Перейти к содержимому

Таҳлили Атвон аз таҳаввулоти ахир миёни Омрико ва Эрон

Хуб гӯш кунед… Иёлоти Муттаҳидаи Омрико даври аввали ҷанг алайҳи Эрон ва меҳвари таҳти раҳбарии онро бохт ва аз он хориҷ шуд дар ҳоле, ки аз назари руҳӣ ва равонӣ хурд ва табдил ба як абарқудрате шудааст, ки дар чашми ҳампаймонони исроилӣ ва арабаш дигар наметавон ба он такя кард. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, парчами сафеди таслимро дар аввалин рӯёрӯии воқеӣ боло бурд. Ин рӯёрӯӣ дар соқит кардани паҳподи ҷосусии ғулпайкари Global Hawk — ки гавҳари тоҷи санъати низомии Омрико ба шумор меояд — тавассути мушаки сохти эронӣ — на русӣ, ё чинӣ ва ё омрикоӣ — таҷассум ёфт ва Тромп аз иқдом барои ҳар гуна ҳамлаи талофиҷӯёна тарсид.

Зуҳури Тромп дар қомати раисиҷумҳури дурӯғгӯ, тарсу ва мураддад дар чашми дӯстонаш, бузургтарин зарба ба Омрико ба унвони абарқудрат аст қабл аз ин ки ҷанги воқеии бузург ё кучак оғоз шавад, ва тамоми он чи, ки ӯ мегӯяд, ки амалиёти интиқомҷӯёна барои ҳамла кардан ба се ҳадафи эрониро 10 дақиқа қабл аз оғози он мутаваққиф кард, намоише аст, ки як кӯдаки 10-соларо ҳам мутақоъид намекунад.

* * *

Охирин истгоҳ дар сериёли дурӯғи омрикоӣ ба беҳтарин сурат замоне нумуд пайдо кард, ки Муассисаи низомии Омрико таъкид кард, паҳподи ҷосусӣ (-и мунҳадимшуда), бар фарози обҳои байналмилалӣ парвоз мекард ва қаламрави ҳокимияти Эронро нақз намекард. То ин ки эрониҳо бо диққат ва суръати болое, тасовире аз бархе қитъаҳои боқимондаи паҳподи сарнагуншударо мунташир карданд ва ба ин тартиб бештарин зарбаро ба эътибори омрикоиҳо заданд ва ба оромӣ ба онҳо гуфтанд: Шумо дурӯғгӯ ҳастед, ва ин ҳам, шавоҳиди он!

Вақте ки Омрико милюнҳо нафарро бар асари гуруснагӣ ва бомбборон дар Ироқ ва дар Афғонистон ба қатл расонд ва пеш аз он дар Сурия, Либӣ ва Ветном ҷони ҳазорон нафар — чӣ низомӣ ва чӣ ғайринизомӣ — ро гирифт, пас чӣ гуна мумкин аст раисиҷумҳури он, Тромп, ҷанги низомии интиқомҷӯёна алайҳи Эронро ба далели “ҷилавгирӣ аз кушта шудани 150 эронӣ” ва дар мавозеъи низомӣ мутаваққиф кунад? Агар ӯ воқеан ба ҷони эрониён эҳтиром мегузорад, пас чаро онҳоро таҳти муҳосира қарор медиҳад, то онҳоро ба гуруснагӣ бикашонад?

Биёед назари таҳлилгарони низомӣ, хоҳ арабҳо ё омрикоиҳо ва ё исроилиҳоро канор бигузорем ва ба воқеияте, ки айни рӯзи равшан аст, ишора кунем ва бигӯем, ки Эрон бо хориҷ кардани қитъаҳои ин паҳподе, ки 14 метр тӯл ва 4 метр иртифоъ дорад, ба сарвати ҷосусии электруникии боқимате даст ёфтааст. Муҳимтарин вежагиҳои ин ҳавопаймо тасвирбардорӣ дар иртифоъи 20 километрӣ ва таҷҳизоти бисёр пешрафтаи он аст, ки ҳеч паҳподе чунин таҷҳизотеро надорад ва мо ба зудӣ чунин текнулужиро дар санъати низомии Эрон, аз ҷумла дар паҳподҳои он, мушоҳида хоҳем кард; ва баъид нест, ки Теҳрон чунин сарватеро дар ихтиёри Русия ва Чин низ ва Куреи шимолӣ низ қарор диҳад ҳамон гуна, ки пеш аз ин, Эрон ба паҳподи дигари Омрико, ки текнулужии камтаре нисбат ба паҳподи кунунӣ дошт, дар марзҳои муҷовир бо Афғонистон даст ёфт ва бо вуҷуди фишорҳои Омрико, аз бозгардондани он худдорӣ кард ва пас аз он нусхаи ҷадиди онро дар яке аз режаҳои низомии Эрон мушоҳида кардем.

Муттаҳидони Омрико дар Телавив ва пойтахтҳои кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс ба хотири ин ҳодисаи азим, дарҳои азодориро боз кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки масъулони онҳо барои як ҷашни бузург, ки бузургтарин дастоварди қарн барои онҳо буд, омода мешуданд; чаро ки мепиндоштанд то абад аз бемории “Эронҳаросӣ” халос мешаванд ва Омрико бо қудрати худ Эронро ба таври куллӣ нобуд ва низоми онро соқит мекунад.

Омрико, ба суръат, аз як фоҷеа ба фоҷеаи дигаре ворид мешавад ва ба танҳоӣ ҷангҳои низомӣ ва иқтисодӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ба роҳ андохтааст ва бо чашмони боз ин ҷаҳонро ба самти вайронӣ ва тахриб пеш мебарад. Чаро ки раисиҷумҳури Омрикоро як фарди белиёқат аст, ки атрофашро мушовирони шикастхӯрда ва камъумқ иҳота кардаанд ва муттаҳидони минтақаии тарсуе ҳамчун Исроил ва бархе кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс дорад.

Эрон дар истифода аз шеваҳо ва тарфандҳои гумроҳкунанда, нисбат ба Омрико дасти болое дорад ва тавонмандиҳои низомии болои худро рӯ накарда ва барои ҳар гуна рӯёрӯӣ бо Омрико ба хубӣ омода аст; ин дар ҳоле аст, ки Тромп тайи солҳои гузашта, машғули аххозӣ ва гирифтани пул аз ҳампаймононаш дар кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс буда, то бозуи низомии муҳлики худро барои зарба задан ба Эрон эҷод кунад, вале тамоми пружаҳои он дар минтақаи Ховари Миёна шикаст хӯрдааст.

Эрон пас аз соқит кардани паҳподи ҷосусии Омрико, дигар ниёзе ба бастани тангаи Ҳурмуз надорад ва мунтазири хатои баъдии Омрикост, то ба беҳтарин равиш посухе қотеъ ба он бидиҳад; чаро ки бонки аҳдофи Эрон барои вокуниш, аз соҳилҳои халиҷи Форс то Фаластини ишғолӣ имтидод дорад.

* * *

Эрон дар беҳтарин рӯзҳои худ ба сар мебарад, ва ин амр, ба истиқлол ва тавонмандиҳои зотӣ ва пружаҳои бисёр ҳисобшудаи сиёсӣ ва низомии ин кишвар ва низ доштани душманони аҳмақ ва бо иддаоҳои дӯруғин бармегардад. Миллати Эрон пушти сари раҳбари кишварашон, ки бисёр ҳушмандона бо рӯёрӯиҳои равонӣ ва низомии Омрико таъомул мекунад, истодаанд ва ин барои шароити кунунӣ кофӣ хоҳад буд.

Ба хубӣ медонем, ки Омрико як кишвари абарқудрат аст, ки чаҳор ҳазор кулоҳаки ҳастаӣ, 10 нови ҳавопаймобар, 2 милюн сарбоз, 6 новгон, садҳо киштии ҷангӣ ва 2 ҳазор ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, аммо инро ҳам ба хубӣ медонем, ки Омрико дар Ветном, Ироқ, Сурия ва Афғонистон шикаст хӯрд ва дар Эрон низ шикаст хоҳад хӯрд… ва иқтисодаш фурӯ хоҳад пошид… тасаллути дулори он аз байн хоҳад рафт, вале меҳвари муқовамат ба раҳбарии Эрон, ҳамчунон иродаи иттихози ҳар гуна тасмимгириро ба фаровонӣ дорад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: