Перейти к содержимому

Тромп: “Намегӯям, ки он кишвар (Эрон) иштибоҳ кардааст, балки яке аз афроди таҳти фармондеҳӣ иштибоҳ кардааст”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар вокуниш ба соқит шудани паҳподи омрикоӣ дар фарози халиҷи Форс, бо баёни ин ки барояш сахт аст, ки бовар кунад касе амдан ин корро карда бошад, гуфт: “Эҳсосам ин аст, шояд ҳам иштибоҳ кунам, шояд ҳам дуруст бошад, эҳсосам ин аст, ки ин иштибоҳи як нафар буда, ки коре карда, ки набояд мекардааст. Муртакиби иштибоҳ шудааст. Намегӯям, ки он кишвар (Эрон) иштибоҳ кардааст, балки яке аз афроди таҳти фармондеҳӣ иштибоҳ кардааст.”

Вай, ки дар дидор бо Ҷостин Труду, нахуствазири Конодо дар Кохи сафед сӯҳбат мекард, гуфт: “Эрон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд. Ин паҳпод дар обҳои байналмилалӣ буд; ва ин масъала мустанад шудааст, мо онро мустанад сабт кардаем, он ҳам ба таври илмӣ, на фақат ба ҳарф. Иштибоҳи баде муртакиб шуданд.”

Тромп дар бораи ин ки вокуниши Омрико ба ин ҳодиса чӣ хоҳад буд, гуфт: “Хоҳед фаҳмид, хоҳед фаҳмид. Равшан аст, ки медонед, ки дар ин маврид зиёд сӯҳбат намекунем, аммо онҳо муртакиби иштибоҳ шуданд.”

Вай ҳамчунин гуфт: “Агар ин ҳавопаймои бидуни сарнишин сарнишин дошт, вазъият бисёр-бисёр мутафовит мешуд.”

Раисиҷумҳури Омрико дар посух ба исрори хабарнигорон барои изҳори назар дар бораи моҳияти ин ҳодиса гуфт: “Замоне, ки ман омадам, Эрон дар 14 то 18 нуқтаи мухталиф даргир буд, онҳо ситезаҷӯ буданд ва замоне ҳам, ки тавофуқро имзо карданд, “Марг бар Омрико!” мегуфтанд. Онҳо муртакиби як иштибоҳ шуданд, фикр мекунам як женерол ё як нафар будааст, ки муртакиби иштибоҳ шудааст. Хушбахтона он ҳавопаймо ғайримусаллаҳ буд ва сарнишине надошт. Он паҳпод ба равшанӣ бар фарози обҳои байналмилалӣ буд.”

Вай афзуд: “Эҳсосам ин аст, шояд ҳам иштибоҳ кунам, шояд ҳам дуруст бошад, эҳсосам ин аст, ки ин иштибоҳи як нафар буда, ки коре карда, ки набояд мекардааст. Муртакиби иштибоҳ шудааст. Намегӯям, ки он кишвар (Эрон) иштибоҳ кардааст, балки яке аз афроди таҳти фармондеҳӣ иштибоҳ кардааст.”

Тромп бо баёни ин ки бояд сабр кард ва дид чӣ пеш меояд, гуфт: “Бовараш бароям сахт аст, ки касе амдан ин корро карда бошад.”

Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё аъзои давлаташ ӯро ба сӯи даргирӣ бо Эрон меронанд, гуфт: “На, на, ба ҳеч ваҷҳ. Дар воқеъ, дар бисёре аз маворид баръакс аст. Вале хуб ман гуфта будам, ки мехоҳам аз ин ҷангҳои бепоён тамом шавам, таблиғоти интихоботии ман бар ин асос буд. Ман гуфтам, ки мехоҳам аз даргирии 19-сола дар Афғонистон хориҷ шавам ва мизони ҳузурамонро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш додам.”

Вай ҳамчунин бо ишора ба тасмимаш барои хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия, гуфт, ҳодисаи рӯзи панҷшанбе мумкин аст ҳодисае бошад, ки шояд ин муваффақиятро тазъиф кунад.

Гуфтанист, бомдоди дирӯз (панҷшанбе) як фарванд паҳподи омрикоии Global Hawk пас аз вуруд ба осмони Эрон ҳадафи сомонаи падофанди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон қарор гирифт. Бар асоси баёнияи Сипоҳи Посдорон, “ин паҳпод пас аз парвоз аз ҷануби халиҷи Форс, бар хилофи қавонини ҳавонавардӣ, куллияи таҷҳизоти марбут ба муаррифии худро хомӯш намуда ва дар ниҳояти пинҳонкорӣ, аз тангаи Ҳурмуз ба самти Чобаҳор идомаи масир медиҳад ва ниҳоятан даруни фазои сарзаминии Эрон ҳадаф қарор гирифта ва соқит шудааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: