Перейти к содержимому

Reuters: Зарбулаҷали Тромп ба Эрон; ё музокира ё ҷанг

Хабаргузории Reuters навишт, Тромп аз тариқи Уммон ба Эрон пайғом додааст, ки ҳамлаи Омрико ба Эрон ҳатмӣ будааст.

Бар пояи гузориши Reuters, як мақоми эронӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки раисиҷумҳури Омрико ба раҳбарони Эрон паём додааст, ки ӯ мухолифи бурузи ҷанг бо Ҷумҳурии Исломӣ аст ва тамоюл дорад дар бораи мавзӯъҳои мухталиф бо мақомҳои Эрон гуфтугӯ кунад.

Reuters афзудааст: “Тромп аз тариқи Уммон ба мақомоти эронӣ гуфта, ки ҳамлаи Омрико ба Эрон ҳатмӣ аст, аммо ӯ мехоҳад музокира кунад. Ӯ мӯҳлате дода, ки эрониҳо посухи ӯро бидиҳанд, аммо мақомоти эронӣ фавран ҷавоби Тромпро дода ва гуфтаанд, раҳбари олии Эрон мухолифи музокира аст, аммо бо ин ҳол паёми ӯро ба шахси раҳбар хоҳанд расонд.”

Тибқи гузориши Reuters, Тромп мӯҳлати кӯтоҳе ба Эрон дода, то Эрон ба ин дархости гуфтугӯ посух диҳад.

Reuters ҳамчунин ба нақл аз мақомоти эронӣ навиштааст, ки онҳо ба Тромп дар мавриди ҳар гуна ҳамла ба кишварашон ҳушдор додаанд.

Гуфтанист, Эрон рӯзи панҷшанбе як паҳподи Омрикоро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод. Бархе расонаҳо эълом карданд, ки Тромп дар вокуниш иҷозаи анҷоми як ҳамлаи маҳдуд ба мавозеъи Эронро дода буд, аммо чанд соат монда ба анҷоми ин ҳамла, дастури лағви онро содир кард.

Дар ҳамин робита, рӯзномаи New York Times дар гузорише эълом кард, ки Тромп ибтидо бо вокуниш нисбат ба ин мавзӯъ мувофиқат карда буд, аммо дишаб ногаҳон мунсариф шуд.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки Тромп ибтидо бо ҳамалоти маҳдуде ба хоки Эрон мувофиқат кард, аммо пас аз муддате, ин моҷароро лағв кард. New York Times навиштааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар ҳаво ва киштиҳои ҷангии Омрико омода буданд, аммо ҳама чиз лағв шуд.

Рӯзномаи New York Times навиштааст, ки мушовирон ва мақомоти давлати Омрико дар мавриди вокуниши низомӣ ихтилофи назар доштанд ва дар ҳоле, ки шуморе аз мақомоти Вазорати хориҷа ва Шӯрои амнияти миллӣ бо чунин иқдоме мувофиқ буданд, женеролҳо ва манобеи низомӣ ибрози нигаронӣ мекарданд, ки мумкин аст ҳамлаи низомӣ дар ҳоли ҳозир Омрикоро ба хатар андозад.

Аз сӯи дигар, Созмони танзими муқаррароти ҳамлу нақли ҳавоии Омрико, ба ширкатҳо ва хутути ҳавоии ин кишвар дастур додааст, ки аз масири тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон истифода накунанд.

Шаби гузашта мақомҳои Кохи сафед нишасти изтирорӣ дар бораи вокуниш ба ин моҷаро ташкил дода буданд. Ҳамчунин дар хабаре эълом шуд, ки раҳбарони Кунгура ҳам барои огоҳ шудани онҳо аз вазъияти мавҷуд, ба Кохи сафед даъват шуда буданд. Аз натоиҷи ин нишастҳо ҳеч хабаре мунташир нашуд ва музокирот бидуни судури баёнияе ба поён расид.

Ин моҷаро боиси ихтилофҳои густурдае дар дохили Омрико ҳам шуд. Ҷу Бойден, муҳимтарин рақиби Тромп дар интихоботи 2020, дар Твиттер аз сиёсатҳои Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар қиболи Эрон ба шиддат интиқод кард. Ӯ сиёсатҳои Тромп дар қиболи Эронро “фоҷеа” хонд, ки худи Тромп мусаббиби он будааст.

Аммо Эрон ҳамзамон сафири Суис (Швейтсария) дар Теҳронро ба Вазорати хориҷааш эҳзор кард, то паёми Эронро ба мақомҳои Омрико бирасонад.

Ҳамчунин Аббос Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, дар тамоси фаврӣ бо сафири Суис (Швейтсария) дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манофеъи Омрико, эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давлати Омрико ба хотири таҷовуз ба ҳарими ҳавоии ин кишварро ба вай иблоғ карда ва гуфтааст, мадорики инкорнопазире мабнӣ бар ҳузури ин паҳпод дар фазои Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад ва ҳатто қитъаҳое аз лошаи ин паҳпод дар обҳои сарзаминии Эрон ба даст омадааст. Вай бо таъкиди муҷаддад бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони ҷангу даргирӣ дар минтақаи халиҷи Форс нест, нисбат ба ҳар гуна иқдоми насанҷидаи нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа ҳушдор дода ва гуфтааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз обу хоки худ қотеъона амал карда ва лаҳзае диранг нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар, Маҷиди Тахтравончӣ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам гуфт: “Дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вежагиҳои дақиқи маҳалли исобати паҳподи омрикоиро, ки дар ҳарими Эрон буд, ироа дода ва таъкид кардаем, ки ба дунболи ҷанг нестем, аммо дар баробари ҳар гуна таҷовуз дифоъ хоҳем кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: