Перейти к содержимому

Таҳрими раҳбари Эрон тавассути Тромп чӣ таъсире дорад?

Кэти Гилсинан (KATHY GILSINAN)

Ба қалами Кэти Гилсинан (KATHY GILSINAN) дар нашрияи Atlantic

Ҳамакнун Дунолд Тромп ба хотири нобудии як ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ, ҳозир ба ҳамла ба Эрон нест. Аммо дар иваз, ӯ бо истифода аз абзори мавриди алоқааш, яъне ҷанги иқтисодӣ, ба дунболи интиқом аст.

Рӯзи душанбе, Тромп эълом кард, ки раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва соири афроди наздик ба вайро таҳрим кардааст, ки бар асоси он, “дастрасии онҳо ба манобеи молӣ ва ҳимоятҳои калидӣ”-ро қатъ хоҳад кард. Ин иқдом ба дунболи гузоришҳои охири ҳафтаи қабл аст, ки Иёлоти Муттаҳида иқдом ба ҳамлаи сойберӣ алайҳи компютерҳои мавриди истифода тавассути ниҳодҳои иттилооти Эрон кардааст.

Тромп аз дафтари кориаш дар Кохи сафед гуфт: “Раҳбари олии Эрон, касе аст, ки дар ниҳоят масъули рафтори хасмонаи ҳукумат аст. Дафтари ӯ бар абзорҳои бераҳмонаи ҳукумат назорат дорад.”

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Омрико, Мойк Помпео, дар пайи эъмоли мукаррари муҷозоти молӣ аз замони хуруҷи Тромп аз тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) дар соли гузашта, ҳудуди 80 дарсад аз иқтисоди Эрон таҳрим аст. Ин амр амалан шомили тамоми содироти нафти Эрон аст, ки бозуи аслии артиш, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ки амиқан дар иқтисоди Эрон даргир аст ва петрушимӣ ва филизот мебошад.

Натоиҷ дугона аст: аввал, иқтисоди Эрон дар ҳоли таназзул аст. Дуввум, Эрон ҳолати таҳоҷумӣ ба худ гирифтааст.

Помпео ба тозагӣ чандин бор аз таҳрикоти Эрон дар ҳафтаҳои ахир ва қабл аз соқит кардани ҳавопаймои бидуни сарнишин, аз ҷумла инфиҷорҳои тонкерҳои нафт ва ҳамалоти мушакӣ дар Арабистони Саудӣ ва Ироқ ба унвони мадраки таъсиргузоре ва муваффақ будани кампини “фишори ҳаддиаксарӣ” ёд кардааст. Ин кампин расман бо ҳадафи рондани Эрон ба сӯи “мизи музокира” аст. Аммо мақомоти давлати Омрико ба он чи онҳо ба унвони як имтиёз барои маҳрум кардани Эрон аз манобеи мавриди истифода барои таъмини молии теруризм мехонанд низ ишора мекунанд. Ҳафтаҳои гузашта нишон дода, ки Эрон пас аз гузашти беш аз як сол аз таҳримҳои давлати Тромп, абзорҳои зиёде барои озору азияти Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дорад.

Оё ин маҷмӯаи таҳримҳо дар ниҳоят Эронро водор хоҳад кард, то хусумати худро бо рӯй овардан ба музокира бо Омрико мутаваққиф кунад? Ё ҳаддиақал ин таҳримҳо иқдом ба тарроҳии ҳамалотро барои Эрон сахттар хоҳад кард?

Элизобет Розенберг, яке аз ҳамкорони аршади Маркази амнияти миллии навини Омрико, ба ман гуфт, ки шак дорад, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунон аз абзорҳои молие истифода кунад, ки дар маърази диди Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст. Розенберг, ки дар давлати Убомо рӯи таҳримҳои Эрон кор мекард, гуфт: “Ин таҳримҳо бештар намодин ҳастанд, то амалиётӣ.” Вай мегӯяд: “Таҳримҳои ҷадид на танҳо таъсири иқтисодии муҳимме бар Эрон надоранд, балки навъе намоиши ҷонибӣ аз танишҳои низомӣ ва афзоиши фишорҳо ва аҳрумҳои мавҷуд аст, ки то кунун тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мавриди истифода қарор гирифтааст.”

Бо вуҷуди ин, таҳрими раҳбари як кишвар ҳанӯз ҳам як қадами асосӣ аст. Ҷон Смит, муҳаққиқи Муассисаи ҳуқуқии Morrison Foerster ва мудири собиқи дафтари дороиҳои хориҷии Вазорати хазонадории Омрико мегӯяд: “Таҳримҳои ҷадиди давлати Тромп, раҳбари олии Эронро дар мавқеияти мушобеҳ бо раҳбарони таҳримшуда дар гузашта қарор медиҳад, ҳамчун Қаззофӣ дар Либӣ, Асад дар Сурия, Модуру дар Венезуэло. Омрико умуман дар як нуқтаи бебозгашт иқдом ба таҳрими раҳбари як давлат мекунад. Дар нуқтае, ки ба ин бовар мерасад, ки дигар ниёзе ба ҳеч иртибот, музокира ва таъаммулу андеша дар хусуси он давлат, вуҷуд надорад.”

Ӯ хотирнишон кард: “Ин чизе нест, ки аз давлате, ки ҳанӯз ба дунболи музокирот бошад, интизори онро дошта бошем.”

Стивен Мнучин, вазири хазонадорӣ ҳам, дар ҷараёни гуфтугӯ бо хабарнигорон пас аз эълони таҳримҳо гуфт, вай дар охирҳои ҳафтаи ҷорӣ ба дунболи таҳрими вазири хориҷаи Эрон, Ҷавод Зариф аст.

Эрон то инҷо бузургтарин ҳадафи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида буда, вале давлати Тромп фишорҳои иқтисодиро дар роҳи дастёбӣ ба таҳаввулот дар Венезуэло, Куреи шимолӣ ва дигар нуқоти ҷаҳон низ пайгирӣ кардааст. Давлатҳои қаблӣ ба ин абзор ба унвони чизе тезтар аз диплумосӣ, аммо нармтар аз ҷанг, нигоҳ кардаанд, аммо Тромп истифода аз ин абзорро афзоиш додааст. Никулос Модуру, раҳбари Венезуэло дар баробари кампини фишори иқтисодӣ, ки ба қасди сарнагунии ӯ шакл гирифт, муқовимат кард, аммо Тромп ба муваффақияти таҳримҳо дар овардани Куреи шимолӣ пойи мизи музокира дар бораи барномаи ҳастаии худ ишора кардааст; ҳарчанд ин музокирот то кунун ба як тавофуқ хатм нашудааст.

Дар мавриди Эрон, қудратҳои дигар мумкин аст ангезае барои тазъифи Иёлоти Муттаҳида дошта бошанд; агар бар ин тасаввур бошанд, ки имдоди иқтисодӣ барои Теҳрон, танҳо роҳи ҳалли бӯҳрон аст. Кишварҳои урупоӣ барои танишзудоӣ талош кардаанд, ба вежа баъд аз он ки Эрон дар моҳи май таҳдид кард, ки дар набуди ангезаҳои иқтисодӣ пойбандиҳои худро нақз мекунад. Мушовири амнияти миллии Русия қавл дод, Маскав дар ҳафтаи оянда дар нишасти ояндаи Русия бо Иёлоти Муттаҳида ва мақомоти “Исроил”, ба манофеи Эрон таваҷҷӯҳ кунад.

Дар айни ҳол, нишонаҳои тасоҳул дар ҳар ду тараф вуҷуд дорад. Давлати Омрико пешниҳоди музокираи бидуни пешшарт кардааст. Мунтақидони тавофуқи ҳастаии Борок Убомо шикоят доранд, ки ин тавофуқ танҳо масъалаи ҳастаиро ҳал карда ва дигар фаъолиятҳои бесуботкунандаи Эрон аз ҷумла озмоиши мушакҳои болистик ва ҳимоят аз пружаҳои ситезаҷӯро нодида гирифтааст.

Помпео дар соли гузашта, 12 дархости густурдаро дар мавриди онҳо ва масоили дигаре, ки гуфт, бояд бахше аз ҳар гуна тавофуқи ҷадид бошад, матраҳ кард. Аммо Тромп ба назар мерасад дар ин ҳафта каме ақибнишинӣ кард ва ба Чок Тод аз NBC дар дидори матбуотӣ гуфт: “Ман фикр мекунам онҳо (эрониҳо) ҳам мехоҳанд як тавофуқро анҷом диҳанд ва тавофуқи ман ҳастаӣ аст. Бибинед, қарор нест Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад… Ман фикр намекунам онҳо мавқеиятеро, ки дар он қарор гирифтаанд, дӯст дошта бошанд. Иқтисодашон комилан варшикаста аст…

Бо ин ҳол, рӯзи душанбе, вай қавл дод, ки Иёлоти Муттаҳида фишор бар Теҳронро афзоиш диҳад, то замоне, ки ҳукумати Эрон фаъолиятҳои хатарноки худ ва баландпарвозиҳояшро канор бигузорад, аз ҷумла дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ, афзоиши ғанисозии урониюм, тавсиъаи мушакҳои болистик, мушорикат дар ҳимоят аз теруризм, шӯълавар кардани даргириҳои хориҷӣ ва аъмоли хасмона алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он.

Рэй Такейҳ, яке аз муҳаққиқони Ховари Миёна дар Шӯрои равобити хориҷии Омрико, истидлол кардааст, ки “ҳамалоти ахири Эрон ё иддаои масъулияти Эрон дар онҳо, ба қасди оғози ҷанг нест, балки барои ворид шудан ба музокирот аз мавқеияти қудрат аст.” Ӯ дар маҷаллаи Politico навишт: “Пеш аз музокира бо Иёлоти Муттаҳида, Эрон ниёз ба як муваффақият дорад.”

Вошингтун бо ин ҳол худро таслимшуда муаррифӣ намекунад. Дар ҳоле, ки давлати Омрико ҳамчунон бо таҳримҳо машғул шудааст, Тромп сареъ ҳушдор медиҳад: “Ман фикр мекунам, мо хештандории зиёде аз худ нишон додаем ва ин бад-ин маънӣ нест, ки дар оянда ҳам мо хештандорӣ хоҳем дошт.

Atlantic

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: