Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (377)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (1)

* * *

Аввал он кас, к-ин қиёсакҳо намуд

Пеши анвори Худо, Иблис буд.

Нахустин касе, ки дар баробари анвори илоҳӣ қиёсҳои ночизу беарзиш кард, Иблис буд.

Нукта: Иблис, ба нақл аз ояти шарифаи 76 сураи Сод, гуфт:

قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ

Иблис гуфт: ман аз Одам беҳтарам; зеро маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил.”

Гуфт: нор аз хок бешак беҳтар аст,

Ман зи нору ӯ зи хоки акдар аст.

Иблис гуфт: бегумон, оташ аз хок беҳтар аст. Ман аз оташи фурӯзонам ва ӯ аз хоки тира.

Нор: оташ. Акдар: тира.

Пас қиёси фаръ бар аслаш кунем,

Ӯ зи зулмат, мо зи нури равшанем.

Пас қиёси фаръии Иблисро бо аслаш месанҷем. Қиёси Иблис ин аст, ки Одам аз торикӣ аст ва мо, иблисиён аз нурем. Зулмат фаръ бар нур аст, ва нур асл аст. Бинобар ин, нашояд, ки асл тобеъи фаръ шавад.

Гуфт Ҳақ: на, балки “ло ансоб” шуд,

Зуҳду тақво фазлро меҳроб шуд.

Ҳақ Таъоло гуфт: қиёс кардани фаръ бар асл, эътибор надорад; зеро танҳо порсоӣ ва парҳезгорӣ меҳробу қиблагоҳи фазлу шараф аст, на ҳасабу насаб.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 101 сураи Мӯъминун:

فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ فَلا أَنْسَابَ بَيْنَهُمْ يَوْمَئِذٍ وَلا يَتَسَاءَلُونَ

Он гоҳ ки дар сур даманд, дар он рӯз, хешовандиҳо набошад ва ҳамдигарро напурсанд.”

Ва дар мисроъи дуввум, ишорат аст ба мазмуни ояти 13 сураи Ҳуҷурот:

إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

Ҳамоно гиромитарини шумо дар назди Худованд, парҳезгортарини шумост…

Ин на мероси ҷаҳони фонӣ аст,

Ки ба ансобаш биёбӣ, ҷонӣ аст.

Порсоӣ ва парҳезгорӣ мероси ин ҷаҳони мирову фонӣ нест, ки онро ба воситаи насабҳо биёбӣ ва ё фақат бо шарафи ниёкон ба даст оварӣ, балки ин мерос руҳонӣ аст ва фақат бо иршоди саҳеҳи руҳонӣ метавон бад-он расид.

Ҷонӣ: мансуб ба ҷон, манзур умури руҳонӣ ва маънавӣ аст.

Балки ин меросҳои анбиёст,

Вориси ин, ҷонҳои атқиёст.

Балки ин мерос, яъне порсоӣ ва парҳезгорӣ, мероси паёмбарон ва вориси ин мероси руҳонӣ ҷонҳо ва арвоҳи парҳезгорон аст.

Атқиё: парҳезгорон, ҷамъи тақӣ.

Пури он Бӯҷаҳл шуд мӯъмин аён,

Пураи он Нуҳи набӣ аз гумраҳон.

Ба унвони мисол, писари Абӯҷаҳл ошкоро мӯъмин шуд, вале писари Нуҳи набӣ (а) дар силки гумроҳон қарор гирифт.

Пура: пур, писар.

Нукта: Икрима монанди падараш Абӯҷаҳл аз сарсахттарин душманони Расули Худо (с) буд, лекин ӯ пас аз фатҳи Макка ба ислом гаравид ва дар ислом оварданаш низ холис буд. Дар ҷангҳое низ ширкат ҷуст ва саранҷом дар воқеаи Ярмук дар синни 62-солагӣ ба шаҳодат расид. (Аъломи Заркалӣ, ҷ.5, с.44)

Зодаи хоке мунаввар шуд чу моҳ,

Зодаи оташ туӣ, рав рӯсиёҳ!

Фарзанде, ки аз хок зода шуд ҳамчун моҳ тобон гашт. Эй Иблиси рӯсиёҳ! Ту зодаи оташӣ, бирав ва тафохур бар ҳасабу насабро раҳо кун.

Ин қиёсоту таҳаррӣ рӯзи абр

Ё ба шаб, мар қибларо кардаст ҳабр.

Ин қиёсҳо ва кунҷоковиҳо дар рӯзи абрӣ ва ё шаби торик, ба василаи олими дин анҷом мешавад.

Таҳаррӣ: ҷустуҷӯ. Ҳабр: донишманд.

Нукта: Ҳангоме ки ҳаво абрӣ шавад ва ё шаби торик мӯҷиби номаълум шудани қибла гардад, олимони дин қиёсҳо ва ҷусторҳоро дар ин маворид муҷоз донистаанд. Пас, вақте ки қиблаи ҳақиқат урён набошад, одамӣ ба қиёсу гумон даст мезанад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.976)

Лек бо хуршеду Каъба пеши рӯ

Ин қиёсу ин таҳарриро маҷӯ.

Вале вақте ки хуршед намоён бошад ва Каъба дар пеши чашми ту аён, дигар раво нест дунболи ин қиёсҳо ва ҷустуҷӯҳо биравӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: