Перейти к содержимому

Раҳбари масеҳиёни Фаластин: “Конфронси Баҳрайн ниқоб аз чеҳраи аъроби хоин бардошт”

Атоулло Ҳанно, сарусқуфи калисои Руми уртудукс дар Байтулмуқаддас, бо баёни ин ки конфронси Баҳрайн ниқоб аз чеҳраи аъроби хоин бардошт, гуфт: “Арабҳои ширкаткунанда дар конфронси Баҳрайн аз марҳилаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ба марҳилаи тавтиъа алайҳи Фаластин ва дар оғӯш гирифтани душманони Фаластин расидаанд.”

Вай дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Фаластинул-явм” изҳор дошт: “Конфронси Баҳрайн ниқоб аз чеҳраи касоне, ки онҳоро дӯсти Фаластин мепиндоштем ва дар изҳороташон дам аз ҳимоят аз ҳуқуқми мо мезаданд андохт ва мутаваҷҷеҳ шудем, ки ин изҳорот бо ҳадафи талош барои ба фаромӯшӣ супурдани масъалаи мо ва иҷрои дастуроти давлати Омрико ба риёсати Дунолд Тромп, матраҳ мешуд.

Атоулло Ҳанно таъкид кард: “Ҳеч касе дар дунё чӣ Тромп, чӣ Натонёҳу ва чӣ аъроби тавтиъагар наметавонад масъалаи Фаластинро аз байн бибарад ва миллати мо бо муқовимат ва ирода ва пойбандии худ ба сарзамин ва ҳуқуқашон пирӯз хоҳад шуд ва ширкаткунандагон дар конфронси Баҳрайн дучори зиён хоҳанд шуд, зеро ин конфронс мурда мутаваллид шудааст.”

Сарусқуфи калисои Руми уртудукс дар Байтулмуқаддас гуфт: “Мо ин конфронс ва баргузории он дар як кишвари арабиро маҳкум мекунем. Мо таваққӯъ дорем, ки дар Баҳрайн конфронсе ба манзури ҳимоят аз Қудс ва дифоъ аз муқаддасоти масеҳӣ ва исломӣ баргузор бишавад.”

Вай афзуд: “Дар ҳоле, ки режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудс тавтиъа мекунад, конфронсе барои тавтиъа алайҳи Фаластин дар Баҳрайн баргузор мешавад, ки ин амре таассуфбарангез ва хиҷолатовар ва маҳкум аст.”

Атоулло Ҳанно дар идома гуфт: “Конфронси Баҳрайн ва дастандаркорони баргузории он шикастхӯрда ҳастанд, зеро онҳо миллати Фаластинро, ки ба ҳуқуқ ва масъалаи миллиашон пойбанд ҳастанд, ба дурустӣ намешиносанд.”

Вай афзуд: “Сарзаминҳои мо аз 70 сол пеш ишғол шудааст ва мо омода ҳастем, ки 70 соли дигар низ муқовимат кунем, вале омодаи чашмпӯшӣ аз як ваҷаб аз хоки худ ва ҳаққи бозгашт ва Қудс нестем.”

Сарусқуфи калисои Руми уртудукс дар Байтулмуқаддас изҳор дошт: “Тазоҳуроте, ки дар шаҳрҳои Фаластин ва кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва ғарбӣ дар мухолифат бо конфронси Баҳрайн баргузор шуд, баёнгари ин аст, ки масъалаи мо зинда аст.”

Вай изофа кард: “Поён додан ба ихтилофот ва бозгардондани ваҳдати миллӣ ба Фаластин, аз беҳтарин роҳҳо барои муқобила бо конфронси Баҳрайн ва натоиҷи он аст, зеро ваҳдат моро қавӣ мекунад ва дар ин сурат мо метавонем бо тарҳҳо ва тавтиъаҳое, ки алайҳи Фаластин тарроҳӣ мешавад, муқобила кунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: