Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (19)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Бозгашти Анварпошшо ба Балҷувон ва шаҳодати ӯ

Дар ин ҳангом, як бори дигар, ҳаводорони амири Бухоро, дар қароргоҳи Анварпошшо кори ӯро хароб карданд. Фузайл Махдуми Қаротегинӣ шахсе буд камобеш равшанфикр ва беэътино ба амир. Эшони Султон ва Иброҳими Лоқой, ки аз ҳаводорони амир буданд, бо Фузайл душманӣ мекарданд ва “ҷадидаш” мехонданд ва Эшони Султон қасд дошт ӯро аз миён бибарад ва вилояташро тасоҳуб кунад. Ва рафтори Пошшо дар ин бора бисёр эҳмолкорона буд.

Фузайл Махдум барои ҳифзи вилояти худ аз таъаррузи Эшони Султон, аз Пошшо иҷоза хост, ки ба Қаротегин баргардад, вале Иброҳими Лоқой ба наҳве сипоҳи ҳазорнафарии ӯро пароканда ва инҷову онҷо халъи силоҳ кард. Худи Фузайл Махдум низ асир шуд. Пирамарди мудаббире ба номи Ҳоҷӣ Ҳакими Кошғариро, ки ҳамроҳи Фузайл буд, ба унвони “ҷадид” ва тарафдори Анвар, ба қатл расонданд. Ин амал дар ҳаққи Фузайл, ба фармони амири Бухоро ва Тоғой, ки мехостанд кори Анварро хароб кунанд, сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳангом, Авлиёқулибек, аз ҳаводорони амир, сипоҳиёни Ҷаббори Шаҳрисабзиро мухтал кард ва бо 400 тан аз афроди худ, аз назди Пошшо берун омад ва озими Шаҳрисабз шуд ва бо тавтиъаҳое қатли Ҷабборбекро боис омад. Нурмуҳаммад, бародари Кӯри Шермат низ, бо мушоҳидаи ин вазъ, бо ҳудуди 100 тан нерӯҳои худ ба Фарғона ақиб нишаст. Пошшо, ки ба хубӣ пай бурда буд, ки тамомии ин нақшаҳо зери сари амири Бухорост, дар номаи 19 июн, ки ба Кобул ва барои амир навишт, аз корҳое, ки зоҳиран бидуни иттилои амир сурат гирифта буд, шикоят намуд.

Пас аз он ки тамомии ҳаводорони амир Анварпошшоро тарк гуфтанд, фақат ҳудуди 200 тан сипоҳӣ, Дониёлбек ва Баҳромбек, аз аҳолии Қаршӣ, ва Тӯрабой боқӣ монданд. Ӯ дар чунин ҳоле, ба Бойсун ҳамла бурд ва шахсан ҳамроҳи афғонҳо вориди шаҳр шуд. Аммо дастае аз ӯзбакҳо, ки аз Қаршӣ омада буданд, аз қарори масмуъ, бар асари иштибоҳи Ҳасанбек, фармондеҳи даста, бе он ки муқобила кунанд, бозгаштанд.

Анварпошшо дар баробари чунин вазъе, аз Пули Хокиён ба Юрчӣ ақиб нишаст. Иброҳими Лоқой дар чунин мавқеияти душворе, на танҳо Пошшоро ёрӣ нанамуд, балки монанди касе, ки дӯсти русҳо бошад, аспҳо ва васоили нақлияи Пошшоро ғорат кард. Аммо бо омадани русҳо, нерӯҳои худи ӯ низ аз ҳам пошид. Фузайл Махдум, ки дар асорати Иброҳим буд, бо истифода аз фурсат, муваффақ ба фирор шуд, аммо дигар, афродаш пароканда шуда буданд.

Дар муқобили ҳамалоти муназзами русҳо, Пошшо ба Ҳисор ақиб нишаст ва муҷоҳидони афғон ҳамагӣ пароканда шуданд. Дар он ҳангом, қудрати сиёсӣ ба дасти Муҳаммадвалихон, ки тоза аз Маскав ва Урупо бозгашта буд, афтод. Ӯ тарафдори дӯстӣ бо ҳукумати Шӯравӣ буд. Номае ба Афзалуддин, ки дар назди Пошшо буд, навишт ва дастур дод, ки тамоми афғонҳо ба Афғонистон баргарданд. Дар рӯзҳои 5 ва 6 июл ҳамаи афғонҳо рафтанд ва ҳатто онҳо – шояд дар иҷрои фармони расида аз Кобул – мехостанд Пошшоро бо худ ба зӯр ба Афғонистон бибаранд. Аммо Пошшо пешниҳоди онҳоро ба таври қотеъ рад кард. Ӯ қатъан тасмим гирифта буд, ки Туркистонро тарк накунад, вале дар қиболи чунин вазъе чорае ҷуз бозгашт надошт. Саранҷом, дар 1 август ба Балҷувон рафт.

Дар он рӯзгор афроди қабилаи Лоқой ҳар “ҷадидӣ”-ро, ки ба чанг меоварданд мекуштанд. Одилҷон, раиси Шӯрои миллии Хӯқанд ва Худоназари Туркман аз он ҷумла буданд. Фармондеҳи рус, ки Душанберо ишғол карда буд, ба Иброҳими Лоқой хабар дод, ки коре ба кори ӯ надорад ва бо афроди қабилаи Лоқой даргир нахоҳад шуд, ва фақат дар таъқиби Анварпошшост.

Анварпошшо дар аввалҳои август аз Ҳисор ба Балҷувон, ки таҳти идораи Давлатмандбек буд, ақибнишинӣ кард. Давлатманд — раҳбари тоҷикҳои Балҷувону Кӯлоб буд. Ошурбек — раиси ӯзбакҳои Семиз, Эшони Пошшо — раиси муғулу қатғанҳо ва Дониёл ва дигарон, ҳамагӣ, зери фармони Давлатманд буданд. Анварпошшо омада буд, то иди қурбонро дар Чаган, қароргоҳи Давлатманд, ки дар 7-8 километрии Балҷувон ва бар сари роҳи Ховалинг буд, бигузаронад.

Рӯзи ҷумъа, 4 август, Пошшо саргарми табрикоти ид буд, аммо ба гуфтаи Мустафо, сахт дар андеша буд. Дар соати 8 хабар расид, ки дастаи тақрибан 300-нафарӣ аз як ҳанги русӣ, ба қаряи Обдара дар ғарби русто, наздик мешаванд. Пошшо бе он ки мунтазири гирд омадани соири афрод бишавад, бо 25 тан сарбозе, ки ҳамроҳ дошт, ба сӯи душман шитофт. Вақте ба болои теппа расид, русҳо низ аз самти дигар боло рафтанд. Онҳо ба се даста тақсим шуда буданд. Пошшо бо як ҳамла дастае аз онҳоро торумор кард. Афроди он даста шурӯъ ба таслими силоҳҳояшон карданд. Пошшо, ки русҳоро ҳайратзада карда буд, бо шаҳомат ва фақат ба ҳамроҳии 5 тан, танҳо бо шамшер, ҳамла бурд. Яке аз 5 ҳамроҳи Пошшо, Ҳусайни Човуши Черкес аз аҳолии Туркия буд ва дигарон Карим, аҳли Қозон, Эшмуроди қазоқ, Соиси Афғонӣ ва Раев буданд. Раев қазоқи (казаки) русӣ буд, ки ба Пошшо мулҳақ шуда буд. Дар он лаҳза, низомиёни мустақар дар қароргоҳ низ аз роҳ расиданд. Дар ин ҳангом, гӯӣ ки хости тақдир буда бошад, аз тирбори русҳо, ки аз ҷонибе шурӯъ ба кор карда буд, тире бар қалби Пошшо хӯрд. Давлатмандбек низ, ки бо нерӯҳои имдодӣ аз роҳ расида ва ҳамларо оғоз карда буд, тир хӯрд. Русҳо пас аз он ки қадре муҷоҳидонро дунбол карданд, баргаштанд ва рафтанд, аммо дуруст нафаҳмиданд, ки Пошшоро куштаанд ё на. Ва фардои он рӯз, ҷараёнро аз забони аҳолии маҳал шуниданд.

Анварпошшо

Дониёлбек, ки ба ҷойи Пошшо нишаста буд ва Абдулқодир, писар ва ҷонишини Давлатманд, бо маросиме, ки дар он, 15 то 20 ҳазор тан ширкат доштанд, Пошшо ва Давлатмандбекро дар Чаган ба хок супурданд. Чун интизор намерафт, ки Анварпошшо дар роҳи истиқлол дар ин сарзамин шаҳид шавад, дар манотиқи Балҷувон, аз ин зойеъаи бузург қиёмат барпо шуд. Мустафо Шоқулӣ, дар ин маврид, менависад:

Аслан тасаввур намекардам, ки дар чунин муддати кӯтоҳе 15 то 20 ҳазор нафар дар ин русто ҷамъ шаванд. Ҳамаи аҳолӣ гиря мекарданд. Бархе, тори маҳосини Анварпошшоро ба унвони “мӯйи муборак” ҷудо мекарданд ва дар коғаз мепечиданд ва дар ҷайб мегузоштанд. Теъдоди онҳое, ки дасту пояшро мебӯсиданд ва гиря мекарданд, бешумор буд. Хулоса, чунон маҳшаре барпо шуда буд, ки ба васф дарнамеояд.”

Дониёл, Исмоил Ҳаққӣ, Нофеъ, Халил, Ҳасан ва соири бекҳо назди Фузайл Махдум, ки дар Қаротегин ба сар мебурд рафтанд ва аз онҷо, дар 17 август, номаҳое, ки ҳамагӣ имзо карда буданд, ба Тошканд барои ман (Закӣ Валидӣ) ва ба Кобул барои Ҳоҷӣ Сомӣ фиристоданд ва хостор шуданд, ки тадобири ҷиддӣ пеш гирифта шавад. Ин нома пас аз як моҳ ба дасти ман расид. Сипас Ҳоҷӣ Сомӣ ва Усмон Хоҷа дар бораи масоили марбут ба авзоъи мавҷуд, аз Хонободи Афғонистон номае ба мӯҳру имзои шахсӣ, барои “Ҷамъият” навиштанд. Ин нома низ ду моҳ баъд восил шуд.

Ман хабари шаҳодати Анварпошшоро дар 15 август ҳангоми вуруд ба Тошканд, дар як рӯзномаи русӣ хондам. Аммо марги ӯ тавре буд, ки касе намехост бовар кунад. Пас аз ин хабари расмӣ, ҳама мутмаин шуданд ва аз ҳар сӯ марсияҳое дар марги ӯ навишта шуд, аз ҷумла ин марсия:

Дилам мехоҳад, ки фарёдам ҳастии ҷаҳонро хомӯш созад

Ва охирин риштаҳои умедро бигсалонад.

Чашмони сиёҳи кабкӣ, ки дар кӯҳсорон мехиромад

Аз сугвориҳо саршор шудааст.

Марде, ки дарёҳоро ба ларза меандохт

Инак, аз қаҳри заработ, бар хок афтода ва ҷон бохтааст

Ситораи наҷот ба нестӣ пайвастааст

Бегонагон вопасин рамақро аз ту гирифтаанд.

Эй савоҳили Мармара! Роҳи Эдерна

Фарохнои Читолҷа, тангнои Буғоз,

Буландои Корпот, саҳрои Тароблус,

Боғҳои дӯстдоштании Салоник,

Рӯшноиҳо бар чеҳраи шаҳид нақш бастанд,

Ва ин хабар моро хун гирёнд.

Эй кӯчаҳои Берлин! Он қаҳрамонро

Шикастҳои бузург дарбар гирифтанд.

Эй обу ҳавои Тифлис! Он марди наҷотбахшро

Ба хуни сиёҳ оғишта карданд ва нақши заминаш сохтанд.

Эй Балҷувони дурахшон, ки ранги таърихро

Аз хунҳои фаровон анбоштӣ ва сиёҳ кардӣ

Ва охирин умеди моро ба хун нишондӣ!

Оҳ, чӣ рӯзгорони нохуҷастае омадааст!

Дилам мехоҳад фарёдам ҳастии ҷаҳонро хомӯш созад

Ва Иблисҳо ба бахти сиёҳи ман биханданд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: