Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (376)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (3)

* * *

Бас касон, к-эшон ибодатҳо кунанд,

Дил ба ризвону савоби он ниҳанд.

Худ ҳақиқат маъсият бошад хафӣ,

Бас кадир бошад, ки пиндорад сафӣ.

Мавлоно аз инҷо ба истинтоҷ аз ин ҳикоят мепардозад. Мегӯяд: хелеҳо ҳастанд, ки бисёр ибодат мекунанд ва тоат ба ҷой меоваранд, ва дил ба хушнудии Худо ва подоши он бастаанд. Вале тоате, ки аз рӯи риё бошад ва танҳо ба хотири подош анҷом гирад, дар ҳақиқат гуноҳи ниҳон аст. Ва бисёре аз чизҳоро ту нуронӣ мебинӣ, дар ҳоле, ки тираву тор аст.

Ризвон: хушнудӣ ва ризоят, манзур хушнудии Ҳақ Таъоло аз бандагони нек аст. Хафӣ: пинҳон. Кадир: тира. Сафӣ: софу зулол.

Ҳамчу он кар, к-ӯ ҳаме пиндоштаст,

К-ӯ накӯӣ карду он баръакс ҷаст.

Дуруст монанди он ношунаво, ки хаёл мекард, ки кори хубе мекунад, дар ҳоле, ки натиҷаи аъмолаш баръакси гумонаш буд.

Нукта: Ин байтҳо ишора дорад ба мазмуни ояти 103-104 сураи Каҳф:

قُلْ هَلْ نُنَبِّئُكُمْ بِالأخْسَرِينَ أَعْمَالا. الَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا

Бигӯ: оё ба шумо хабар диҳам, ки чӣ касе зиёнкортарини одамиён аст? Зиёнкортарини мардум ҳамонҳое ҳастанд, ки умрашонро дар роҳи зиндагонии дунявӣ табоҳ кунанд ва бо пиндори ёваи худ гумон кунанд, ки некӯкор ҳастанд.”

Ӯ нишаста хуш, ки: хидмат кардаам,

Ҳаққи ҳамсоя ба ҷо овардаам.

Он ношунаво дилхуш аст ва пеши худ мегӯяд: ҳаққи ҳамсоягиро нек баҷо овардаам.

Баҳри худ ӯ оташе афрӯхтаст

Дар дили ранҷуру худро сӯхтаст.

Вале ӯ бо амали кажи худ, оташе дар дили он бемор афрӯхтааст ва вуҷуди худро дар он сӯзондааст.

Нукта: Аҳли риё низ гумон доранд, ки тоаташон наҷотбахш аст, дар ҳоле, ки ба оташи амали риёии худ месӯзанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.972)

Фаттақун-норал-лати авқадтуму,

Иннакум фил-маъсия издадтуму.

Бипарҳезед аз оташе, ки худ афрӯхтаед, ки ҳамоно шумо гуноҳонро афзудаед.

Нукта: Ишора аст ба ояти 24 сураи Бақара:

فَاتَّقُوا النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ

Битарсед аз оташе, ки ҳезуми он мардуманд ва сангҳо (бутҳо)…” Ва низ ишора аст ба ояти 6 сураи Таҳрим:

قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ

Нигаҳ доред худро ва касонатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуманд ва сангҳо (бутҳо)…

Дар тафсирҳо омадааст, ки мурод аз “санг” дар инҷо бут аст. Ва бархе низ гуфтаанд, ки зикри “санг” дар инҷо ҷиҳати баёни азамату қаҳри оташи дӯзах аст. (Маҷмаъул-баён, ҷ.1, с.63-64)

Гуфт пайғамбар ба аъробйи мо,

Салли иннак лам тусалли ё фато!

Паёмбар (с) ба яке аз аъроби саҳронишин фармуд: намоз бигузор, ки ту ҳанӯз намоз нагузордаӣ, эй ҷавон!

Нукта: Ишора аст ба ҳадисе, ки Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят карда, ки:

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صلّى الله عليه وسلّم دَخَلَ الْمَسْجِدَ، فَدَخَلَ رَجُلٌ فَصَلَّى، فَسَلَّمَ عَلَى النَّبِيِّ صلّى الله عليه وسلّم فَرَدَّ، وَقَالَ: ارْجِعْ فَصَلِّ فَإِنَّكَ لَمْ تُصَلِّ. فَرَجَعَ يُصَلِّي كَمَا صَلَّى، ثُمَّ جَاءَ فَسَلَّمَ عَلَى النَّبِيِّ صلّى الله عليه وسلّم، فَقَالَ: ارْجِعْ فَصَلِّ فَإِنَّكَ لَمْ تُصَلِّ ثَلاثًا، فَقَالَ: وَالَّذِي بَعَثَكَ بِالْحَقِّ مَا أُحْسِنُ غَيْرَهُ فَعَلِّمْنِي، فَقَالَ: إِذَا قُمْتَ إِلَى الصَّلاةِ فَكَبِّرْ، ثُمَّ اقْرَأْ مَا تَيَسَّرَ مَعَكَ مِنَ الْقُرْآنِ، ثُمَّ ارْكَعْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ رَاكِعًا، ثُمَّ ارْفَعْ حَتَّى تَعْدِلَ قَائِمًا، ثُمَّ اسْجُدْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ سَاجِدًا، ثُمَّ ارْفَعْ حَتَّى تَطْمَئِنَّ جَالِسًا، وَافْعَلْ ذَلِكَ فِي صَلاتِكَ كُلِّهَا

“Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) вориди масҷид шуд. Баъд аз эшон, шахси дигаре омад ва шурӯъ ба хондани намоз кард. Пас аз итмоми намоз, ба он ҳазрат салом кард. Расули Акрам (с) пас аз посухи салом, ба ӯ фармуд: бирав намоз бихон! Зеро ту намоз нахондаӣ. Ӯ рафт ва ҳамон тавр, ки намоз хонда буд, намоз хонд. Баъд, омад ва салом кард. Он ҳазрат дубора фармуд: бирав намоз бихон! Зеро ту намоз нахондаӣ. Бори севвум низ чунин кард. Он гоҳ гуфт: савганд ба зоте, ки туро ба ҳақ фиристодааст, ман беҳтар аз ин намедонам, ба ман ёд бидеҳ. Расули Акрам (с) фармуд: ҳар вақт, ки хостӣ намоз бихонӣ, нахуст такбир бигӯ. Баъд, он чи аз Қуръон бароят муяссар аст, бихон. Сипас, бо оромиши комил рукӯъ кун ва пас аз бардоштани сар аз рукӯъ, рост биист ва андаке диранг кун. Саранҷом, бо оромиши комил саҷда кун. Пас аз бардоштани сар аз саҷда, андаке биншин. Ва ҳамин шеваро дар тамоми намозҳоят риоят кун.”

Аз барои чораи ин хавфҳо,

Омад андар ҳар намози “иҳдино”.

Аз бими он ки мабодо намоз бо ҳузури қалбу хулуси ният анҷом нагирад, муқаррар шуд, ки дар ҳар намоз сураи Фотеҳа хонда шавад ва лозим омад, ки ин ояти шарифа ҳатман қироат шавад, ки:

اهدِنَــــا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ

Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо!

К-ин намозамро маёмез, эй Худо!

Бо намози золлин в-аҳли риё.

Яъне Худовандо! Ибодатҳоямро аз навъи ибодоти риёкорону гумроҳон қарор мадеҳ!

Аз қиёсе, ки бикард он кар гузин,

Сӯҳбати даҳсола ботил шуд бад-ин.

Қиёсе, ки он шахси ношунаво барои худ баргузид ва ба кор бурд, ба ҳамон сабаб, дӯстӣ ва ҳамнишинии даҳсола ботилу табоҳ шуд.

Хоса, эй хоҷа, қиёси ҳисси дун

Андар он ваҳйе, ки ҳаст аз ҳад фузун.

Эй бузург! Ба вежа қиёси ҳавосси пасту поин дар бораи ваҳйи илоҳӣ, ки аз ҳудуду ҳитаи ақл хориҷ аст.

Нукта: Мавлоно мегӯяд, бо ҳавосси зоҳира наметавон ба бутуни ваҳй роҳ ёфт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.973)

Гӯши ҳисси ту ба ҳарф ар дарх(в)ар аст,

Дон, ки гӯши ғайбгири ту кар аст.

Агар гӯши ҳисси ту барои идроки ҳарфу каломи Ҳақ омода ва лоиқ аст, бидон, ки гӯши ғайбгири ту ношунаво ва кар аст. Яъне гӯши ҷонат кар аст ва наметавонӣ каломи илоҳиро истимоъ кунӣ.

Ғайбгир: гирандаи паёмҳои ғайбӣ.

Нукта: Вақте гӯши ботин ношунаво бошад, аз гӯши зоҳир коре сохта нест ва наметавон бо гӯши зоҳир паёмҳои ғайбиро истимоъ кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.974)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: