Перейти к содержимому

Раҳбари Ҷунбиши Наҳзати Исломӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Тунис мешавад

Шайх Рошид Алғаннушӣ, раҳбари Ҷунбиши Наҳзати Исломии Тунис барои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар номзад мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, раиси Шӯрои машваратии Ҷунбиши Наҳзати Исломии Тунис бо ишора ба ин ки Рошид Алғаннушӣ, раҳбари ин ҷунбиш номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Тунис хоҳад буд, изҳор дошт, ки қатъияти он пас аз поёни нишасти шӯро эълом хоҳад шуд.

Абдулкарим Алҳорунӣ, раиси Шӯрои машваратии Ҷунбиши Наҳзати Исломии Тунис, тайи суханоне дар 28-умин нишасти ин шӯро эълом кард, ки Шайх Рошид Алғаннушӣ, раҳбари ин ҷунбиш, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда хоҳад буд.

Вай афзуд: ”Албатта мумкин аст номзадҳои дигаре аз дохил ё хориҷ аз ҳизб низ дошта бошем. Аз муҳимтарин шартҳо барои номзадӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ пойбандӣ ба демукросӣ, мубориза бо фасоди молӣ ва қобилияти намояндагии Тунис ба беҳтарин шакл дар сатҳи ҷаҳон аст.”

Алҳорунӣ тасреҳ кард, ки Шӯрои машваратӣ дар поёни нишасте, ки то рӯзи якшанбе идома хоҳад дошт, номзади ниҳоиро эълом хоҳад кард.

Ӯ пас аз ин нишаст дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ибрози умедворӣ кард, ки даргузашти Муҳаммад Мурсӣ, нахустин раисиҷумҳури мунтахаби Миср, оғози роҳи ҳалли сиёсӣ бо эҷоди иттиҳод миёни тамоми мардуми ин кишвар бошад.

Вай даргузашти Мурсиро натиҷаи шароити ғайриинсонии зиндон ва кӯтоӣ дар ироаи хадамоти пизишкӣ ба ӯ донист ва таъкид кард, ки даргузашти ӯ бад-ин сурат боиси ҷариҳадор шудани виҷдони инсоният шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: