Перейти к содержимому

Ҳуқуқи башари Созмони Милал хостори таҳқиқи мустақил дар бораи фавти Мурсӣ шуд

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар пайи марги машкуки Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури собиқи Миср дар ҷаласаи додгоҳ, гуфт, ки бояд “таҳқиқоти мустақил дар ин замина сурат бигирад.”

Созмони Милал дар баёнияе, ки имрӯз (сешанбе, 18 июн) онро мунташир кард, хостори анҷоми таҳқиқоти мустақил дар бораи марги Мурсӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, дар идомаи баёния омада, ки дар таҳқиқот бояд ҳамаи ҷавониби дармони раисиҷумҳури собиқи Миср дар тӯли 6 соли зиндониаш мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Руперт Кулвил (Rupert Colville), сухангӯи Кумисориёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар ин бора гуфт, ки бояд шароити боздошти Мурсӣ аз ҷумла имкони дастёбии вай ба бемористон, вакил ва хонаводааш дар тӯли 6 соли боздошташ баррасӣ шавад ва “ба назар мерасад, ки вай муддати замони тӯлонӣ дар ҳабси инфиродӣ ба сар мебурд.”

Вай таъкид кард ки “бояд як кумитаи қазоии вежа ё як кумитаи мустақил аз дастгоҳе, ки Мурсиро боздошт карда буд, барои анҷоми таҳқиқоти фаврӣ ва солим иқдом кунад.”

Созмони афви байналмилал (Amnesty International) низ бо ишора ба корномаи Миср дар боздоштҳои тӯлонимуддати зиндониён дар селлулҳои инфиродӣ, иҷрои таҳқиқот дар бораи марги Мурсиро хостор шуд.

Афви байналмилал дар гузориши худ овардааст, ки “Миср корномаи баде дар бораи боздоштҳои тӯлонимуддати зиндониён дар селлулҳои инфиродӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён дорад, ки ҳамин амр иҷрои таҳқиқот дар бораи марги Мурсиро зарурӣ месозад.”

Дар идомаи вокунишҳо ба даргузашти ногаҳонии Муҳаммад Мурсӣ, Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ҳам рӯзи сешанбе дар баёнияе аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал хост дар бораи тайфи васеъе аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Миср аз ҷумла марги Мурсӣ таҳқиқот анҷом диҳад.

Гуфтанист, дирӯз телевизиюни расмии Миср зимни эъломи хабари фавти Мурсии 68-сола, гуфт, ки раисиҷумҳури собиқ ҳангоми ҷаласаи муҳокимааш дар хусуси парвандаи ҷосусӣ, баъд аз касби иҷоза аз қозии додгоҳ барои дифоъи худ дар бораи иттиҳоми “ҷосусӣ барои ҷунбиши Ҳамос ва Қатар” беҳуш шуд ва фавт кард.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср давлати Мисрро масъули ин ҳодиса дониста ва онро “қатли амд” хонд.

Муҳаммад Мурсӣ, дар моҳи августи 1951 дар рустои Алъадва дар устони Ашшарқияи Миср ба дунё омадааст. Ӯ панҷумин раисиҷумҳури Миср ва аввалин раисиҷумҳур пас аз Инқилоби 25 январи 2011 ва нахустин раисиҷумҳури мунтахаби таърихи Миср аст.

Вай пеш аз риёсати ҷумҳурӣ, узви дафтари иршоди ҷамоати Ихвонулмуслимин буд ва риёсати ҳизби Озодӣ ва адолатро пас аз таъсиси он бар ӯҳда гирифт.

Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 ва дар як кудетои низомӣ тавассути Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури кунунии Миср ва бо кӯмаки ду кишвари Саудӣ ва Амороти Муттаҳида, сарнагун ва равонаи зиндон шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: