Перейти к содержимому

Намунаи барҷастаи нақзи ҳуқуқи инсон дар қарни 21

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Касе наметавонад мункири ин воқеият бишавад, ки дар қарни 20 ва ин қарн яъне қарни 21, дифоъ аз ҳуқуқи башар яке аз асоситарин дағдағаҳои инсонҳо ва ҳатто ҳукуматҳо ва маҷомеи байналмилалӣ будааст. Имрӯза ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалии фаровоне дар ин арса фаъолият мекунанд. Асосан, бар пояи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки дар Маҷмаъи СММ дар таърихи 10 сентябри 1948 ба тасвиб расидааст, ҳукуматҳо муваззаф ба риояти так-таки моддаҳои ин эъломия ҳастанд; дуруст мисли пойбандиашон ба маводди қонуни асосии кишварҳои худ.

Дар гузашта чунин набуд. То миёнаҳои қарни 20-ум, ҳуқуқи инсон шояд охирин чизе буд, ки ҳукуматҳо ба он фикр бикунанд. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст.

Аммо бо ин ҳама, дар ин ду қарн низ, мавориде аз нақз (ва ба истилоҳ, поймол шудан)-и ошкори ҳуқуқи инсонҳо ба чашм мехӯрад, ки на ҳукуматҳо — махсусан абарқудратҳо бино бар масолеҳу манофеъи сиёсиашон – ба он эътино мекунанд ва на созмонҳо ва ниҳодҳои фаъол дар арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва на ҳатто шахсиятҳои барҷастае, ки дам аз дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо мезананд. Мутаассифона, роҳат аз канори он рад мешаванд, ингор ҳеч иттифоқе наафтода.

Яке аз ин маворид, сарнагунии раисиҷумҳури мунтахаби Миср, Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 аз тариқи як кудетои низомӣ бо пул ва ҳимояти сиёсии чанд давлат аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ва он ҳам, дар як сукути маънодори ҷомеаи ҷаҳонӣ. Мурсӣ пас аз сарнагунӣ, боздошт ва ба зиндон андохта шуд ва дирӯз (17 июн) ин мард дар ҳангоми ҷаласаи додгоҳ, мазлумона, ҷон ба ҷонофарин супурд.

Ин пурсишро на ба унвони як мусалмон, балки ба унвони як инсон матраҳ мекунам, ки агар ин иттифоқи талх бо як сиёсатмадори оддии ғайриисломгаро, на як раисиҷумҳури мунтахаби мардумӣ, ва дар кишваре ғайр аз Миср, рух медод, оё шоҳиди чунин бетафовутӣ ва сукути маънодори ҷаҳониён мебудем?! Ҳаргиз ва абадан! Балки кишварҳои узви доими Созмони Милали Муттаҳид, ва дар раъси онҳо Омрико, билофосила як ҷаласаи фаврии Маҷмаи умумии СММ-ро ташкил медоданд, ва он гоҳ ба ин далел, ки як президенти мунтахаб ба роҳи комилан ғайримашрӯъ ва кудето сарнагун шудааст, алайҳи кудетогарон ва омилони пушти пардаи он, парвандаи ҷиноӣ боз мешуд ва онҳо дар як додгоҳи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор мегирифтанд. Ва аз як тараф ҳам, шахсиятҳо ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар гӯши ҳамаро кар мекарданд. (Албатта, буданд ва ҳастанд созмонҳо ва шахсиятҳое, ки дар Ғарб барои Мурсӣ садо баланд карданд. Ин воқеият ҳам ғайриқобили инкор аст.)

Оё касе дар ин матлаб шак дорад?! Фикр накунам.

Аммо дар иртибот бо ин мард, барои чӣ якчунин рафторе сурат гирифт?! Оё ранги хуни ӯ бо ранги хуни соири афроди башар фарқ мекунад?! Ё далелаш ин аст, ки андеша ва афкори ӯ мавриди писанд ва қабули ҳукуматҳо ва афроде, ки зимоми идораи дунё дар дасти онҳост, намебошад? Далелаш чист?!

* * *

Шаҳодати мазлумонаи Муҳаммад Мурсӣ дар дирӯз ва дар якчунин ҳолат ва вазъияте, ба назари ман, ниқобро на танҳо аз чеҳраи бисёре аз давлатҳое, ки дифоъ аз инсон ва озодиҳои ӯро шиори худ қарор додаанд бардошт ва воқеияти онҳоро ошкор сохт, балки собит кард, ки афрод ва шахсиятҳое ҳам, ки дам аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва балки ҳуқуқи ҳайвонот сухан мегӯянд ва барои он “талош” мекунанд, сӯгириҳо ва ҷиҳатгириҳо ва мавзеъгириҳояшон, ҳама ҷонибгароёна будааст.

Бетардид, шаҳодати мазлумонаи Муҳаммад Мурсӣ, намунаи боризи нақзи ошкори ҳуқуқи инсон дар қарне, ки ҳама дам аз он мезананд, мебошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: