Перейти к содержимому

Тасвире, ки дунёро такон дод

Тайи соатҳои гузашта интишори тасвире аз ғарқ шудани як падари элсолводурӣ бо духтари 2-солааш дар рӯди марзии Риу-Гронде дар марзи Мексик ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, расонаҳо ва шабакаҳои маҷозиро дар сар то сари ҷаҳон таҳти таъсир қарор додааст.

Ускор Олберту Мортинез Ромирез (Oscar Alberto Martinez Ramirez) – як падари эдсолводурӣ, ҳангоме ки мехост аз рӯди марзии Мексик убур карда ва вориди хоки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико шавад, ба ҳамроҳи духтари хурдсолаш, ки ба пушти худ баста буд, ғарқ шудааст.

Ҷасади ин падару духтар рӯзи душанбе дар рӯди марзӣ байни иёлати Тегзос ва Мексик кашф шудааст.

Бар асоси гузориши Associated Press, нахустин акс аз ҷасади ин падару духтар аз сӯи як хабарнигори мексикӣ гирифта шудааст.

Ин акс тайи соатҳои гузашта ба шиддат дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ дар ҷаҳон дар ҳоли интишор аст.

Ин акс ҳамчунин ёдовари моҷарои писарбаччаи хурдсоли курди сурӣ Ойлони курдӣ аст, ки 4 сол пеш пайкари беҷони ӯ дар савоҳили Бедруми Туркия ҷаҳонро шука кард.

Акси пайкари беҷони Ойлони курдӣ, ки 4 сол пеш дунёро шука ва ғамгин кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: