Перейти к содержимому

Доктор Муҳаммад Мурсӣ ва ҷамоати Ихвон ул-муслимин

Ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ

Ҳаракати бародарони мусулмон (ҷамоъати Ихвон ул-муслимин)-ро Ҳасан Ал-Банно (Ҳасанулбанно раҳматуллоҳи алайҳӣ) соли 1928 пас аз байн бурда шудани хилофати исломӣ-усмонӣ, ки мусулмонон ва кишварҳои исломӣ тавассути он ҳимоят мешуд, таъсис дод. Ҳадафи ҳаракат ташаккули шахсияти мусулмони воқеъӣ ва муосир, ташкили оила, муҷтамаъи намуна ва сохтани давлат бар пояи адолати илоҳӣ ва озодиҳои иҷтимоъӣ аст. Соли 1949 баъди он, ки ҳаракат дар олами арабӣ ва исломӣ аз истиқболи васеъ бархурдор ва омили ваҳдату якпорчагии ҷамъияти васеъи мусулмонӣ мегардад, дар як суиқасд Ҳасанулбанно (р) ба шаҳодат мерасад.

Аз он, ки фаъолияти Ҳаракати Ихвонулмуслимин аз тарафи ҳокимон ва ҳукуматҳои давр, борҳо манъ қарор мегирад, бо номҳои гуногун ҳифз ва дигар роҳҳо ба фаъолияти худ идома медиҳад. Аъзо ва тарафдорони он борҳо бо анвоъи туҳматҳо гирифтор ва зиндонӣ мегарданд, дар корҳои вазнини тоқатфарсо иҷборан кор фармида мешаванд, вале сабру таҳаммул пеша мекунанд, то аҳдофи волои ҳаракат ва масъулити сангини ба зимма доштаашон таҳаққуқ ёбад.

Қиёми мардумӣ бо номи баҳори арабӣ оғоз меёбад. Дар бархе кишварҳои арабӣ мардум, ки ихвонулмуслимин ҷузъи онҳо ба шумор меравад ба кучаву хиёбонҳо мерезанд ва барканории ҳокимони карахту диктатори худро хоҳон мешаванд. Дар бархе аз кишварҳои худ мардум ба пирузӣ ноил мегарданд. Ҳаракатҳо ва ҳизбҳои мардумӣ руи кор омада, ҳукуматҳои навро бар асоси хостаҳои мардум таъсис медиҳанд. Миср дар байни мамолики арабӣ бар асоси мавқеъ ва ҷамъияти калон ва исломияш аз муҳимтарин кишварҳои арабӣ ба шумор меравад. Дар Миср баъди сарнагунии Муҳаммад Ҳусни Муборак, ки беш аз 20 сол мақоми раисҷумҳуриро тасоҳуб шуда буд, аз роҳи интихобот ва раъйдиҳии одилона, намояндаи ихвонулмуслимин, доктор Муҳаммад Мурсӣ пируз мешавад.

* * *

Аз маҳбас то раёсати ҷуҳурӣ

Муҳаммад Мурсӣ соли 1951 дар яке аз ноҳияҳои шарқии Миср дар оилаи заҳматкаш ва мутадайин ба дунё омадааст. Донишгоҳро соли 1975 бо тахасуси муҳандис бо дипломи сурхи аъло хатм намуда як сол сарбози ватан бо силоҳи низомии кимёвӣ хидмати аскарӣ кардааст. магестратура ва пас аз он номзади илмияшро соли 1982 бо тахассуси ҷобаҷогузории дастгоҳҳои фазоӣ ба даст оварда, дар донишгоҳи Зақозиқ ба ҳайси устод дар тахасуси касбии худ кору фаъоллият намудааст. Ҳофизи кулли Қуръон аст. Фаъолияти сиёсиро Ӯ соли 1977 бо шомил шудан ба ҳаракати ихвонулмуслимин оғоз карда, аз соли 1992 аъзои мактаби олии раҳбарӣ мебошад. Соли 2000-2005 як давра намояндаи мардум дар порлумон интихоб шудааст.

Дар аҳди раиси ҷумҳурии асбақ Ҳусни Муборак борҳо зиндонӣ шудааст. Бори охир 28 уми январ и соли 2011 субҳи рузи ҷумъа Муҳаммад Мурсӣ ҳамроҳ бо 34 нафар аз аъзои раҳбарии ихвонулмуслимин боздошт ва роҳии зиндон мешавад, ки баъдан ба сабаби вазидани насими демократия аз маҳбас озод ва дар маъракаи интихоботи Раиси Ҷумҳурӣ аз ҳизби Озодӣ ва Адолат номзад пешбарӣ шуда дар давраи дуюм бо касби бештари оро Раиси Ҷумҳурии Миср интихоб мешавад.

Доктор Мурсӣ ибтидо савганди садоқатмандии худро дар майдони Таҳрир дар ҳузури тазоҳуркунандагон бо калимоти “эътимоди ман ба Худо ва такягоҳам танҳо мардум мебошад” оғоз намуда, таъкид мекунад: “Мардум пояи қударти кишвар ба шумор рафта, раисҷумҳурон, вакилон ва намояндагон, дар умум хидматгузорони мардум мебошанд; мардум ҳаргоҳ бихоҳанд раис, вакил ва намояндагони худро бозмехонанд ва дигареро баҷои онҳо ихтиёр мекунанд; ман аз ин лаҳза намояндаи кадом ҳаракат ё ҳизб набуда, балки намояндаи тамоми мардуми Миср мебошам ва дар сурати ноуҳдабароӣ ва сар задани хиёнат ба савганди намудаам, мардум метавонанд аз ҳамин майдони Таҳрир маро барканор кунанд.”

* * *

Мурсӣ дар Макка мегиряд

Ҳамакнун Муҳаммад Мурсӣ баъди пушти сар кардани ранҷу мушкилоти зиёд Раиси Ҷумҳурӣ интихоб мешавад, ки шояд боре ҳам орзуяшро накарда буд. Ӯ шояд дар аввалин рузҳои фаъолияташ дарк кард, ки идораи давлат ва раҳбарии мардум кори содда ва осоне нест, махсусан барои Ӯ, ки аввалин раиси ҷумҳурии мардумие мебошад, ки аз тарафи мадум интихоб шудааст. Низоми идоракунии давлату мардум то имруз бо зулму зур ба роҳ монда мешуд, ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоъии мардум риоя намешуд, боз болои мардум миннат ниҳода мешуд, ки ин моем, ки давлат ва шуморо нигоҳ медорем ва барои он шукрона бояд кард, шукронаи ватан, шукронаи амнияту оромӣ ва шукронаи нозу неъмат ва дастархони пур.

Мурсӣ дар ҳоле раис интихоб шуд, ки 1,5 милион мардумаш танҳо дар Арабистони Саудӣ мардикорӣ мекунанд, ки бешатари он корҳои вазнини тоқатфарсо аст, ҳамин рақам ба се баробар афзоиш меёбад агар дигар кишварҳои халиҷӣ аз қабили Кувайт, Қатар, ва Аморти Муттаҳидаи арабӣ ба он изафа шавад. Ин рақамҳо хело боло мераванд, вақте Европа ва ҳар ду Америкои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Осиё ва ҳатто худи Африқоро, ки дар он ҳам муҳоҷирони бешумори корӣ аз ҳисоби мисриён дида мешавад, изофа шавад..

Мурсӣ аз нахустин рузи раисияш ин мушкилотро дарк мекунад ва нотавони худро дар мубориза бо боқимондаи режими собиқ ва тағйири он, ислоҳоти иқтисодӣ ва кадрӣ эҳсос мекунад. Инҳо ҳама ва ҳама аз мушкилоте мебошанд, ки Мурсӣ ҳали онҳоро ҷустуҷу кунад ва ваъдаи худ ба мардум ва ватанро сарбаландона анҷом диҳад.

Мурсӣ ба хотири ин ва дигар мушкилоте, ки дар рубаруяш қарор дорад ба Паёмбараш иқтидо мекунад. Руй ба суи Худо мекунад ва дар паҳлуи хонаи Худо бо қалби пур аз муҳаббати ба Ӯ ва марудму кишвараш бо резондани ашк аз нотавонии худ ва камбудии чораёбӣ дар баробари масъулияти пеши мардум, танҳо ба Аллоҳ шикоят мекунад ва дуъо мекунад.

Ҳоло муҳим нест Ӯ дар дуъояш аз Парвадигори худ чӣ хостааст, муҳим он аст, ки шояд таи садсолаҳо ин ҷониб ҳеҷ раиси давлте дида нашудааст, ки эътимоди худро ба Худо ва мардумро танҳо такягоҳ ва ҳисобот гиранда ва худро намоянда ва хидматгузори мардум қарор дода ғайр аз рақсу шодӣ ва базму тараб, дар мушкилоти мардуму кишвар худро муқассир дониста, ашк резонда бошад.

* * *

Барканорӣ, зиндон ва шаҳодат

Баҳори арабӣ хело зуд ба поён мерасад. Тирамоҳ ва ниҳоят фасли сардии ғаму гирифториҳо аз самти Ғарб, бо вазидани тунбоди зулму ҳуқуқпоймолкунӣ ҷойгузини насими демократия ва мардуммеҳварӣ мешавад. Мурсӣ, раисҷумури мунтахаби мардум барканор, барои ҳамеша зиндонӣ ва интихобкунандагонаш ба хоку хун кашида, диктаторони истибдодгар болои мардум мансуб ва аз тарафи “ҷомиъаи ҷаҳонӣ” эътироф мешаванд. Мурсӣ дар рузи душанбе, 17.06.2019 баъди 5 сол пушти панҷари зиндон қарор гирифтан, ба сурати мармуз ҷон ба ҷонофарин месупорад.

إنا لله وإنا اليه راجعون

Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгашти мо бешак ба суи Худост!

Мурсӣ (раҳматуллоҳӣ алайҳи) шаҳид аст. Сарони боинсофи кишварҳои арабӣ, ҷомиъаи шаҳрвандии Миср ва ҷомиъаи ҷаҳонӣ, раисҷумҳурони кишварҳои демократӣ, шахсиятҳои миллӣ, мазҳабӣ, Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқиву ҳаракатҳои озодихоҳӣ таслиятҳои хешро ҳамроҳ бо вокунишҳо нисбати даргузашти Муҳаммад Мурсӣ (р), то ин дам тақдим менамоянд. Бештари онҳо ҳукумати Мисрро диктатор ва золим қаламдод намуда, Мурсӣ (р)ро шаҳид ва даргузашти уро мусибат барои демократия ва адолату озодӣ дар минтақа муаррифӣ намуданд.

Албатта бародари мо доктор Муҳаммад Мурсӣ (р) шаҳид аст. Аллоҳ шаҳодати уро қабул кунад. Ман ҳам ин ҷониб таслият ва ҳамдардии худро ба хонаводаи эшон, мардуми шарифи Миср ва тамоми озодихоҳону адолатдустон тақдим медорам. Инро ҳам гуфтанӣ ҳастам, ки шаҳодати доктор Мурсӣ (р) воқеъан алами сахт бар пайкараи демократия ва озодихоҳону адолатдустон дар минтақа мебошад. Ва дар ҳоле ин шаҳодат даво барои рушди пайкари демократия ва адолатдустону озодихоҳон аст, ду паёми муҳимро бо худ дорад; фош намудани дуруягии муддаиёни демократия дар ҷаҳони муосир; огоҳӣ ба эътимоди ба худ дар сохтани сарнавишти миллат ва кишвар. Имруз ё фардои наздик ин боис мешавад тамоми мардум дар минтақа ба диктоторон пушт кунанд ва дар ҳамроҳ бо дигар ҳаракатҳои озодихоҳу адолатдуст бар алайҳи онҳо қиём намуда, ба зулму истибдоди онҳо хотима медиҳанд.

“… Пас мунтазир бошед, бешак мо ҳамроҳ бо шумо аз мунтазирон мемонем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: