Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (18)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Харобии авзоъ

Дар миёнаҳои март, Файзулло Хоҷаев бо дастурамали махфиёнае, ки аз маркази ҳизби кумунист ба ҳамроҳ дошт, аз Маскав расид. Дар ин нома моддаҳое роҷеъ ба “муқобилаи ҷиддӣ бо гурӯҳи Анварпошшо ва Валидов (Закӣ Валидӣ)” зикр шуда буд. Нахустин коре, ки русҳо карданд, истихдоми ҳаводорони амир буд. Файзулло Нуруддин Оғолиқро, ки аз маъмурони муҳимми амир дар Қаршӣ буд ва дар 25 марти 1919 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва дӯстонашро ба қатл расонда буд, ба Қаршӣ ва бар сари ҳукумати Қаршӣ овард. Ин шахс, ки аз тарафе низ бо шӯришиёни ҳаводори амир иртибот дошт, тавонист бо маҳорати тамом авзоъро хароб кунад. Ӯ ба маҳзи расидан ба Қаршӣ, иддае аз афродеро, ки Абдулҳамид Орипов барои қиёми 23 марти подгонҳои Шаҳрисабз, Гузар ва Қаршӣ тадорук дида буд, боздошт кард.

Ҷадидҳое, ки дар он ноҳия бо ташкилоти низомӣ робита доштанд, дасту пойи худро гум карданд ва пеши худ гуфтанд: “Нуриддин Оғолиқ аз корҳои мо сар даровардааст.” Ва бидуни далел тарсиданд ва эҳтиёт карданд ва натавонистанд Қурнуб ва ноҳияҳои дигареро, ки дар масири нерӯҳои низомӣ буд, бохабар кунанд. Пас аз воқеаҳои дардноке, ки пеш омад, маълум шуд, ки ба дурӯғ иддао мекардаанд, ки ноҳияҳои мазбурро мутеъ кардаанд. Бо ин ки ман шахсан муддати ду ҳафтаи мутамодӣ дар миёни Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Каттақӯрғон дар ҳаракат будам, натвонистам шабакаи низомии Нуриддин Оғолиқро шикаст диҳам. Аз низомиёни Косон ва соири манотиқ, аз ҷумла 14 тан аз афсарони урдуи Бошқир, Баҳромбеки Косонӣ ва Ҷӯра Эшон даст ба кор шуданд, вале натавонистанд туфангҳо ва муҳиммоти мавҷуд дар анборҳоро ба даст оваранд. Мулло Мисдоқ, яке аз саркардагони таҳти фармони Мулло Абдулқаҳҳор – аз ҳаводорони амир – дар рустои Қурнуб, ки зикри он гузашт, ба номи босмачӣ, ба афсарони зердасти Ҳайбатулло Суюндуков наздик шуд ва дар 10 апрел аслиҳаи 12 тан аз ононро гирифт ва ҳамагиро якҷо кушт. Дар ҳоле, ки ин афрод аъзои аслии ояндаи ташкилоти низомие буданд, ки қарор буд дар Қаршӣ, Қаттақӯрғон ва Кармина ташкил шавад ва бавуҷудоварандаи дастаи муназзами низомии оянда ба шумор мерафтанд, ба ҳар кадом вазифае таҳмил шуда буд.

Аз шарикони ҷурми Нуруддин Оғолиқ шахсе ба номи Алӣ Амин, аз атрофи ноҳияи Зиёуддин ва шайхи бузурги Нурото ва муллоҳои худи Бухоро буданд. Инон Анварпошшоро мазҳари таҷаддудхоҳӣ мешумурданд ва ба зиёни ӯ ба шиддат таблиғот мекарданд. Қарор бар ин буд, ки Абдулҳамид бо қувваҳои ноҳияи Қаршӣ ба Бухорои шарқӣ биравад ва Иброҳим Исҳоқ, аз афсарони Бошқир, ва Суюндуков ва иддае дигар – ки чун зиндаанд, номашон намебарам – ҳатто бино бар тасмимоти 1921, дар Нурото ташкилот падид биёваранд ва ҷавонони ғаюри Қазоқистон, Тошканд ва соири ноҳияҳо ба онон мулҳақ шаванд.

Донишомӯзони мадрасаи низомӣ низ, ки афсарони турк дар Бухоро тарбияташон карда буданд, ба Нурото эъзом шуда буданд. Ман ва дӯстонам: Абдулқодир ва Аюб, барои дидор аз ин ҷавонон, бо дастае, ки гурӯҳҳои Очилбек ва Баҳромбек дар ихтиёрамон ниҳода буданд, дар 21 апрел ба Нурото омадем. Аммо ҳаводорони амир он ноҳияро ишғол карда буданд; ва дидем, ки Мулло Абдулқаҳҳор ва дӯстонаш дӯсту ҳамразми ман, Иброҳим Исҳоқ – сарҳанги расмии артиши Бошқир ва узви махфии “Ҷамъият” – ва дӯстонаш, ва ҳамчунин дар Қолқоното тамомии донишомӯзони мадрасаи низомиро ба қатл расонданд. Ва маълум шуд, ки Суюндуков ва дӯстонашро низ дар Қурнуб ба шеваи хоинонае куштаанд. Ва ба ин тартиб, корҳо ба шикаст анҷомид.

Ҳамон тавр ки салтанатталабон (муноршистҳо)-и рус фақат аносури салтанатталаби холиси русиро дар ҷамъи худ роҳ медоданд, ҳаводорони амири Бухоро низ роҳ надодани “ҷадидҳо”-ро дар миёни хеш нахустин вазифаи худ медонистанд. Вақте ки мо ба Нурото расидем, беш аз ду ҳазор тан сипоҳӣ дар атрофи Мулло Абдулқаҳҳор вуҷуд доштанд. Ин ашхос, ки аз аъмоли худ пушаймон шуда буданд, афроди худро таҷҳиз карданд ва барои хушомадгӯӣ омаданд ва бо эҳтиром пешвозамон гирифтанд, ва мехостанд бар рӯи ҷиноятҳои худ сарпӯш бигузоранд. Ҷараёни моҷароро аз Озиуғлӣ Ислом, ки ҷон бадар бурда буд ва низ аз аҳолии Нурото шунидем. Дар маҷолиси расмиашон рӯ дар рӯ гуфтам, ки чӣ ҷинояте муртакиб шудаанд; ва дигар ҷунбишашон шикаст хӯрдааст. Ҳамагӣ сарҳояшонро поин андохтанд ва чашм бар замин дӯхтанд ва сукут карданд. Ва дар рӯзи баъд (9 май) мо Нуроторо тарк гуфтем ва бо бадтарин ҳоли руҳӣ ба Самарқанд омадем.

Дар инҷо мехоҳам мизони душвории масъалаи Туркистон ва ҳамчунин дараҷаи душвории фаъолияти шахсе чун Анварпошшоро, ки мехост фақат бо шиорҳои исломӣ ва понтуркистӣ кор кунад, ва лузуми меъёре комилан мутафовит барои ин сарзаминро бо шарҳи ҷараёне, тавзеҳ диҳам – албатта ин воқеа марбут ба қисмате аз тамосҳое аст, ки дар рӯзи дуввуми вурудам ба Самарқанд, ба унвони намояндаи “Ҷамъият”, доштам:

Иддае аз русҳо, ки дар муассисаҳои таъовунӣ ва корпардозӣ кор мекарданд, эсерҳо (Партия социалистов-революционеров) ва бархе аз афсарони зери нуфузи онон, бо “Ҷамъият” робита барқарор карда буданд ва муҳиммот медоданд. Қаблан низ гуфтаам, ки ҳатто яке аз мақомоти баландпояи маркази аркони ҳарби Туркистон чунин равобите дошт. Дар 10 май, дар Боғи Боло, бо як афсари русӣ, ки намояндаи ин афрод буд, мулоқот кардам. Онон аз аъмоли Анварпошшо воқеан тарсида буданд. Дӯсти ҳамроҳам ҳарчанд гуфт, ки Анварпошшо ба таври муваққат дар Туркистон ба сар мебарад, ба ҳеч ваҷҳ натавонист ӯро қонеъ кунад.

Ҳамон рӯз, дар канори Оби Раҳмат, бо як равшанфикри турки маҳаллӣ мулоқот кардам. Ӯ аз Тошканд омада буд ва андешаҳои кумунистӣ дошт, аммо дар айни ҳол, аз тариқи муассисаи давлатӣ, ки дар он кор мекард, ҷунбишҳои миллиро ба таври ҷиддӣ ёрӣ менамуд. Ӯ ва дӯстонаш дар Тошканд эъломияҳое аз Анварпошшо дида буданд, ки мӯҳри “Сайид Анвар, намояндаи амири Бухоро ва домоди халифаи муслимин”-ро дошт; ва хабарҳое низ аз ҳамкории ӯ бо амири Бухоро шунида ва тарсида буданд. Ба ӯ гуфтам: Анвар ба амири Бухоро хидмат намекунад, салтанатталаб ҳам нест, ва “Ҷамъият” низ ҳаргиз ба тамоюлоти чунин афроде майдон намедиҳад; ин воқеиятро метавонед ба дӯстонатон низ бигӯед.

Ҳамон рӯз Юсуф Зиёбеки Озарбойҷонӣ, бо унвони “сарфармондеҳи ҷабҳаи шимоли Ғарб” аз назди Анварпошшо омад. Усмон Човуш ва Буркут Оғобошӣ, аз қазоқҳои Ҷилликӯл – ки инак дар Афғонистон ба сар мебарад – ва 15 тан низомӣ ҳамроҳаш буданд. Анварпошшо ба ин афрод дастур дода буд, ки ба Қазоқистон бираванд ва барои шахсиятҳои қазоқ – ки номҳои онҳоро аз ман ё каси дигаре шунида ва дар дафтарчаи худ ёддошт карда буд – номаҳое ба унвони тавдеънома ва хилъат ва барои баъзе мӯҳр ё шамшер ҳадия бибаранд. Зоҳиран қарор буд мо роҳнамое барои онҳо тадорук кунем ва теъдоде ҳам низомӣ дар ихтиёрашон бигузорем. Юсуфбек худаш низомӣ набуд, аммо беш аз ҳадд аз сипоҳу низом дам мезад ва доди сухан медод, ки Анварпошшо моил аст “Ҷамъият” дар умури низомӣ дахолат накунад ва фақат таблиғ кунад; ва мегуфт, ки ҳомили фармони шафоҳӣ дар ин маврид аст; ва мавзеъе гирифта буд, ки метавонист босмачиҳои Зарафшонро – ки танҳо ба висотати “Ҷамъият” ба роҳ омада буданд – гумроҳ кунад.

Мо ба ӯ гуфтем, ки агар рафтани ӯ ба Хева, назди Ҷунайдхон, мумкин бошад, рафтанаш бо 15 ё 100 тан савор ба Қазоқистон, амалан имконпазир нест. Ва фаразан ҳам, ки бошад, чунончи ба ашхоси мавриди назар муроҷеа кунанд ва барояшон нома, хилъат ва ҳадияҳое чун мӯҳру шамшер бибаранд, бино ба расми қазоқҳо, билофосила, ҷараён фош хоҳад шуд ва на танҳо худи ашхос, балки афроди қабилаашон низ гирифтори мусибат хоҳанд шуд. Ва низ гуфтем, ки дарафтодан бо “Ҷамъият”, дур аз эҳтиёт аст. Аммо ҳарчи гуфтем, беҳуда буд.

Ҷавоне ҳам, ки аз Тошканд омада буд, рӯзи дуввум, Юсуф Зиёбекро дар Конгил дид. Юсуф Зиёбек назди ин ҷавон аз сӯе аз демукросӣ бисёр сухан гуфт, ва аз сӯи дигар, ба тӯлу тафсил баён дошт, ки туркҳо қавме низомӣ ҳастанд ва фақат фармондеҳ мехоҳанд. Онҳо агар андешаҳои дуру дарозро канор бигузоранд ва фақат ба суннати итоат вофодор бошанд, наҷот хоҳанд ёфт. Он гоҳ ба омор мутавассил шуд ва аз қавли Анварпошшо гуфт, ки дар Туркистони ғарбӣ 30 милюн ва дар Туркистони шарқӣ 15 милюн турк зиндагӣ мекунанд.

Ӯ пешниҳодҳои муштараки ману он ҷавон дар бораи Қазоқистонро рад кард. Дар инҷо буд, ки гуфтору рафтори Юсуф Зиёбек, қавлҳои мусоидеро, ки дар бораи Анварпошшо ба ҷавон дода будам, пок хунсо кард. Ҷавон аз шунидани ҳарфҳои ӯ сахт андӯҳгин шуд.

Баъд, номае аз Анварпошшо дарёфт кардам, вале дар он, матлабе роҷеъ ба таъйиди гуфтаҳои Зиёбек набуд. Мо, ки аъмоли феълӣ ва отии ҳаводорони амир дар Нурото, ва парешонии афкорро дар инҷо шоҳид будем, ва медидем, ки “Ҷамъият” аз ҳар сӯ бо авзоъи душворе рӯ ба рӯст, ду рӯз баъд, дар хориҷи шаҳр, ҷаласаи Кумитаи марказиро мунъақид кардем ва дар бораи тамомии авзоъу аҳвол музокирае ҳамаҷониба анҷом додем ва қабл аз ҳар чиз, барои ҷилавгирӣ аз инҳилоли “Ҷамъият” бо таваҷҷӯҳ ба вахомати авзоъ, номае барои Анварпошшо навиштем ва аз ӯ хостем, ки роҳи музокира бо русҳо ва женерол Каменевро – ки дар ҳамон рӯзҳо ба Бухоро меояд – боз кунад ва худ ба Афғонистон биравад. Ва зимнан тасмим гирифта шуд, ки номае дарбардорандаи шароити сулҳ, ба имзои ман, ба унвони раиси Кумитаи марказӣ, барои ҳукумати Шӯравӣ навишта шавад, ва ҳар ду нома бо пайки махсус фиристода шавад (12 май). Аммо номаи ирсолии мо ба Маскав бар асари иштибоҳи дӯстони самарқандиамон, ба таъхир афтод ва Анварпошшо ба ҷои он ки пешниҳоди моро бипазирад, дар 19 май (эҳтимолан қабл аз расидани пайки мо), бо имзои “сарфармондеҳи артиши миллии Туркистон, Бухоро ва Хева” ултимотуме ба русҳо фиристод ва хостор шуд, ки Туркистон, Бухоро ва Хеваро тарк кунанд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: