ба фавти Муҳаммад Мурсӣ вокуниш нишон дода ва ӯро ба унвони шаҳид муаррифӣ кард.

Ардуғон навишт: “Бародари шаҳидам Муҳаммад Мурсӣ, яке аз бузургтарин муборизаҳои роҳи демукросиро раҳбарӣ кард ва нахустин раисиҷумҳури баргузидаи миллати Миср буд.”

Ардуғон ҳамчунин дар баробари дурбини шабакаҳои телевизиюнии Туркия ҳузур пайдо кард ва бо ба кор бурдани иборати “Сисии золим”, як бори дигар хашми худро нисбат ба таҳаввулоти чанд соли ахири Миср нишон дод.

Илова бар Ардуғон, бисёре аз мақомоти сиёсии ҳизби ҳоким ва ҳамчунин аҳзоб ва сиёсатмадорони дигари Туркия низ ба фавти Муҳаммад Мурсӣ вокуниш нишон доданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: