Перейти к содержимому

Шигифтангез, ки на, ҳайратовар аст

Ёддошти Муҳаммадҳусайни Адиб, иқтисоддон ва устоди донишгоҳ дар Irdiplomacy

Бадеҳии хориҷии ҷаҳон аз 12 700 милёрд дулор дар соли 2005, ба 76 ҳазор милёрд дулор дар поёни соли 2018 афзоиш ёфтааст: барои огоҳии бештар ба сайти зайл муроҷеа шавад:

https://www.indexmundi.com/g/g.aspx?v=93&c=xx&l=en

Ин ҳаҷм аз афзоиши бадеҳии хориҷӣ, шигифтангез аст. Шигифтангез, ки на, ҳайратовар аст. Аммо чӣ кишварҳое бештар бадеҳкоранд? Чаҳор кишвар: Чин, Жопун, Куреи ҷанубӣ, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо рӯиҳамрафта 50 ҳазор милёрд дулор бадеҳии хориҷӣ доранд. Ба иборати дигар, аз 76 ҳазор милёрд дулор бадеҳии ҷаҳонӣ, 65 дарсади он фақат ба чаҳор кишвари ёдшуда ва Иттиҳодияи Урупо таъаллуқ дорад. Бадеҳии хориҷии ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо аз 12 700 милёрд дулор дар соли 2005, ба 50 ҳазор милёрд дулор дар соли 2018 афзоиш ёфтааст. Афзоиши 37 ҳазор милёрд дулории бадеҳии хориҷии ин кишварҳо, нишон медиҳад бисёре аз харидҳои хориҷии ин кишварҳо аз соли 2005 то кунун, бо истиқроз (қарз) буда ва ҳанӯз пули он пардохт нашудааст.

Паёми ошкори ин мақола ин аст, ки ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо, аз соли 2005 то кунун бисёр беш аз ҷайби худ харҷ кардаанд.

Рушди бадеҳӣ аз соли 2005 то кунун бисёр беш аз рушди иқтисодии ин кишварҳо будааст. Ин панҷ кишвар ва Иттиҳодияи Урупо, дар рифоҳе зиндагӣ кардаанд, ки барои он заҳмат накашидаанд. Ин панҷ кишвар ва Иттиҳодияи Урупо, аз соли 2005 то кунун, бо истиқроз (қарз) идора шудаанд, ин кишварҳо қарз мегиранд ва зиндагӣ мекунанд.

Ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо 65 дарсади нафти ҷаҳонро дар соли 2018 ворид кардаанд: барои огоҳӣ аз оморҳо дар хусуси воридоти нафт, ба сайти зайл муроҷеа кунед:

https://www.indexmundi.com/g/g.aspx?v=93&c=xx&l=en

Ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо ҳамаи нафтеро, ки аз соли 2005 то кунун харидорӣ кардаанд, аз маҳалли истиқроз будааст. Ин кишварҳо нафтро насия мехаранд ва пули онро 14 сол аст, ки надодаанд; албатта ба навъе додаанд, яъне қарз гирифтаанд ва мудом қарзро тамдид кардаанд.

* * *

Натиҷагирӣ:

65 дарсади нафти ҷаҳонро эътиборӣ мехаранд яъне бо вом. Албатта манзур ин нест, ки хариди нафт дар дунё нақдӣ нест, баъзан нақдӣ аст, аммо ниҳоятан рушди 37 ҳазор милёрд дулории бадеҳии хориҷии ин кишварҳо гувоҳи ин аст, ки ин кишварҳо як умр аст, ки доранд бо истиқроз (қарз) идора мешаванд.

* * *

Хулоса:

65 дарсади нафти дунёро чаҳор кишвари фавқ ва Иттиҳодияи Урупо ворид мекунанд. 65 дарсади бадеҳии хориҷии дунёро ҳам ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо доранд. Ин ки ҳам 65 дарсади нафти дунёро кишварҳое ворид мекунанд, ки 65 дарсади бадеҳии хориҷии дунёро ҳам доранд, иштибоҳи тойпӣ нест. Аммо кишварҳои содиркунандаи нафт чӣ гуна нафти худро ба ин панҷ кишвар ва минтақа мефурӯшанд? Оё ин кишварҳо низ 65 дарсади нафти худро насия мефурӯшанд ва то кунун дар амал 65 дарсади пули нафти худро дарёфт накардаанд? Агар нақд мефурӯшанд, бояд як воситае байни ин панҷ кишвар ва Иттиҳодияи Урупо бошад, то ин восита нафтро ба унвони мисол нақд аз Эрон бихарад ва насия ба инҳо бифурӯшад? Оё ин гуна аст?

Бале, чунин воситае вуҷуд дорад, вале на бо вежагие, ки гуфта шуд. Ин восита бонкҳои Ангилис ва Омрико ҳастанд. Омрико 4700 бонк дорад, аммо умдаи кор дасти 5 бонк аст, дар Ангилис ҳам умдаи кор дасти 4 бонк аст, пас 9 бонк умдаи таъмини молии харидорони нафтро анҷом медиҳанд. Аммо ин 9 бонк манобеъи лозим барои пардохти вом ба харидорони нафтро аз куҷо меоваранд? Аз ҷайби худ намедиҳанд, ба ғайр аз Эрон, Венезуэло ва Ниҷерия бақияи кишварҳои содиркунандаи нафт ҳудудан 65 дарсади даромади ношӣ аз содироти нафтро харҷ намекунанд, балки дар Омрико ва Ангилис пасандоз мекунанд ва ин 65 дарсад ҳам ниҳоятан аз ин 9 бонк сар дармеоварад. Ин бонкҳо ҳам ин 65 дарсадро ба ин чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо вом медиҳанд. На кишварҳои содиркунандаи нафт ба ин бонкҳо мегӯянд пули моро бидиҳед ва на ин панҷ кишвар ва Иттиҳодияи Урупо бадеҳиро пасмедиҳанд. Рӯи коғаз кишварҳои содиркунандаи нафт талабкоранд ва рӯи коғаз ин панҷ кишвар ва Иттиҳодияи Урупо бадеҳкоранд.

Бозиро Аҳмадинажод ба ҳам рехт, ки гуфт, пули нафтро сари суфраи мардум меоварем. Дар озари 87 (ноябри 2008) иқтисоди ҷаҳонӣ суқут кард ва Эрон 47 милёрд дулор дар ҳисоби захираи арзӣ пасандоз дошт, Аҳмадинажод ба ҳангоми суқути иқтисоди ҷаҳонӣ, дар сафари устонӣ дар Табрез буд, пас аз бозгашт аз Табрез, ҳисоби захираи арзиро маҳрамона эълом кард ва дар 3 урдибиҳишти 1391 (22 апрели 2012) ҳисоби захираи арзӣ эълом шуд, ки дигар маҳрамона нест, аммо фақат 17 милюн дулор дар он буд. Аҳмадинажод ҳамаи пули нафтро масраф кард. Қоъидаи фурӯши нафт ин аст, ки 65 дарсади пули нафтро пасандоз мекунанд ва пасандози фурӯшандагони нафтро ба харидорони нафт вом медиҳанд, ҳар ду ҳам коғазӣ аст, ҳам 65 дарсади фурӯши нафт коғазӣ аст ва ҳам хариди нафт.

Нурвеж (Норвегия) ҳамаи пули нафтро пасандоз мекунад ва аз маҳалли судаш зиндагӣ мекунад. Бақияи кишварҳои нафтӣ низ мизони даромади нафтиашон беш аз 35 дарсад нест. Агар вориди бозии нафт мешавем, бояд наҳваи бозӣ ва бозигарони аслиро дар он ҳавза мадди назар дошта бошем. Аҳмадинажод бозии нафтро намефаҳмид.

Чаҳор кишвар ва Иттиҳодияи Урупо, ҳаргиз наметавонанд бадеҳии худро пардохт кунанд. Асосан қарор нест ин бадеҳиҳо пардохт шавад. Агар кишваре бихоҳад ҳамаи пули нафтро харҷ кунад, дар ҳоле, ки асосан 65 дарсад аз пули нафт ҳаргиз вусул намешавад, бозии нафтро намефаҳмад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: