Перейти к содержимому

Худшиносӣ ба баёне хеле содда

Пурсиш: Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле содда карда тавзеҳ диҳед, на аз нуқта назари фалсафа. Фарз кунед, ки як мактабхони синфи 8 аз Шумо савол карда истодааст. Пешопеш ташаккур!

А.Қ.

* * *

Посух: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ва алайкум салом. Хаста набошед. Пурсише, ки матраҳ кардаед, бо ин ки дар як мақола наметавон посухи ҷомеъе ба он дод, вале саъй мекунам, бо баёни чанд нуктаи калидӣ дар ин мавзӯъ, посухи шуморо бидиҳам.

Барои ёфтани посухи ин пурсиши худ, ба нуктаҳое, ки ба тартиб бароятон тавзеҳ хоҳам дод, таваҷҷӯҳ ва диққат кунед:

1) Нуктаи аввал ин ки: худшиносӣ яъне шинохтани “хештан”, огоҳӣ пайдо кардан ба “хештан” ва ин ки ман ба унвони инсон, бидонам чистаму кистам. Албатта, “худшиносӣ” ба маънои огоҳӣ пайдо кардан ба “худам” ба унвони ин ки номам чист, насабам чист, падару модарам кистанд, дар куҷо таваллуд шудаам, дар куҷо зиндагӣ мекунам, вазнам чанд кело аст масалан, қаддам чанд метр аст ва ғайра… намебошад. Манзур аз “худшиносӣ” ҳаргиз инҳо нест. Ва агар рӯи ин умур унвони “худшиносӣ” ҳам ниҳоданд, ин як “худшиносии шиносномаӣ” аст, на худшиносие, ки мавриди назар аст.

2) Нуктаи муҳимми дигар дар ин мавзӯъ ин аст, ки: бояд донист, худшиносӣ – ки тавзеҳаш хоҳад омад – худаш ҳадаф нест, балки васила аст барои як ҳадафи дигар, ва он ҳадаф, “худсозӣ” аст. Ба сухани дигар, инсон бояд “худаш”-ро бишносад ва ба худаш огоҳӣ пайдо кунад, то бар асоси ин огоҳӣ ва шинохт, худро “бисозад.” Ба баёни беҳтар, худшиносӣ барои худсозӣ аст.

3) Нуктаи севвум ин ки: худшиносӣ, дар ду сатҳ матраҳ аст: сатҳи фардӣ, ва сатҳи гурӯҳӣ. Ва ҳар ду муҳимманд. Яъне, ман ба унвони як инсон, аввалан худамро ҳамчун як фард бояд бишносам, ва сониян, ба унвони ҷузъе аз як гурӯҳ (ҷомеаи инсонӣ), ба худам огоҳӣ дошта бошам.

4) Дар сатҳи фардӣ, бояд донист, ки инсон дорои ду ҷанба аст: ҷанбаи ҳайвонӣ ва ҷанбаи инсонӣ. Инсон, дар ҷанбаи ҳайвонии худ, фарқе бо дигар ҷонварон надорад. Яъне инсон ҳам, мисли соири ҷонварони рӯи замин, нафас мекашад, мехӯрад, мехобад, бо ҷуфташ омезиши ҷинсӣ мекунад ва ғайра… Дар ҷанбаи ҳайвонии инсон, аслан баҳси “худшиносӣ” (ба унвони як истилоҳ ва термин) матраҳ нест. Ва агар баҳсе дар ин ҷанба бошад, ӯҳдадори он, илми зистшиносӣ ва равоншиносии моддӣ ва то ҳадде пизишкӣ аст. Равоншиносӣ ва равонковии ҷадид, баҳсҳои бисёр ҷолибе — ба хусус дар қарнҳои 20 ва 21 — дар бораи инсон ба унвони як модда, анҷом додаанд, ва то ҳадде, ба баъзе аз пурсишҳое дар бораи инсон, ки дар қадим матраҳ буд ва гумон мерафт, ки ӯҳдадори он, фалсафа (баҳси инсоншиносии фалсафа) мебошад, посух додааст. Аммо бо ин ҳама, боз ҳам мавзӯи “худшиносӣ” аз қаламрави ин илмҳо, ки сару кораш бо модда аст, берун аст.

Бинобар ин, баҳси “худшиносӣ” марбут ба “ҷанбаи инсонӣ”-и инсон аст. Ва дар ин ҷиҳат, нахуст бояд донист, ки “ман”-и инсон кадом аст; оё ҷасади ӯст ё чизе дигар.

5) Инсон мавҷудест таркибёфта аз ҷасад ва руҳ. Албатта, ин таркиб, як таркиби шимиёӣ нест, ки қисмате аз инсон ҷасад бошад ва қисмати дигараш руҳ. Чунин нест.

Ҷасад, ки медонед чист. Ҳамин бадани мост бо аъзояш, аз дасту пову сару гардану соири аъзо. Ва аммо руҳ чист? Руҳ, аслан аз синхи модда ва энержӣ нест. Ва ҳатто ин ҳам нест, ки руҳ як чизи бисёр латиф бошад, ки агарчӣ дида намешавад, вале ба ҳар ҳол дар олами модда (яъне ҳамин ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунем) бошад. Балки руҳ мутаъаллиқ бо оламе дигар аст. Ин ҷаҳон бо ин ҳама густурдагияш – аз замину хуршеду манзумаи шамсӣ то ҳамаи каҳкашонҳо ва ситораҳо – инҳо ҳама моддӣ ва мутаъаллиқ ба олами модда ҳастанд. Як вежагии муҳимми олами модда ин аст, ки ҳамаи мавҷудоти моддӣ, дар ҳоли тағйир ва таҳаввули доимӣ ҳастанд. Дар олами модда, чизе ҳолати сукуну истоӣ надорад. Ҳеч чиз. Ҳамин ҷасаде, ки мо инсонҳо дорем, дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст. Яъне, бадани мо як соат пеш, ғайр аз бадани мо дар ин соат аст. Ва тамоми ҳуҷайраҳое, ки бадани мо аз онҳо ташкил шудаанд, дар ҳоли ҳаракати доим ҳастанд ва мураттаб ҳуҷайраҳое мемиранд ва ҷойи худро ба ҳуҷайраҳои ҷадид медиҳанд.

Ва аммо руҳ муҷаррад аст (муҷаррад яъне ғайри моддӣ) ва бар хилофи мавҷудоти моддӣ, дар тағйиру таҳаввул намебошад, ҳарчанд камолу нақс дорад, ки баҳсаш ҷудост. Барои исботи ин матлаб, як мисол бизанам, ки бештари фалосифа (аз ҷумла Ибни Сино) барои таҷарруди руҳ, ҳамин мисолро задаанд. Агар фарз бикунем, ки инсон фақат ҳамин ҷасад мебуд, дар ин сурат, мебоист мо ҳаргиз дар худамон, ваҳдат ва якпорчагӣ (яъне “ман”-и воҳид ва ягона)-ро эҳсос намекардем. Барои чӣ? Ба ин далел, ки ҷасаде, ки масалан дар синни 10-солагиам доштам, ғайр аз ҷасаде аст, ки алъон (масалан, дар синни 40-солагӣ) дорам. Зеро бадани ман, бо тамоми аъзояш, дар муддати 30 сол, чанд бор дигаргун шуда ба гунае ки аз чизҳое, ки 30 сол пеш буд, ҳеч чиз боқӣ намонда. Яъне, як бадани комилан дигар бо тамоми аъзояш — аз дилу ҷигару мағзу ғайраву ҳоказо — шуда. Аммо бо ин вуҷуд, эҳсос мекунам, ки “ман” дар ҳоли ҳозир, ҳамон “ман”-ам, ки 30 сол пеш будам. Бале, баданам бузург ва бар огоҳиҳоям афзуда шуда, вале “ман” манам, на касе дигар.

Ҳол, ин эҳсоси ваҳдат ва якпорчагӣ (ман манам), ношӣ аз чист? Чаро ман эҳсоси ваҳдат мекунам? Чаро бо дигаргун шудани тамоми аъзои баданам, боз ҳам эҳсос мекунам, ман манам?

Посух ин аст, ки ин эҳсоси ваҳдат (ман манам), рабте ба ҷасад ва колбади моддӣ надорад. “Ман”-и инсон, ҳамон руҳи ӯст. Асосан, асл, асос ва реша дар инсон, руҳи ӯст. Ҷасад ва колбад фақат як маркаб аст, ки дар ин дунё мо ночорем дар он бошем. Ҷасади инсон мисли як либос аст, ки иваз мешавад. Инсон вақте мемирад, на ин аст, ки ба куллӣ аз байн биравад, балки фақат ин либосро дур меандозад ва ин либос (ҷасад) мепӯсад ва аммо руҳи ӯ мунтақил мешавад ба олами дигар.

Пас, натиҷа он шуд, ки вақте сӯҳбат аз “худ”-и инсон меравад, сӯҳбат аз руҳи ӯст, сӯҳбат аз ҳамон чизе аст, ки аслу асоси инсон ба шумор меравад, на ҷасад ва колбади моддии ӯ.

Пас, манзур аз “худшиносӣ”, шинохти руҳамон аст. Ин нуктаро ҳам изофа кунам: ин ки мегӯем, аслу асос дар инсонҳо, руҳи онҳост, ин матлаб рабте ба диндор будан ва ё бедин будани мо надорад. Яъне чунин нест, ки чун мо диндор ҳастем ва ба Худо имон дорем ва дар манобеи динӣ сухан аз руҳ шудааст, пас мо эътиқод ба таркиби инсон аз руҳу ҷасад дошта бошем. Чунин нест. Зеро бисёре аз мактабҳои фикрӣ ҳатто мактабҳои ғайри динӣ низ, мӯътақиданд, аслу асос дар инсонҳо руҳи онҳост. Ин танҳо моддигароён ва атеистҳо ҳастанд, ки эътиқоде ба вуҷуди руҳ надоранд; зеро онҳо мӯътақиданд, чизе, ки дида намешавад ва ё ба таҷриба дарнамеояд, қобили бовар нест.

6) Дар оғоз гуфтем, ки “худшиносӣ” барои “худсозӣ” аст. Пас, барои он ки инсон худашро бисозад, аввал бояд бидонад, камоли руҳаш дар чист.

Ҳар яке аз мо, инсонҳо – чӣ диндор ҳастем ё бедин, чӣ донишманд ҳастем ё ғайри донишманд – дӯстдори камолот ҳастем; камолоте аз қабили илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра… Яъне, илмро бар ҷаҳл тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем огоҳ бошем. Қудратро бар заъф тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем қудратманд бошем (албатта, мурод аз қудрат дар инҷо, фақат қудрати баданӣ ва ҷисмӣ нест, балки илова бар он, қудрати маънавӣ ҳам ҳаст). Ҳаёт ва буданро, бар набудан тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем ҳамеша бошем… Ва ҳамчунин, дар ин камолот, ба як нуқтаи муайяне иктифо намекунем, балки агар илму огоҳӣ мехоҳем, огоҳӣ ва илми мутлақ ва бепоёнро мехоҳем, на маҳдудро. Шумо касеро дар ин олам пайдо намекунед, ки гуфта бошад, ки ман дар ин нуқта аз илму огоҳӣ иктифо мекунам ва дигар дилам намехоҳад, ки бидонам. Инсон агар ба матлабе огоҳ шавад, мехоҳад ба матолиби дигаре ҳам огоҳ гардад. Хулоса, инсон ҳамин гуна сиришта шудааст. Ӯ ҳамеша ба дунболи камол аст, ва он ҳам камоли мутлақ, на маҳдуд.

Сирраш ҳам дар ин аст, ки инсон саодату хушбахтии худро, дар расидан ба камолот медонад. Ҳама бидуни истисно чунин ҳастанд. Мунтаҳо, як вақт ҳаст, ки касе аз мо камоли воқеиро меёбад ва ором мегирад, аммо яке дигар – ки ӯ ҳам ба дунболи камол аст – ғайри камолро (яъне камолнаморо) камол мепиндорад ва фикр мекунад, вақте ба он расид, оромиш пайдо мекунад ва саодатманд мегардад, ва вақте ҳам расид, мебинад ҳанӯз оромиш наёфтааст. Зеро инсон фақат бо расидан ба камоли воқеӣ оромиш меёбад ва худро саодатманд пайдо мекунад.

Ин пурсиш барои ҳар инсоне матраҳ аст ва ҳатто барои касе, ки на ба Худо имон дорад ва на ба вуҷуди руҳ. Ва он ин ки: чаро “ман” (ҳатто он касе ҳам, ки вуҷуди одамиро фақат ҳамин ҷисм мешуморад), камоли ҷисмро барои худам камол намедонам, балки чизҳоеро барои худ камол меҳисобам ва ба дунболаш ҳастам ва саодати худро дар он мебинам, ки рабте ба камоли ҷисми моддии ман надорад, балки гоҳе ба зарару зиёни ҷисм аст? Масалан, камоли як ҷисм дар ин аст, ки бихӯрад, бихобад, бо ҷуфти худ омезиш кунад ва ғайра. Инҳо албатта барои бақои ҷисм ва саломати он зарурат доранд ва дар ин шакке нест, аммо “ман” онҳоро камоли инсонӣ намешуморам, балки арзишҳое чун азхудгузаштагӣ, кӯмак ба дигарон, садоқат, ростгӯӣ, илм ва ғайраро —ки “арзишҳои инсонӣ” ва ё “фазоили ахлоқӣ”-аш меномам – камол мешуморам ва дӯст дорам, ки чунон бошам. Ҳеч як аз мо инсонҳо ба хӯрдану хобидану омезиш бо ҷуфташ ифтихор намекунад ва асосан дӯст надорад, ӯро ба ин авсоф бихонанд, балки дӯст дорад, ӯро азхудгузашта, мутавозеъ, ростгӯ, содиқ ва ғайра аз арзишҳо бихонанд, ва на танҳо дӯст дорад, ки дигарон ӯро ба ин хислатҳо бихонанд, балки воқеан мехоҳад ба ин хислатҳо ороста шавад. Хулоса, мо одамҳо “инсони комил”-ро касе медонем, ки ба ин хислатҳо ороста аст, на касе, ки хуб мехӯрад, хуб мехобад, хуб бо ҷуфташ омезиш мекунад. Ва ин дар ҳоле аст, ки бештари ин хислатҳо на ин ки камоли ҷисм маҳсуб намеоянд, балки ба зарару зиёни он ҳастанд мисли хислати азхудгузаштагӣ. Масалан, ҳам шиками ту гурусна аст ва ҳам шиками ҳамсояат ва ту як бурида нон ба ҳамроҳ дорӣ ва ҷисмат шадидан ба он ниёз дорад, вале ту он нонро намехӯрӣ ва ба ҳамсояат медиҳӣ. Ин аст исор ва азхудгузаштагӣ. Мо инсонҳо фитратан ин хислатро дӯст дорем, ва баръакс касеро, ки худхоҳ аст, накӯҳиш мекунем.

Вуҷуди ин майл дар ниҳоди мо, худ ҳикоят аз ин мекунад, ки пас мо фақат ҷисм набудаем? Балки асли мо руҳамон будааст, ки камолдӯстӣ ва камолхоҳӣ мутаъаллиқ ба ӯ будааст? Аммо ин ки чаро руҳамон чунин аст ва саодату хушбахтии худро дар расидан ба ин камолот медонад, розаш дар ин аст, ки руҳи мо моддӣ ва мутаъаллиқ ба ҷаҳони модда нест, балки сарчашма дар олами боло дорад. Ӯ болоро мехоҳад, на пойинро. Ӯ мехоҳад боло равад, на ба пойин. Ӯ мехоҳад ба аслаш бипайвандад, ва саодат ва хушбахтӣ ва оромиши худро фақат ва фақат дар пайвастан ба аслаш медонад. Мавлоно Маснавии худро бо абёте шурӯъ кардааст, ки дақиқан ба ҳамин ҳақиқат ишора доранд. Ин китоб беш аз ҳар чизе дигар, як китоби худшиносӣ аст. Мавлоно Маснавияшро чунин шурӯъ карда:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Най яъне ҳақиқати инсон, руҳи инсон, ҳамон чизе, ки мо аз он ба “ман” таъбир мекунем. Руҳе, ки ватанаш ҷаҳони хокӣ нест, балки ҷаҳоне дигар аст, ҷаҳони болост ва аз он ҷудо шуда ва мехоҳад ба он баргардад. Ӯ, ки аз он олам ҷудо шудааст, аз ин ҷудоӣ шикоят мекунад, ки:

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Яъне вақте ки руҳи одамӣ аз мартибаи ҷаҳони боло ба ин ҷаҳони моддӣ оварда шуд, сахт ғамгин гардид ва иштиёқ дорад, ки ба асли худ баргардад. Аммо, бо ин ки аз он олам ба ин олам оварда шуд, вале мехоҳад ба он баргардад, ба асли худ бипайвандад. Рози камолҷӯӣ ва камолхоҳии мо инсонҳо ҷуз ин нест.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Албатта дар ин ҳақиқат, ки одамизод камолхоҳ ва камолҷӯст (ва ба таъбири Мавлоно, ба дунболи асли худ аст ва мехоҳадба ӯ бипайвандад), ҳеч кас ҳатто фалосифаи моддигаро ва материалист ҳам тардид надоранд, ва асосан наметавонад касе мункири ин ҳақиқат шавад, зеро як амри бадеҳӣ аст.

Хуб, фикр мекунам, баҳсро ҳаминҷо мутаваққиф кунам, зеро каме тӯлонӣ шуд. Иншоаллоҳ дар як фурсати дигар, дар бораи “ман” ба унвони ҷузъе аз як гурӯҳ (ҷомеаи инсонӣ) — ки баҳси руҳи миллӣ низ дар он матраҳ аст – баҳс хоҳам намуд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: