Перейти к содержимому

Ардуғон: “Сукут намекунам, марги машкуки Мурсиро ба додгоҳи байналмилалӣ мекашонам”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар ин ки дар қиболи марги Муҳаммад Мурсӣ сукут нахоҳад кард, гуфт: “Ба назари ман, Созмони Милал ин марги машкукро баррасӣ карда ва омилони онро муҷозот хоҳад кард.”

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, зимни таъкид бар тамоюлаш ба байналмилалӣ кардани масъалаи марги Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини Миср, хотирнишон кард: “Созмони Милал муҷозоти омилони марги машкуки Мурсиро ба ӯҳда хоҳад гирифт.”

Ардуғон ҳамчунин тасреҳ кард: “Ман бар ин бовар ҳастам, ки Созмони Милал аз мавзеъи кишвари мо дар қиболи ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди саудӣ ҳимоят мекунад ва мавзӯи даргузашти Мурсиро баррасӣ ва омилони қатли вайро муҷозот хоҳад кард.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин гуфт: “Мо дар муқобили қатли раисиҷумҳури пешини Миср сукут нахоҳем кард, ҳатто агар Ғарб сокит боқӣ бимонад.”

Ардуғон унвон кард: “Саркӯби расонаҳо тавассути Миср шакку шубҳаҳоеро дар бораи марги Мурӣ эҷод кардааст.” Ӯ қавл дод, ки ба дунболи муҳокимаи давлати Миср дар додгоҳи байналмилалӣ бошад.

Ӯ бо дархост аз Созмони конфронси исломӣ барои иқдоми муносиб, Мурсиро шаҳид хонд ва гуфт, ки Мурсӣ ба марги табиӣ намурдааст.

Вай гуфт: “Туркия ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷиро фаромӯш нахоҳад кард ҳамон гуна, ки фоҷеаи Муҳаммад Мурсиро аз ёд нахоҳад бурд.”

Гуфтанист, додситонии кулли Миср гуфтааст, ки Муҳаммад Мурсӣ дар ҳангоми баргузории ҷаласаи додгоҳе, ки барои муҳокимаи вай дар хусуси парвандаи “ҷосусӣ” дар додгоҳи низомӣ тартиб дода шуда буд, ногаҳон беҳуш шуд ва даргузашт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: