Перейти к содержимому

“Ваҳдати миллӣ” чизе хӯрданист ё пӯшиданӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Ваҳдати миллӣ” яке аз он мафҳумҳое аст, ки дар ҷомеаи мо дар бораи он зиёд мегӯянд ва зиёд мешунавем ва ҳатто рӯзеро дар кишвар ба унвони “Рӯзи ваҳдати миллӣ” номгузорӣ кардаанд, аммо бо ин ҳама, ҳанӯз як таърифи дақиқу дуруст — ки ҳама рӯи он иттифоқи назар дошта бошанд — аз он ироа нашуда. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ин мафҳум фақат лақлақаи забон гардида ва танҳо дар забонҳо ҷорӣ аст, вале амалан таҳаққуқ намеёбад. Дуруст мисли мафҳуми “теруризм” дар қарни ҳозир, ки ҳама дар бораи он изҳори назар мекунанд, вале ҳанӯз як таърифи дақиқу дурусту ҳисобӣ аз ин падида, ҳатто дар маҷомеи байналмилалӣ, ироа нашуда.

Ҳол, ин пурсиши асосӣ матраҳ аст, ки воқеан “ваҳдати миллӣ” чист?

Оё ин аст, ки бо меҳвар қарор додани “Пешвои миллат”, оҳоди миллати тоҷик гирди ӯ ҷамъ шаванд ва дигар ҳеч ихтилофе миёни онҳо дар ин хусус вуҷуд надошта бошад, ки агар аҳаде аз ин доира берун омад, пас ӯ “душмани миллат” маҳсуб мешавад? — ҳамон тавр ки буқҳои таблиғотии ҳукумати кунунӣ ҳамин маъноро аз “ваҳдати миллӣ” таблиғ мекунанд? Оё “ваҳдати миллӣ” ҳамин аст?

Ё на, балки “ваҳдати миллӣ”, амал бар тибқи Созишномаи сулҳ аст, ки байни ҳукумати кунунӣ ва опозисиюн дар 22 сол қабл дар ҳамин рӯз (27 июн) ба имзо расид? – чунонки бештари мухолифон, вақте сухан аз “ваҳдати миллӣ” меравад, дар зеҳнашон ҳамин маъно меояд? Оё “ваҳдати миллӣ” ин аст?

Ё, на ин аст ва на он, балки “ваҳдати миллӣ” ба ин маъност, ки оҳоди миллати тоҷик, дар фикр, дар андеша, дар мавзеъгириҳо мисли ҳашарот якнавохт ва бо ҳам ҳеч ихтилофи дидгоҳ ва ҳеч ихтилофи мавзеъе дар арсаи иҷтимоъ ва сиёсат надошта бошанд? Оё ин аст “ваҳдати миллӣ”?

“Ваҳдати миллӣ” ба ҳеч як аз ин се маънои боло нест, бад-ин шарҳ:

1) Ба маънои аввал нест ба ин далел, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё, ваҳдати миллии воқеӣ миёни фарзандонаш барқарор аст, ва дар айни ҳол, меҳвари ваҳдати миллӣ ҳаргиз пешво ва ё раисиҷумҳурашон набудааст. Пешвоҳо ва раисиҷумҳурҳо иваз мешаванд; яке меравад ва ба ҷояш фарде дигар меояд ҳатто агар якумӣ бунёнгузори як ҷараёни миллӣ ҳам бошад; ва мардум, дар айни он ки воқеан ваҳдати миллӣ дар миёни онҳо барқарор аст, аммо бахше аз онҳо мухолифи ҳокиму ҳукумати мавҷуд, ва бахше дигар ҳаводори ӯ ҳастанд. На мухолиф дар ин ҷомеаҳо “душмани миллат” маҳсуб мешавад ва на ҳаводор дар назари мухолифон “хоини миллат”, балки миёни ҳар ду ваҳдати воқеии миллӣ барқарор аст.

2) Ба маънои дуввум ҳам нест ба ин далел, ки агар аёҳнан созише миёни ҳукумати мавҷуд ва опозисиюн ба имзо бирасад, ин созиш сирфан бори сиёсӣ дорад, на миллӣ. Баҳси мо рӯи “ваҳдати миллӣ” аст, на ташкили “иттиҳод” ё “эътилофи сиёсӣ” байни ҳизби ҳоким ва опозисиюн.

3) “Ваҳдати миллӣ” ба маънои севвум ҳам нест, ки ба назарам, ин матлаб бисёр равшан аст ва ниёз ба шарҳу тавзеҳ ҳам надорад. Зеро, “миллат” яъне гурӯҳе аз инсонҳо, на гурӯҳе аз ҳашарот. Инсонҳо табиатан бо ҳам мухталифанд дар ҳамаи ҷиҳот. Яъне, ҳамон тавр ки як инсон дар рангу сурату табиати инсонӣ, аз инсоне дигар мутафовит аст, дар фикру ақидаву андешаву мавозеъи сиёсӣ ҳам метавонад мутафовит бошад.

Аз ин рӯ, маънои ваҳдати миллӣ ин аст, ки инсонҳои мухталиф дар табиату афкору андеша, дар меҳвари як силсила умур сар аз як гардан дармеоваранд. “Ваҳдати миллӣ” ба ҳамин маъност. Ҳоло ин умур, чӣ умуре ҳастанд, ки таҳаққуқи “ваҳдати миллӣ” дар гарави меҳвар қарор гирифтани онҳост?

Ду се сол пеш, дар мақолае таҳти унвони “Идеулужии миллӣ”, ин матлабро баён дошта будам ва ҳамонро такрор мекунам, аммо ба сурати хеле кӯтоҳ. Ва мӯътақидам, бо ин тавзеҳ, таърифи дурусти “ваҳдати миллӣ” низ ба даст хоҳад омад.

Тавзеҳ ин ки: Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки 8 милюн ҷамъият дорад, мисли соири кишварҳои дунё шаҳрвандонаш дар гароишҳо ва андешаҳо ва боварҳо мухталифу гуногун ҳастанд; яке диндор аст, яке бедину атеист аст, яке ҳам шояд гароиши пучгароёна дошта бошад ва ғайра. Билохира, инсон ҳамин аст. Одамӣ дар гароиш ба ақидаву андешаи хосс, фақат навкари мантиқу ақл аст. Ақидаву бовар чизе таҳмилшаванда нест. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст ва мункираш ҳам кӯру нобино.

Ҳол, оё метавон барои одамҳои гуногун дар андешаву гароиш (яъне мухталиф дар ҷаҳонбиниҳо ва идеулужиҳо) “ваҷҳи муштарак” ва ё “сақфи муштарак” пайдо кард, ки ҷомеъ ва гирдоварандаи онҳо бошад?

Бале, чунин чизе вуҷуд дорад. Ва лозим ҳам нест барои эҷоди “дағдағаи муштарак” барои як миллат (масалан мо, тоҷикҳо), ба дунболи поярезии мактабе ба номи “пантоҷикизм” бошем, чунонки як устоди донишгоҳи тоҷик дар мусоҳибае гуфтааст, ки: “Ба андешаи ман, ҷойи холигии идеологии моро имрӯз дар ҳамин зинаи тараққиёт ва давраи гузариши мо бояд “пантоҷикизм” пурра созад.”

Ин ҳарфҳоро бояд канор зад. Дар воқеъ, ин ҳарфҳо дигар кӯҳна шудаанд. Ин гуна тарҳҳо дар қарни 20-ум имтиҳони худро пас доданд ва мӯъҷизае ҳам накарданд; на барои туркҳо, на барои арабҳо, на барои урупоиҳо.

Хуб, ҳоло ин чизе, ки гуфтем чист? Яъне “сақфи муштарак” кадом аст? Хеле содда аст. Шумо нигоҳе биандозед ба кишварҳои мутамаддини имрӯз, ки як замоне марҳилаи “пан-пан”-ҳоро аз сар гузаронидаанд. Масалан, Олмон ё Ангилис ва ё Фаронса ва куллан кишварҳои урупоӣ. Дар ин кишварҳо, шаҳрвандон дорои афкору ақоиду гароишҳои гуногун ва балки мутазодд ҳастанд, аммо дар айни ҳол, як чиз барои ҳамаи онҳо “сақфи муштарак” аст, ки зери он, ҳама гирд омадаанд. Ва он, чизе ҷуз “шаҳрванд будан” нест. Яъне, он чи ду олмонии дар фикру гароиш мухталифро масалан ҷамъ карда, зиндагӣ дар як кишвар аст, на чизе дигар; на “панолмонизм”, на “панфаронсавизм”, на “панангилисизм” ва ғайра…

Аз ин рӯ, “тоҷикистонӣ будан” танҳо чизе аст, ки метавон бо меҳвар қарор гирифтанаш, миёни мо ваҳдати воқеии миллӣ эҷод кунад. Миллат ҳам, ки мегӯям, фақат миллати тоҷик ба зеҳнатон наояд, балки манзур “тоҷикистонӣ будан” аст. “Тоҷикистонӣ будан” яъне одамони сокин дар ин сарзамин, аъамм аз тоҷику ғайра, аъамм аз мусалмону ғайримусалмон. Тоҷикистониҳо бояд бидонанд, ки онҳо, илова бар сарзамин ва ҷуғрофиёи муштарак, сарнавишти муштарак доранд, забони муштарак доранд (забони расмӣ, ки форсӣ аст), таърихи муштарак доранд, ифтихороти муштарак доранд.

Эрон дар ин росто, улгуи муносибе аст. Зеро “эронӣ будан” барои эрониҳо, ба як фарҳанги муштарак табдил шуда, чӣ ӯ порсизабон бошад, чӣ туркзабон бошад, чӣ арабзабон бошад ва ғайра. Ҳиндустон ҳам (пас аз ҷудо шудани Покистон) улгуи бисёр хубе дар ин ҷиҳат аст. Дар Ҳиндустони кунунӣ тавонистаанд “ҳиндустонӣ будан”-ро ҷо андозанд.

Бинобар ин, донишмандони азизи мо, ба ҷойи поярезии “пантоҷикизм” ба унвони як мактаб (ки чизе ҷуз нажодпарастӣ нест), бояд ба фикри ниҳодина кардани “фарҳанги ҳамзистӣ” бошанд; ҳамон коре, ки дигар миллатҳои мутамаддини имрӯз карданд. Коре бикунанд, ки “тоҷикистонӣ будан” ба як фарҳанг табдил гардад.

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба нукоте, ки арз шуд, гӯем:

Таҳаққуқи “ваҳдати воқеии миллӣ” дар мо, танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки “тоҷикистонӣ будан” дағдағаи муштараки ҳамаи сокинони кишвар гардад; сокиноне, ки дар дидгоҳ, дар гароиш, дар мавзеъгириҳои сиёсӣ мухталифу гуногун ҳастанд. “Тоҷикистонӣ будан” танҳо сақфи муштараке аст, ки ҳамаи сокинон зери он гирд меоянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: