Перейти к содержимому

Натонёҳу хостори ҳимояти ҷаҳониён аз Омрико дар баробари Эрон шуд

Дар ҳоле, ки Баҳрайн сарнагунии паҳподи омрикоӣ тавассути Эронро “хасмона” ва “буздилона” хонд, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар як паёми видеоӣ, муддаӣ шуд, ки Эрон тайи 24 соати гузашта “аъмоли хушунатомезе” алайҳи Омрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом додааст.

Натонёҳу аз “миллатҳои хоҳони сулҳу амният” хост, ки аз талошҳои Омрико барои муқобила бо Эрон ҳимоят кунанд.

Ин изҳороти Натонёҳу дар вокуниш ба сарнагунии паҳподи омрикоӣ дар осмони Эрон аст, ки падофанди мушакии Сипоҳи Посдорони ин кишвар онро бомдоди панҷшанбе баъд аз нақзи ҳарими ҳавоии Эрон соқит кард.

* * *

Баҳрайн, сарнагунии паҳподи омрикоӣ тавассути Эронро “хасмона” ва “буздилона” хонд

Изҳороти Натонёҳу дар ҳоле аст, ки Вазорати умури хориҷаи Баҳрайн иқдоми дифоъии Эрон дар сарнагун кардани як фарванд паҳподи таҷовузкарда ба ҳарими Эронро маҳкум ва онро “иқдоми хасмона” ва “буздилона” тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Баҳрайн, Вазорати хориҷаи Баҳрайн дар баёнияе, сарнагунии ин паҳподро “маҳкум ва ба шиддат аз он ибрози инзиҷор кард” ва муддаӣ шуд, ки ин паҳпод дар ҳарими байналмилалӣ сарнагун шудааст.

Баҳрайн ин иқдоми Эронро “амали хасмона” ва “ташдиди хатарноки таниши ғайримуваҷҷаҳ” хонд ва муддаӣ шуд, ки Эрон “амният ва суботи минтақаро ҳадаф қарор медиҳад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: