Перейти к содержимому

Раҳмон, “гуфтугӯи мустақим бо мардум” ва пешниҳоди мунозираи ӯ бо Кабирӣ

Акс аз хабаргузории Спутник

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зоҳиран, барномаи гуфтугӯи мустақими Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо мардуми ин кишвар, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистонро завқзада карда ва аз ин рӯ дар шабакаҳои маҷозӣ ин пешниҳодро матраҳ мекунанд, ки чаро шабеҳи чунин барномае дар Тоҷикистон иҷро намешавад? Чаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз замоне ки зимоми идораи кишварро ба даст гирифта ва то ба имрӯз – ки 27 сол мешавад – аз тариқи телевизиюн ба сурати мустақим бо шаҳрвандонаш гуфтугӯ анҷом надодааст?

Албатта, лозим ба ёдоварист, ки чунин барнома махсуси ҷаноби Путин ҳам нест, дар хеле аз кишварҳо вуҷуд дорад, аммо чун мардуми Тоҷикистон бештар таваҷҷӯҳашон ба Русия аст ва ба тамошои шабакаҳои русӣ хӯю одат пайдо кардаанд, аз барномаи Путин завқзада шудаанд.

Хуб, бо ин ки ин пешниҳод аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, як пешниҳоди дурусте аст, вале ба назарам, беҳтар он аст, ки дар кишвари мо, то замоне ки Раҳмон ва дору дастааш сари қудрат ҳастанд, якчунин барномае иҷро нашавад. Зеро, пурравшан аст, ки ҳаргиз ва абадан мисли барномаи гуфтугӯҳои мустақими соири руасои ҷумҳури кишварҳо бо мардумонашон нахоҳад шуд, ҳатто мисли гуфтугӯи сонсуромези Путин ҳам нахоҳад гардид. Балки, агар бар фарз Раҳмон мувофиқат кунад, бовар кунед моҳияти барнома комилан масх мешавад. Яъне, мо, ба ҷои барномаи “гуфтугӯи мустақими Раҳмон бо мардум”, шоҳиди тамаллуқгӯӣ ва мадҳу ситоишҳои шуморе аз “мардум” аз “Пешвои миллат” — ки аз қабл барои ин барнома омода мешаванд – хоҳем гардид.

Пас, беҳтар он аст, ки бо пешниҳоди якчунин чизе, муртакиби як ғалати дигар нашавем.

* * *

Дар ҳамин ҳафта, шоҳиди як пешниҳоди ҷолиби дигаре шудем. Муҳаммадиқболи Садруддин, масъул ва сардабири сойти Ислоҳ, пешниҳод кардааст, ки дар остонаи 22-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифон, як мунозира байни Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳиддин Кабирӣ, ба унвони ду тарафи имзокунандаи ин созиш, баргузор шавад.

Бегумон, ин пешниҳод, бо вуҷуди он ки бисёр баъид аст Раҳмон бипазирад ва Кабирӣ ҳам то ин соат ҳеч вокунише аз худ нишон надодааст, як пешниҳоди мантиқӣ ва баҷост. Зеро, ин барнома, бар хилофи “гуфтугӯи мустақим”, имкони масх шудан дар он вуҷуд надорад ва яктарафа ҳам нест. Балки мардум шоҳиди назару дидгоҳҳои ду тараф хоҳанд буд.

Дирӯзу имрӯз, ки вокуниши “ферма”-ро ба ин пешниҳод мурур мекардам (зеро шак накунед, ки вокуниши “ферма”, ҳамон вокуниши расмии ҳукумат аст), дақиқан шоҳиди ҳамон чизе шудам, ки интизорашро доштам. Яъне, дар гурӯҳҳои маҷозии вобаста ба “ферма”, аз забони як мушт ақабуфтодаи фикрӣ, ба ин мазмун омадааст, ки: Кабирӣ магар кист, ки “Пешвои миллат” бо ӯ мунозира кунад? “Пешвои миллат” бузургтар аз он аст, ки вақти “пурқимати” худро сарфи ин кор намояд? Ва ин ки Кабирӣ теруристу экстремисту ифротиву ғайраву ҳоказо аст… Дақиқан шабеҳи чунин вокунишеро аз сӯи ҳаводорони ҳукумат (ва албатта, бо дастури мақомот) мунтазир будам.

Ин ҷамоати суммун букм ва ақабуфтодаҳои фикрӣ, шояд гумон кунанд, ки як “мақом” – масалан, раисиҷумҳур ё “Пешвои миллат” – агар ба касе (он кас ҳар ки бошад, чӣ як шаҳрванди оддӣ аст ва чӣ раҳбари як ҳизби сиёсӣ) аз боло нигоҳ кунад ва ӯро “ададе” нашуморад, ин яъне нуқтаи қувват дар ӯст. Ғофил аз ин ки дар қарни ҳозир, ин нигоҳ (нигоҳ аз боло), дақиқан нуқтаи заъф шумурда мешавад, на нуқтаи қувват. Имрӯза, руасои ҷумҳуру подшоҳону нахуствазирҳо саъй мекунанд аз тариқи фазои маҷозӣ бо мардумонашон гуфтугӯ кунанд, ба мушкилоти онҳо гӯш фаро диҳанд, бо онҳо ба сурати мустақим сӯҳбат кунанд ва бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мунозираҳо баргузор кунанд. Асосан, “аз боло” сӯҳбат кардан ва “мутакаллими ваҳдаҳу” будан дигар кӯҳна шудааст; ба зуболадони таърих пайвастааст. Имрӯза ҳатто мақоме, ки ба лиҳози руҳӣ ва равонӣ одами худписанду худхоҳе ҳам бошад, аммо саъй мекунад адои одамони мутавозеъу фурӯтанро дароварад. Чаро? Чун, дар арсаи сиёсат, “мӯди” рӯз ҳамин аст.

Бинобар ин, адами пазириши Раҳмон, ба ҳеч ваҷҳ ба маслиҳати ӯ нест, балки комилан ба зарару зиёнаш анҷом хоҳад ёфт.

Ҳоло бояд бибинем ва мунтазир нишинем, ки ӯ чӣ кор мекунад?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: