Перейти к содержимому

Шарофиддин Гадоев хостори ташкили парвандаи ҷиноӣ барои шуморе аз мақомот шуд

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ирсоли аризае ба Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хостори ташкили парвандаи ҷиноӣ барои шуморе аз мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шуд.

Матни комили ин ариза ба шарҳеи зерин аст:

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 734043 ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино 126

Фиристода шуд ба воситаи қабулгоҳи электронии www.prokuratura.tj

Нусхаи аслӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар Белгия расонида мешавад. Bld General Jacques 16, 1050 Ixelles, Belgium

Аз номи Шарофиддин ГАДОЕВ — (19.05.1985с.), шаҳрванди Тоҷикистон, ки айни ҳол дар Ҳолланд таҳти ҳимояи байналмилалӣ зиндагӣ мекунам; раҳбари Ҷунбиши мардумииИслоҳот ва рушди Тоҷикистон” +31 (68) 478-8010

АРИЗА

(оиди оғози парвандаи ҷиноятӣ)

14 феврали соли 2019 ман, Шарофиддин ГАДОЕВ, зери назорати хадамоти махсуси Россия дар қаламрави ин кишвар афтода ва бе розигии худам ба Тоҷикистон фиристода шудам, ки дар онҷо нисбати ман бо ангезаҳои сиёсӣ парвандаи ҷиноятӣ сохта шудааст.

Ман, Шарофиддин ГАДОЕВ, санаи таваллуд 19 майи соли 1985, сокини Ҳолланд дар асоси мақоми паноҳандагӣ, шаҳрванди Тоҷикистон, собиқ муассис ва раҳбари ҳаракати сиёсии оппозитсионии “Гурӯҳи 24” мебошам. Айни замон раҳбари Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” мебошам, ки шомили Паймони Миллии Тоҷикистон ҳастам. Ин паймон 9 сентябри соли 2018 дар Лаҳистон ташкил шудааст.

Соли 2012 ман бинобар ғасби рейдерии тиҷоратам ва таҳдиди куштор аз тарафи Шамсулло Соҳибов, домоди президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, маҷбур ба тарки Тоҷикистон шудам. Соҳибов аз тамоми имкониятҳои ҳокимияти давлатӣ ба манфиатҳои шахсияш истифода бурда, тамоми моликияти маро соҳиб шуд, нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ сохтанд ва вақте ки хатари боздошт пеш омад, ман тарки кишвар кардам. Баъди чанде маро тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Дар зер таърихчаи ҳодисаҳоеро меорам, ки дар натиҷаи он маро бо ангезаҳои сиёсӣ аз Федератсияи Россия рабуда, 15 феврали соли 2019 зӯран ба Тоҷикистон бурданд.

13 феврали соли 2019 соати 11:50 бо вақти маҳаллӣ ман аз Амстердам ба Москва бо рейси KL0903, ки аз тарафи ширкати ҳавопаймоии ҳолландии KLM иҷро мешуд, парвоз намудам. Билети ман дутарафа буд ва бояд 16 феврали соли 2019 ба Амстердам бармегаштам.

14 феврали соли 2019 соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ кормандони Шӯрои амнияти ФР, вазорати корҳои дохила (ВКД) ва Хадамоти амнияти федералии (ФСБ) Россия амалиёти рабудани ман дар қаламрави Россия ва маҷбуран бурданам ба Тоҷикистонро оғоз карданд.

Тахминан соати 18:20 бо вақти Москва, кормандони ВКД Россия ғайриқонунӣ маро дастгир карданд, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ гузарномаи ҳолландӣ, ҳуҷҷати иқоматӣ (вид на жительство) ва ашёи шахсиамро гирифтанд, ба дастонам дастбанд заданд, сарамро бо скотч печонданд, ба сарам халтаи сиёҳи пластикӣ пӯшонданд ва бе эълони гуноҳ ба самти номаълум бурданд.

Тахминан соати 20:00 маро ба дасти Хадамоти Федеролии Бехатарии (ФСБ) Россия супориданд ва кормандони он маро барои маҷбуран фиристодан ба Тоҷикистон ба фурудгоҳ ва чӣ гунае, ки дертар маълум шуд, фурудгоҳи Домодедово бурданд.

Ҳудуди соати 23:30 бидуни гузаштан аз хатти назорати шиноснома ва хатти сарҳад, бе ягон ҳуҷҷат маро маҷбуран ба ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии тоҷикии Somon Air шинонда ба дасти ду корманди Раёсати кофтукови ҷиноятии (РКҶ) ВКД Тоҷикистон супурданд.

Тахминан соати 00:00-и 15 феврали соли 2019 рейси SZ 8202W Москва-Душанбеи ширкати Somon Air ғайриқонунӣ маро аз қаламрави Россия ба Тоҷикистон бурд. Дар дохили ҳавопаймо ман аз тарафи кормандони РКҶ ВКД Тоҷикистон ва бо ширкати кормандони ҳавопаймоии Somon Air, ки ба онҳо кӯмак мекарданд, мавриди латукӯб қарор гирифтам, ки ба сар ва тамоми баданам мезаданд. Тамоми 4 соати парвоз маро бо зӯр дар ҳолати дуқадшуда ва дастрасии маҳдуди ҳаво нигоҳ медоштанд. Дар ҳамин ҳол, дар паси мо, дар эконом-класси ҳавопаймо мусофироне қарор доштанд, ки ба гумони ғолиб доду фарёди маро дар бораи он ки маро дуздидаанд, мешуниданд.

Нусхаи билети ҳавопаймо замима мегардад.

Баробари расидан, рӯзи 15 феврали соли 2019 тахминан соати 06:00 бо вақти Душанбе маро дар таҳхонаи РКҶ ВКД Тоҷикистон ҳабс карданд, ки сардори ин ниҳод Шоҳрух Саилзода (аз замони таваллуд Саидов Шохрух Фатоевич) рохбари бевоситаи ин амалиёти ҷиноятӣ буд.

Дар таҳхонаи РКҶ ВКД Тоҷикистон ман аз тарафи кормандони РКҶ ВКД Тоҷикистон, бо сардории полковник Бахтиёр Назаров, мавриди латукӯб қарор гирифтам. Баъди он Бахтиёр Назаров аз 3 сенарияи тақдири минбаъдаи ман хабар дод:

1) Агар ман аз ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст кашам, пас онҳо ба шиканҷаи ман идома медиҳанд ва тамоми маълумоти барояшон лозимаро гирифта, баъди он маро мекушанд ва касе дар бораи дар Тоҷикистон будани ман хабар намеёбад;

2) Мисли варианти аввал, вале ба ҷои марг ман ё ба ҳабси абад ё ҳадди ақал ба 25 соли зиндон маҳкум мешавам;

3) Агар ба ҳамкорӣ розӣ шавам, гӯё озодиро соҳиб мешавам, аммо зери назорати доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба шарти иҷро кардани тамоми фармонҳои онҳо оиди сиёҳкунии мухолифони режими Эмомалӣ Раҳмон.

Байни соатҳои 8:00 то 9:00 ба таҳхонаи РКҶ ВКД Тоҷикистон генерал-майори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Амирбек БЕКНАЗАРОВ, генерал-майори КДАМ Атамхон Атоевич ПИРОВ ва генерал-лейтенанти ВКД Абдураҳмон Аламшозода (БУЗМАКОВ) омаданд. Се генерал бори дигар се сенарияи зикршударо тасдиқ карданд ва зери фишору таҳдиди куштан, маро маҷбур карданд, ки шартҳояшонро қабул кунам.

Аз 15 феврали соли 2019 гурӯҳҳои амалиётии КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон зери раҳбарии генералҳои дар боло зикршуда чанд навори сохташуда бо иштироки ман сабт мекунанд. Масалан баёнияи ман дар бораи гӯё бо хоҳиши худ баргаштанам ба Тоҷикистон ва сиёҳкунии мухолифони режими имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон. Дар навори дигар нишон дода шудааст, ки чӣ гуна ман, гӯё ихтиёран пиёда аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба шӯъбаи милитсия меравам, то ба хатоҳои худ иқрор шуда, тавба кунам ва аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиши авф намоям. Ғайри ин онҳо ҳамчунин модар ва хоҳари маро маҷбур намуданд, ки назди дастгоҳи наворбардорӣ баёнот диҳанд, ки гӯё аз баргаштани ман хурсанданд ва барои ин кор ба ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ мекунанд. YouTube-канали журналист Мирзои Салимпур – тжурналисти тоҷик дар ҳиҷрат, муҳаррири пойгоҳи хабарии Akhbor.com:

Баёнияи Шарофиддин ГАДОЕВ дар бораи гӯё баргашти ихтиёрӣ ба Тоҷикистон https://www.youtube.com/watch?v=gYgtMLfYtj0
Намоиш дар бораи он, ки чӣ гуна Шарофиддин ГАДОЕВ гӯё ихтиёрӣ аз фурӯдгоҳи Душанбе ба шӯъбаи милитсия меравад, то ба хатоҳояш иқрор карда аз мақомоти Тоҷикистон авф пурсад https://www.youtube.com/watch?v=Ijke0flmvlo
Изҳороти модару хоҳари Шарофиддин ГАДОЕВ, ки дар он онҳо мегӯянд гӯё аз бозгашти писар ва бародарашон ба ватан шоданд ва барои ин кор ба ҳукумати Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунанд
https://www.youtube.com/watch?v=14vST5yQXKI

Ҳамаи ин наворҳо зери фишору таҳдид аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабт шудаанд. Ману пайвандонамро маҷбур мекарданд назди дастгоҳи сабт матнҳои қаблан аз тарафи хадамоти махсус омодашударо баён кунем.

Бо ин наворҳо мақомот кӯшиданд ҷамъиятро бовар кунонанд, ки ман ихтиёран ба ватан баргаштаам. Вале ҳамаи он чӣ, ки дар ин наворҳо гуфта шуданд, зидди ихтиёри ман буданд.

Ду ҳафта, аз 15 феврал то 2 марти соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон маро зери назорат ва бидуни тамос бо берун нигоҳ медоштанд, ҳарчанд ба мардум ва дипломатҳои хориҷӣ гуфта мешуд, ки ман дар озодӣ қарор дорам. Тамоми ин муддат мақомоти Тоҷикистон бо фишору таҳдид мекӯшиданд ман ва пайвандонамро дар ҳадафҳои таблиғотии худ истифода баранд ва тамоми оилаи моро дар тарсу ҳарос нигоҳ медоштанд. Танҳо бо шарофати мунсаҷим кардани тамоми кӯшишҳо бо розигии ман аз тарафи Паймони миллии Тоҷикистон ва нашри наворе, ки қабл аз дуздида шуданам сабт карда будам ва инчунин дахолати фаъолони ҷамъиятӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, ВАО, корпуси дипломатии кишварҳои ғарбӣ, мақомот маҷбур шуданд маро раҳо кунанд.

Дар аснои гуфтугӯҳо дар 16 ва 21 феврали соли 2019 сардори КДАМ-и Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Сатторович ЯТИМОВ, ман фаҳмидам, ки амалиёти рабудани ман аз қабл тарҳрезӣ шуда, иҷозаи раҳбарияти Тоҷикистону Россия гирифта шудааст.

Шахсони масъул дар анҷоми амалиёти рабудани ман, истифодаи шиканҷа, маҷбуркунӣ аз ҷониби Тоҷикистон инҳо буданд:

раҳбари КДАМ Тоҷикистон генералполковник Саймумин Сатторович ЯТИМОВ,

вазири ВКД Тоҷикистон генералполковники милитсия Рамазон Хамро РАҲИМЗОДА,

сардори РКҶ ВКД Тоҷикистон подполковники милитсия Шоҳрух САИДЗОДА

Иҷрокунандагони калидии одамрабоӣ аз ҷониби Тоҷикистон инҳо буданд:

генералмайори КДАМ Амирбек БЕКНАЗАРОВ,

генералмайори КДАМ Атамхон Атоевич ПИРОВ,

генераллейтенанти ВКД Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА (БУЗМАКОВ),

муовини сардори РКҶ ВКД Тоҷикистон полковник Бахтиёр НАЗАРОВ,

директори генералии ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Somon Air, шаҳрванди Иёлоти муттаҳидаи Америка (ИМА) Томас В. ХАЛЛАМ II (Thomas W. Hallam II), ҳамчунин халабони асосӣ ва экипаже, ки рейси SZ 8202W Москва Домодедово-Душанберо 15 феврали соли 2019 иҷро мекард.

Бино бар гуфтаҳои зайл, аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки нисбати шахсони дар боло номбаркарда шуда ба далели рабудани ман (м. 130 КҶ) , таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (м.120 КҶ), ба далели интиқоли фаросарҳадӣ ва баргардонидани маҷбурӣ ба Тоҷикистон (м.134 КҶ ), ба далели боздошти ғайриқонунӣ (м.358 КҶ ), ба далели корбурди шиканҷа (м. 143 иловаи 1КҶ), ба далели таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз тарафи гурӯҳи шахсони мансабдор (м. 187 КҶ) ва ба далели берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ аз тарафи шахсони номбаршуда (м.316 КҶ ), парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад.

Ҳамзамон хоҳиш мекунам ба ин ариза дар фурсати пешбинишудаи қонун тибқи қисми 1-и моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ” ба тарзи хаттӣ посух дода шавад.

Аз тарафи худ ман тайёрам ба саволҳои тафтишот бо истифода аз воситаҳои алоқаи интернетӣ ва ё бевосита ба намояндагони тафтишот дар қаламрави давлатӣ Ҳолланд посух гӯям, то одамони дар боло зикршуда, ки ҷинояти вазнин сатҳи байналмиллалӣ содир намуданд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмиллалӣ ҷазо гиранд.

Тамос бо ман: +31684788010

Бо эҳтиром,

Шарофиддин ГАДОЕВ

24.06.2019 сол

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: