Перейти к содержимому

Эрон паҳподи ҷосусии Омрикоро сарнагун кард

Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон субҳи имрӯз (20 июн) як фарванд паҳподи ҷосусии Global Hawk, ки мутаъаллиқ ба Омрикост дар халиҷи Форс сарнагун сохт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бомдоди имрӯз (панҷшанбе, 20 июн) як фарванд паҳподи ҷосусии Global Hawk-и Омрико баъд аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи рӯ ба рӯи кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгони ин кишвар, ҳадафи оташи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Бар асоси ин гузориш, паҳподи Global Hawk маҳсули ширкати Northrop Grumman-и Омрико бо номи ихтисории RQ-4 аст, ки ба манзури иҷрои амалиётҳои ҷосусӣ ва шиносоӣ ба кор гирифта мешавад. Global Hawk-ро метавон аз ҷумлаи таслеҳоти гаронқимати артиши Омрико баршумурд, чаро ки қимати ҳар фарванд аз ин паҳпод 220 милюн дулор аст ва аз ин ҳайс яке аз гаронтарин паҳподҳои омрикоӣ маҳсуб мешавад.

* * *

Омрико мегӯяд, паҳподи омрикоӣ вориди ҳарими ҳавоии Эрон нашудааст

Як мақоми низомии Омрико бе он ки ҳадаф қарор гирифтани ин паҳподро таъйид ё рад кунад, аммо муддаӣ шуд, ки ҳеч паҳподи омрикоие дар ҳарими ҳавоии Эрон ворид нашуда буд.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, копитон Бил Урбон (Bill Urban) дар нерӯи дарёии Омрико ва сухангӯи ситоди фармондеҳии марказии артиши Иёлоти Муттаҳида (ки ин артиш аз сӯи Эрон теруристӣ эълом шудааст), муддаӣ шуд, ки ҳеч ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ имрӯз дар ҳарими Эрон парвоз намекардааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки Лукос Томлинсун (Lucas Tomlinson), хабарнигори шабакаи Фокс-нюз ба нақл аз як мақоми артиши Омрико, гузориш дод: «Паҳподи MQ-4C мутаъаллиқ ба нерӯи дарёии Омрико, тавассути мушаки замин ба ҳавои эрониҳо бар фарози тангаи Ҳурмуз дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ ҳадаф қарор гирифтааст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: