Перейти к содержимому

Ҳама чиз дар бораи “Муомилаи қарн” ва тарроҳи он (тасовир)

“Нишасти Манома” (бахши иқтисодии тарҳи омрикоӣ-саҳюнистии мавсум ба “Муомилаи қарн”) шомгоҳи сешанбе бо суханронии Ҷоред Кушнер (Jared Kushner) — домод ва мушовири Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар Манома – пойтахти Баҳрайн оғоз шуд.

Кушнер дар суханронии худ дар ин нишаст, бо ин иддао, ки сармоягузорӣ пешшарти поёни даргириҳост, аз тавтиъаи иқтисодии 50 милёрд дулорӣ дар қолаби тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” парда бардошт.

Дар ҳоле, ки фаластиниён ҳатто сарони Ташкилоти худгардон, нишасти Маномаро таҳрим карда ва ҳеч кадом дар он ширкат накардаанд, Кушнер дар иддаоҳое гуфт: “Нишасти Манома мутаъаллиқ ба шумост! Ва раисиҷумҳур Тромп шуморо танҳо нахоҳад гузошт! Таҳаққуқи шукуфоӣ ва тавсиъа барои фаластиниён, ҷуз аз тариқи роҳи ҳалли сиёсии одилона, ғайримумкин хоҳад буд. Омрико ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури ин кишвар, худро ба сохтани ояндаи беҳтар барои Фаластин ва кулли Ховари Миёна пойбанд медонанд.”

Кушнер бо интиқод аз Ташкилоти худгардони Фаластин (ба раҳбарии Маҳмуд Аббос), гуфт: “Бисёре аз бозаргонон ва туҷҷор дар нишасти Баҳрайн ғоиб ҳастанд, чаро ки Ташкилоти худгардони Фаластин аз онҳо хостааст дар ин нишаст ширкат накунанд.”

Вай бо эътироф ба вуҷуди бархе шаккҳо дар хусуси тарҳи “Муомилаи қарн” иддао кард, ки ин тарҳ “фурсати қарн” аст ва вазъияти маъишатии мардуми Фаластин ва кулли Ховари Миёнаро беҳбуд хоҳад бахшид.

Кушнер дар идома, бе он ки ба мавзӯъи ҳуқуқ ва бозгашти миллати Фаластин ба сарзаминҳояшон ишорае кунад, ҷузъиёти тарҳи худро тавзеҳ дод ва иддао кард, ки метавон минтақаро аз қурбонгоҳи даргириҳои гузашта, ба намунаи тиҷорат ва пешрафт табдил кард.

Вай дар сӯҳбатҳои худ, клипи таблиғотие пахш кард, ки нақшаи минтақаро бидуни марзҳои кишварҳо нишон медиҳад, ва ба сармоягузориҳо дар минтақа ба вежа дар каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза мепардохт; бе он ки марзҳои Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ дар он мушаххас бошад.

Ин клип ба тарҳҳои зерсохтӣ, фанноварӣ, омӯзишу парвариш ва бахшҳои энержӣ ишора дошт, ки каронаи Бохтарӣ, навори Ғазза ва кулли минтақаро шомил мешуд бе он ки ҷанбаҳои сиёсӣ ва ё мавонеъи ношӣ аз таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ, дар он лиҳоз шавад. Нишасти Манома то поёни имрӯз (26 июн) ҳам идома дошт.

* * *

Тарроҳони ин муомила киҳо ҳастанд?

Ҷоред Кушнер — домод ва мушовири раисиҷумҳури Омрико, Муҳаммад бен Салмон — валиҳади Арабистони Саудӣ ва Муҳаммад бен Зоид — валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, аз тарроҳони аслии “Муомилаи қарн” ба шумор мераванд.

“Муомилаи қарн” шомили инзимоми (зам шудани) комили Қудс ба режими саҳюнистӣ, инзимоми шаҳракҳои мавҷуд дар каронаи Бохтарӣ ба ин режим, ва таъйини минтақаи Абудис ба унвони пойтахти кишвари Фаластин аст.

Ин тарҳ ҳамчунин шомили чашмпӯшии фаластиниҳо аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини худ аст, дар ҳоле, ки тибқи қатъномаи 194 Шӯрои амнияти СММ, ҳаққи бозгашт ба расмият шинохта шудааст.

Ин тарҳ бо вокуниши шадиди мусалмонон ва фаластиниён рӯ ба рӯ шуда ва танишу даргирӣ бо низомиёни режими саҳюнистиро дар Фаластин дар каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза афзоиш додааст.

Сокинони Ғазза дар эътироз ба нишасти Баҳрайн ва тарҳи “Муомилаи қарн” ва ба дархости Ҳамос, эътисоб карданд ва мағозаҳои худро бастанд. Дар каронаи Бохтарӣ ва Ромуллоҳ‎ низ теъдоди зиёде аз мӯътаризон тавассути низомиёни саҳюнист саркӯб шуданд.

Вошингтун умедвор аст, ки кишварҳои сарватманди халиҷи Форс, ки дар ин нишасти дурӯза ширкат кардаанд, нисбат ба ин тарҳ алоқа нишон диҳанд.

Бар асоси тарҳи Кушнер, давлати Тромп интизор дорад ин давлатҳо ва сармоягузорони алоқаманд 50 милёрд дулор дар сарзаминҳои фаластинӣ, Ӯрдун, Миср ва Лубнон сармоягузорӣ кунанд.

Арабистони Саудӣ ҳимояти худро аз барномаи давлати Тромп эълом кардааст. Ӯрдун ва Миср — танҳо кишварҳое, ки бо режими саҳюнистӣ ба тавофуқи сулҳ расидаанд — муовинони вузарои иқтисодии худро ба ин конфронси дурӯза фиристодаанд. Аммо интизорот барои муваффақияти ин барнома ба шиддат андак аст.

* * *

Бо тарроҳи аслии ин муомила бештар ошно шавед

Ҷоред Кури Кушнер (Jared Corey Kushner) дар таърихи 10 январи 1981 дар шаҳри Ливингстони иёлати Ню-ҷерсӣ дар як хонводаи яҳудии уртудукс (ортодокс) мутаваллид шуд. Ӯ бузургтарин фарзанди хонавода аст ва як бародару ду хоҳар дорад.

Ӯ дар соли 1999 аз дабиристони уртудукси Ёшуо мадраки диплум гирифт ва дар соли 1999 вориди донишгоҳи Ҳорворд шуд ва дар риштаи ҷомеашиносӣ таҳсил кард.

Ӯ сипас бо ду мадраки “дуктурои ҳирфаӣ / мудирияти аршади касбу кор” аз донишгоҳи Ню-йорк фориғуттаҳсил шуд.

Кушнер тоҷир, сармоягузор дар амлоку мустағиллот ва ношири омрикоӣ ва мушовири аршади Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва ҳамчунин ҳамсари духтари ӯ Ивонко Тромп аст. Гуфта шуда Кушнер мавриди эътимодтарин мушовири Тромп аст ва ба падарзанаш “вафодории тазалзулнопазире” дорад.

Кушнер молики аслии ҳелдинг ва тавсиъаи амлок ва ширкати интишори рӯзномаи New York Observer аст.

Ширкати “Финикс” яке аз машҳуртарин ширкатҳое аст, ки дар мудирияти Ҷоред Кушнер аст, ки бештар бар мустағиллот дар иёлатҳои Ню-ҷерсӣ, Пенсилвониё, Мериланд ва Уҳою тамаркуз дорад.

Ҷоред бузургтарин муомилаи сохтмони дафотир дар Омрикоро бо хариди сохтмони шумораи 666 дар булвори панҷуми Ню-йорк ба арзиши 1 милёрду 800 милюн дулор анҷом дод.

Ӯ писари сохтмонсози омрикоӣ Чорлз Кушнер аст. Чорлз Кушнер аз мушовирони аршади ситоди интихоботии риёсати ҷумҳурии Дунолд Тромп буд.

Чорлз Кушнер барои муддати зиёде аз ҳомиёни молии номзадҳои демукрот будааст ва кӯмак ба Бил Клинтун ва Ҳилори Клинтунро дар собиқаи худ дорад. Ӯ дар соли 2015 бо маблағи 100 ҳазор дулор ба ситоди интихоботии Дунолд Тромп ва ҷумҳурихоҳон кӯмаки “довталабона” кард. Чорлз Кушнер, муддате ба далели дасткорӣ дар асноди молӣ ва пардохти кӯмаки ғайриқонунӣ, дар зиндон ба сар бурд.

Ҷоред Кушнер байни солҳои 2007 то 2016, дастикам 7 милёрд дулор дар амлоки Ню-йорк сармоягузорӣ кард. Ӯ дар соли 2007 ва дар синни 26-солагӣ гаронқиматтарин хариди моликияти як сохтмонро дар таърихи Омрико анҷом дод.

* * *

Иртиботи наздики Кушнер бо режими саҳюнистӣ

Кушнер ва хонаводааш, иртибототи бисёр қавӣ бо саҳюнистҳо доранд. “Бунёди Кушнер” дар соли 2011, маблағи 25 ҳазор дулор ва дар соли 2012 маблағи 10 ҳазор дулор ба як созмони яҳудии мустақар дар Лос-анҷелес ва раиси он, ки хохоми ҳозир дар маросими савганди Тромп буд, кӯмаки молӣ кардаанд.

Волидайни Кушнер дар соли 2014 дар ҳудуди 20 милюн дулор ба Донишгоҳи дорусозии исроилӣ дар Қудс кӯмак карданд.

Ҷоред Кушнер бо истифода аз мавқеияти хуби хонаводааш дар сарзаминҳои ишғолӣ, тавониста иртибототи қобили таваҷҷӯҳе байни мақомоти ин режим ва Дунолд Тромп барқарор кунад.

Манобеъи хабарӣ фош кардаанд, ки “Бунёди Кушнер”, ки ба василаи хонаводаи Кушнер идора мешавад, беш аз 58 ҳазор дулор (бахше аз кӯмаки барномарезишудаи 8.5 милюн дулорӣ) ба шаҳраксозӣ ва мадориси мазҳабии “Исроил” кӯмак кардааст.

* * *

Муоширати Ҷоред бо Ивонко, духтари маҳбуби Дунолд Тромп, дар соли 2007 оғоз шуд. Муоширати онҳо баъд аз як муомилаи калон миёни ширкатҳои хонаводаи Кушнер бо хонаводаи Тромп буд. Аммо монанди яҳудиёни уртудукс Ҷоред наметавонист ба худ иҷоза диҳад, ки бо як ғайрияҳудӣ издивоҷ кунад. Як ғайрияҳудӣ барои ин ки яҳудӣ бишавад ва ниҳоди яҳудияти уртдукс ӯро қабул кунад, бояд дарсу омӯзишҳои зиёде бигирад ва имтиҳоноти сахтро бигузаронад.

Дар яҳудият танҳо касе ба таври табиӣ яҳудӣ аст, ки модараш яҳудӣ бошад, аммо Ивонко аз модари масеҳӣ буд, ки Тромп бо ҷанҷоли азим ӯро талоқ дод.

Танҳо ду сол баъд, ки Ивонко аз сӯи роҳибҳои сахтгир ба унвони яҳудӣ қабул шуд, Ҷоред дар 25 октябри 2009 бо ӯ издивоҷ кард.

Кушнер ба шӯхӣ мегӯяд, дар хонаи онҳо Ивонко мудир аст ва худаш узви ҳайъати мудира. Ин завҷ уртудукси мудерн ҳастанд. Кушнер ва Ивонко се фарзанд доранд.

Худи Ҷоред Кушнер дар фазои маҷозӣ чандон фаъол нест. Бо ин ки 18 ҳазору 700 нафар дар Твиттер дунболаш мекунанд, аммо ҳанӯз як твитт ҳам назадааст.

* * *

Вуруд ба Кохи сафед

Расонаҳо тақрибан ба ин бовар расидаанд, ки гардонандаи аслии ситоди таблиғотии интихоботи риёсати ҷумҳурии Дунолд Тромп, домоди вай будааст.

Ҷоред Кушнер дар ситоди интихоботии Дунолд Тромп нақши қобили таваҷҷӯҳеро ифо кард. Ӯ мағзи мутафаккири расонаҳои иҷтимоии ситоди Дунолд Тромп буд ва ба сабаби иртибототи густурдае, ки бо асҳоби ин ҳавза аз ҷумла Робкрт Мурдок — ғули расонаӣ дошт, кӯмаки зиёде ба пирӯзии Дунолд Тромп кард.

Гуфта шуда буд, ки Ивонко ва Ҷоред сафҳаи Твиттери Дунолд Тромпро дар тӯли корзори интихоботӣ расад мекарданд, то ӯ вокунишҳои тунди худро мунташир накунад, аммо аз ғуруби ҷумъа то поёни шанбе, ки он ду наметавонанд аз телефон ва фанновариҳо ба далели ойини яҳудӣ истифода кунанд, Дунолд баҳрабардории худро мекард. Шавоҳид низ нишон медиҳад, ки бархе аз паёмҳои хашмгинонаи Тромп дар ҳамин соатҳои ғуруби ҷумъа то поёни шанбе мунташир шуда буд ва Ивонко ва Ҷоред баъдан талош карданд то ҷое, ки метавонанд онҳоро пок кунанд ва дасткорӣ кунанд.

Ҷоред Кушнер ҳамчунин барои беҳбуди равобити Тромп бо шабакаи хабарии “Фокс-нюз” миёнҷигарӣ кард.

Пас аз пирӯзии Дунолд Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, домоди ӯ низ бо сару садои зиёде вориди Кохи сафед шуд. Вазоифи сангине бар ӯҳдаи Ҷоред Кушнери ҷавон ниҳода шуд.

Ҳузури духтар ва домоди Тромп дар Кохи сафед аз рӯзи аввал интиқодбарангез буд. Ҷоред Кушнер дар рӯзи ҷашни таваллуди 36-солагиаш ба унвони мушовири аршади Кохи сафед муаррифӣ шуд; ба гунае, ки бархе ин гумоназаниро матраҳ карданд, ки ин интисоб тасодуфӣ набуда, балки ҳадияи солрӯзи таваллудаш аз сӯи падарзанаш будааст.

Ҷоред Кушнери бетаҷриба бо вуҷуди ин ки 36 сол бештар надошт, қарор буд пружаи ислоҳоти давлатро амалӣ кунад, равобити Омрико бо Чинро бозбинӣ кунад ва аз ҳама муҳимтар, бӯҳрони 100-солаи Ховари Миёнаро ҳал кунад.

Ҳамчунин қарор буд дар Кохи сафед ниҳоди тозае ба номи “Дафтари навовариҳои Омрико” ба риёсати Кушнер эҷод шавад. Ин дафтар қарор буд ба кӯмаки бахши хусусӣ, кайфияти зиндагии омрикоиҳоро беҳбуд бибахшад.

Бахше аз мавориди ёдшуда ҳамчун сиёсати Чинро худи Тромп бар ӯҳда гирифта ва мавориди дигар монанди дафтари навовариҳо дар ҳадди барнома боқӣ мондаанд.

Гуфта мешавад Кушнер дар парвандаи дахолати Русия дар интихоботи Омрико ҳам нақш дошт. Ӯ аз қарори маълум дар даврони муборизоти интихоботии Тромп, иртиботе васеътар ва мухаррибтар аз он чи мегӯяд, бо Русия доштааст.

* * *

Ҷузъиёти “Муомилаи қарн”

Як расонаи ибризабон бо истинод ба санади дарзёфта аз Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ, ҷузъиёти “Муомилаи қарн”-ро фош кард, ки тибқи ин санад, кишвари “Фаластини ҷадид” бидуни дар ихтиёр доштани артиш ва силоҳ ташкил хоҳад шуд.

Рӯзномаи ибризабони Israel Hayom бо истинод ба як санади Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ҷузъиёти комили тарҳи сулҳи Омрико барои Фаластин ва Исроил мавсум ба “Муомилаи қарн”-ро фош кард. Ин рӯзнома навишт:

Як санади дохилӣ, ки аз Вазорати хориҷа ба берун дарз пайдо карда ва ҳеч тарафе то кунун масъулияти ифшои бандҳои ин санадро бар ӯҳда нагирифтааст, дарбарондаи ҷузъиёти комили тарҳи сулҳи Омрико барои Ховари Миёна аст. Тибқи навиштаи ин рӯзнома, бандҳои аслии ин тарҳ ба шарҳи зер аст:

1) Тавофуқ:

Тавофуқномае миёни режими саҳюнистӣ ва Созмони озодибахши Фаластин имзо хоҳад шуд, ки тибқи он, кишвари Фаластин таҳти унвони “Фаластини ҷадид” дар сарзаминҳои каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза ташкил мешавад ва шаҳракҳои ин манотиқ низ ба “Исроил” дода хоҳанд шуд.

2) Тахлияи замин:

Марокизи шаҳраксозӣ камокон таҳти тасаллути “Исроил” боқӣ хоҳанд монд ва шаҳракҳои ҷудоафтода низ ба онҳо мулҳақ хоҳанд шуд.

3) Қудс:

Тибқи ин санад, Қудс байни “Исроил” ва Фаластин тақсим нахоҳад шуд. Сокинони араб аз ин шаҳр интиқол пайдо мекунанд, то ҷузъи аҳолии “Фаластини ҷадид” шаванд.

Шаҳрдории Қудс низ, ки зери назари режими саҳюнистӣ аст, масъули тамоми сарзаминҳои Қудс ба истиснои бахши омӯзиш хоҳад шуд, чаро ки бахши омӯзиш ба ӯҳдаи “Фаластини ҷадид” аст ва “Фаластини ҷадид” ба шаҳрдории Қудс молиёти вежаи марбут ба амлоку об пардохт мекунад.

4) Ғазза:

Миср бо ҳадафи эҷоди корхона, фурудгоҳ ва маконҳое барои мубодилоти тиҷорӣ ва кишоварзӣ, сарзаминҳое ба Фаластин медиҳад, аммо ба фаластиниён иҷоза дода нахоҳад шуд то дар ин сарзаминҳо сокин шаванд.

5) Кишварҳои таъйидкунанда ва ҳомӣ:

Рӯзномаи Israel Hayom навиштааст, ки Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва кишварҳои араби ҳавзаи халиҷи Форс, барои кӯмак ба иҷрои ин тавофуқнома ва ҳимояти иқтисодии он мувофиқат кардаанд.

6) Дарсади мушорикат миёни кишварҳои ҳомӣ:

— Омрико, 20 дарсад;

— Иттиҳодияи Урупо, 10 дарсад;

— Кишварҳои тавлидкунандаи нафти ҳавзаи халиҷи Форс, 70 дарсад.

6) Артиш:

Тибқи ин тарҳ, ба “Фаластини ҷадид” иҷоза дода нахоҳад шуд, ки артиш ва силоҳи қавӣ дар ихтиёр дошта бошад ва танҳо силоҳе, ки метавонад дошта бошанд, силоҳи пулис аст.

Тавофуқномае дар ин бора миёни режими саҳюнистӣ ва Фаластин имзо хоҳад шуд, ки тибқи он, Исроил аз Фаластини ҷадид дар муқобили ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ дифоъ мекунад, аммо ин дифоъ машрут ба пардохти ҳазинаи он ба ин режим аст ва музокира байни режими саҳюнистӣ ва кишварҳои араби “миёнарав” дар бораи маблағе, ки арабҳо ба артиши ин режим ба унвони ҳазинаи ҳифозат (аз Фаластини ҷадид) хоҳанд пардохт, анҷом хоҳад шуд.

8) Ҷадвали замонӣ ва мароҳили иҷро:

Ҳангоми имзои ин тавофуқнома:

1. Ҳамос ба таври комил халъи силоҳ шуда ва таслиҳоти он ба Миср таҳвил дода хоҳад шуд;

2. Марзҳои навори Ғазза барои тиҷорати ҷаҳонӣ аз тариқи гузаргоҳҳои исроилӣ ва мисрӣ боз ва ҳамчунин бозори Ғазза бо каронаи Бохтарӣ гушуда ва ҳамчунин ин иқдом аз тариқи дарё анҷом мешавад;

3. Як сол пас аз имзои тавофуқ, интихоботи демукротик дар кишвари Фаластини ҷадид баргузор мешавад ва ҳар шаҳрванди фаластинӣ метавонад барои ин интихобот номзад шавад;

4. Як сол пас аз баргузории интихобот, тамомии асирон ба шакли тадриҷӣ ва дар муддати се сол озод хоҳанд шуд;

5. Дар тӯли панҷ сол, бандари дарёӣ ва фурудгоҳӣ барои Фаластини ҷадид эҳдос хоҳад шуд ва то он замон, фаластиниҳо аз фурудгоҳҳо ва бандарҳои Исроил истифода хоҳанд кард;

6. Марзҳои миёни Фаластини ҷадид ва сарзаминҳои ишғолӣ барои убуру мурури шаҳрвандон ва колоҳо боз хоҳанд монд. Ҳамон тавр ки ҳамакнун бо кишварҳои дӯст ин гуна аст;

7. Як пули муъаллақ бо иртифоъи 30 метр аз сатҳи замин эҳдос ва каронаи Бохтарӣ ва навори Ғаззаро ба ҳам васл мекунад ва маъмурияти эҳдоси он, ба ширкате аз Чин дода мешавад.

8. Водии Ӯрдун ҳамонанди имрӯз дар дасти Исроил боқӣ хоҳад монд.

* * *

Рӯйкарди хасмона дар қиболи Фаластин бо иддаои сулҳ

Бандҳои “Муомилаи қарн” агарчӣ зоҳире инсондӯстона доранд, аммо тарроҳони он ҳақоиқеро махфӣ кардаанд, ки нигоҳе ба ин ҳақоиқи пинҳон то ҳадди зиёде моҳияти нақшаеро, ки омрикоиҳо ва саҳюнистҳо барои Фаластин кашидаанд фош мекунад.

Кушнер дар бахши аввали суханони худ дар нишасти Манома ба алоқамандии Омрико барои барпоии ҳокимияти фаластинӣ ва воҳид дар Фаластин ба ҷойи дудастагии кунунӣ байни каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза ишора мекунад. Зоҳири ин ҷумла талоше аз сӯи Омрико барои эҷоди ваҳдат дохили Фаластин аст, аммо нигоҳе ба иқдомоти гузаштаи Омрико нишон медиҳад, ки ҳадафи Кушнер аз ин ҷумалот ҳазфи Ҳамос ва гурӯҳҳои муқовимат ва қарор додани навори Ғазза зери дастгоҳи амниятии Ташкилоти худгардон ва артиши режими саҳюнистӣ аст.

Хостаи аслии саҳюнистҳо ва Тромп ин буд, ки кӯмакҳое, ки Ташкилоти худгардон аз Омрико дарёфт мекунад, набояд барои “теруризм” ҳазина шавад. Мақсуди онҳо аз теруризм миллати Фаластин ва ҷавонони муборизи фаластинӣ буд. Нуқтаи аслии фишори онҳо адами ироаи кӯмакҳои молӣ ба хонаводаҳои шуҳадо ва асирони фаластинӣ ва қатъи ҳуқуқи онҳо буд.

Кушнер дар идомаи суханаш, бо ишора ба ин ки тарҳи Тромп як тарҳи тафсилӣ бо ҷузъиёти бисёр аст мегӯяд: “Ин тарҳ бар таъйини марзҳо ва ироаи роҳи ҳалли ниҳоӣ мутамаркиз аст, аммо ҳадаф аз ҳалли масъалаи марзҳо, ғалаба бар ҳамин марзҳост. Агар мо битавонем марзҳоро аз байн бибарем, метавонем ин ҷараёни озодро барои мардум ва колоҳо эҷод кунем ва ин амр ба эҷоди фурсатҳои ҷадидтар мунҷар хоҳад шуд.”

Бар асоси тарҳи “Ватани қавми яҳуд”, ки соли 2018 дар Кнессети (порлумони) режими саҳюнистӣ ба тасвиб расид, саҳюнистҳо қасд доранд дар соли 2019 тамоми каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқиро ба бахшҳои ишғолии соли 1948 илҳоқ кунанд, ин яъне балъидани тамоми каронаи Бохтарӣ.

Мақсуди Кушнер ин аст, ки дигар аз марзҳои 1967 низ сухане гуфта нашавад.

“Муомилаи қарн” чизе нест, ки заррае аз он ба нафъи Фаластин ва мусалмонон ва сулҳ бошад ва ҳама чизро ба коми саҳюнистҳо фурӯ хоҳад бурд.

Танҳо сулҳи ҷомеъ ва одилона дар сарзаминҳои фаластинӣ ин аст, ки сокинони аслии он – мусалмонон, масеҳиён ва яҳудиҳои сокини ин сарзамин то солҳои 1948 – дар ин сарзамин боқӣ монда ва бақия бояд бираванд ба ҳамон кишварҳое, ки аз оонҷоҳо омадаанд ва он гоҳ Фаластини воҳид ва якпорча таъсис гардида ва тавассути сокинони аслӣ идора шавад. Аз ин рӯ, тарҳи пешниҳодии Кушнер низ ба монанди тарҳҳои собқи, маҳкум ба марг аст.

Манбаъ: Jamaran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: