Перейти к содержимому

Ҳаниа: «Меҳвари муқовимат Омрикоро ба зону нишонд // Нишасти Баҳрайн маҳкум ба шикаст аст»

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), бо таъкид бар ин ки меҳвари муқовимат ба хусус Эрон Омрикоро ба зону нишонд, хотирнишон кард, ки нишасти зидди фаластинии Баҳрайн маҳкум ба шикаст аст.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Исмоил Ҳаниа рӯзи сешанбе (24 июн) тайи суханронии худ дар “Нишасти миллии муқобила бо Муомилаи қарн ва нишасти Баҳрайн” гуфт: “Интифозаи якпорчаи миллати Фаластин нишасти Баҳрайнро беасар хоҳад кард.”

Бар пояи ин гузориш, тарҳи сулҳи иддаоии Омрико мавсум ба “Муомилаи қарн”, ки барои поён додан ба мунозиъа байни фаластиниён ва саҳюнистҳо аз сӯи Дунолд Тромп тарроҳӣ шуда, ба дунболи ҳазфи ҳамешагии бозгашти оворагони фаластинӣ (мутобиқи омор 6 милюн) ба сарзамини худ ва искони онҳо дар “ватани ҷойгузин” яъне кишварҳои дигар аст.

Омрико эълом кардааст, ки нишасти Баҳрайн, ки аз имрӯз дар Манома баргузор шуда ва фардо низ идома хоҳад дошт, гоми нахусти иҷрои ин муомила аст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар ин ҳамоиш, ки ҳамзамон бо нишасти зидди фаластинии Баҳрайн баргузор шуд, таъкид кард, ки миллати Фаластин ба ҳеч аҳаде ихтиёри инро надодааст, ки ба ниёбат аз онҳо сухан бигӯяд ва бо номи онҳо тиҷорат кунад.

Ӯ бо баёни ин ки “Қудс ва Фаластин аз они мост ва ҳамаи сарзаминҳо (-и ишғолӣ) барои мост”, дар мавриди чароии баргузории ин нишасти зидди фаластинӣ ба мизбонии Баҳрайн гуфт: “Нишасти Баҳрайн сиёсӣ ва бо пӯшиши иқтисодӣ ва молӣ аст ва ҳадафи Муомилаи қарн аз байн бурдани ормони Фаластин аст.

Ҳаниа таъкид кард, ки Муомилаи қарни Омрико ва нишасти Баҳрайн ба дунболи қонунӣ кардани ишғолгарии саҳюнистҳо дар сарзаминҳои Фаластин аст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар ин суханронии худ бори дигар таъкид кард, ки Муомилаи қарн ва нишасти Баҳрайн “мурда ба дунё омадаанд”.

* * *

Меҳвари муқовимат Омрикоро ба зону нишонд

Ҳаниа ба тавоноии меҳвари муқовимат ба вежа Эрон дар муқобила бо Омрико ишора кард ва гуфт: “Имрӯз нерӯҳо ва кишварҳои муқовимат ҳавопаймоҳои Омрикоро сарнагун мекунанд ва онҳоро дар обҳои мо ва халиҷи мо ба зону менишонанд.”

Ҳаниа гуфт, ки миллати Фаластин чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ имрӯз дар як хандақ истода ва дар баробари муомилаҳо ва нишастҳо муттаҳид аст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ба замони баргузории нишасти зидди фаластинии Баҳрайн ишора кард ва гуфт, ки ин нишаст дар рӯзе баргузор мешавад, ки гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии Ҳамос, Гилъод Шалит, сарбози исроилиро ба асорат даровард.

Исмоил Ҳаниа мушорикаткунандагон дар нишасти Баҳрайнро хитоб қарор дод ва гуфт: “Нишасти шумо ва худатон ба сӯи завол аст.”

Ӯ бо баёни ин ки фаластиниҳо ба Муомилаи қарн, вогузории хоки худ ва искони саҳюнистҳо дар сарзаминҳои Фаластин ва ватани ҷойгузин ва густариши маҳдудаи Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, “на” мегӯянд, аз омодагии Ҷунбиши Ҳамос барои дидору гуфтугӯ бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ва раҳбарони Ҷунбиши Фатҳ дар ҳар ҷое, ки бихоҳанд, хабар дод.

Ҳаниа аз раҳбарони Фатҳ хост, ба дунболи эҷоди роҳбурди миллии ҷомеъ бошанд; чаро, ки набард бо душмани саҳюнистӣ сахт аст.

Ӯ таъкид кард, ки Ғазза на ба самти Миср, балки ба самти сарзаминҳои ишғолии Фаластин тавсиъа хоҳад ёфт.

Яке аз мавориди тарҳи сулҳи иддаои Омрико барои Фаластин ин аст, ки Миср бахше аз шибҳиҷазираи Синоро ба Ғазза мулҳақ кунад.

Ҳаниа таъкид кард, ки фаластиниҳо иҷоза нахоҳанд дод хуни шуҳадои Фаластин аз Ёсир Арафот, нахустин раиси Ташкилоти худгардон, шаҳид Шайх Аҳмад Ёсин, бунёнгузори Ҷунбиши Ҳамос ва шаҳид Фатҳӣ Иброҳим Шиқоқӣ, муассиси Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ва ҳамаи шуҳадои ин кишвар поймол шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: