Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (378)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (2)

* * *

Каъба нодида макун рӯ з-ӯ матоб

Аз қиёс, “Аллоҳу аълам бис-савоб”.

Аз рӯи қиёс, Каъбаро нодида магир ва аз он рух барматоб, ки Худо ба ростӣ ва дурустӣ донотар аст.

Нукта: Хулосаи матлаб ин ки қиёсоти одамӣ то онҷо эътибор дорад, ки ҳақиқат дар зуҳур наёмадааст, аммо ҳамин ки ҳақиқат ба зуҳур омад, дигар қиёсот ба кор наёяд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.976)

Чун сафире бишнавӣ аз мурғи Ҳақ,

Зоҳирашро ёд гирӣ чун сабақ.

Масалан, агар аз мурғи Ҳақ бонге бишнавӣ, танҳо зоҳирашро монанди як дарс ёд гирифтаӣ.

Нукта: Авлиёуллоҳ мурғони равзаи Ризвон ҳастанд ва ба каломи Ҳақ нотиқанд, вале зоҳиргароён танҳо алфозе аз ононро ҳифз мекунанд ва барои худнамоӣ бад-он нотиқ мешаванд бе он ки решае дар дарунашон дошта бошад. (Ҳамон манбаъ)

В-он гаҳе аз худ қиёсоте кунӣ,

Мар хаёли маҳзро зотӣ кунӣ.

Сипас бо гумони фосиду андешаи табоҳат қиёсҳое меороӣ ва он хаёли маҳзро вуҷуд мебахшӣ. Яъне хаёлоту авҳоме, ки бо қиёси ақли ҷузъӣ аз калимоти мурғони илоҳӣ ба даст овардаӣ, ҳақиқӣ гумон мекунӣ ва хаёл мекунӣ, ки ба ҳақиқати каломи онон воқиф шудаӣ.

Истилоҳотест мар абдолро,

Ки набошад з-он хабар ақволро.

Авлиё истилоҳоте дар миёни худ доранд, ки аҳли қилу қолу фориғон аз ҳақиқат аз он иттилое надоранд.

Нукта: 1) “Абдол” ҷамъи “бидл” ва “бадал”, ё “будало” ҷамъи “бадил”, дар истилоҳи сӯфия ва урафо ба гурӯҳе аз авлиё гуфта мешавад, ки сифоти зишти башарии худро ба авсофи неки илоҳӣ мубаддал кардаанд. Ибни Арабӣ мегӯяд: “Абдол иборат аз ҳафт марданд, ки яке аз онон аз маҳалле мекӯчад ва дар он ҷо шахсеро бар сурати худ мениҳад ба тавре ки касе намедонад, ки ӯ мафқуд шудааст.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.127). Бархе гӯянд: аз он рӯ ба он авлиё абдол гӯянд, ки агар яке аз онон аз ҷойе равад, бадали худро дар он ҷо мегузорад. Вале ба ҳар ҳол, манзур аз абдол дар ин ҷо ҳар авлиёе аст.

2) Урафо ва сӯфия ҳақоиқи ирфониро бо забони рамзу киноя баён медоштанд ва калимотро дар маъонии маҷозии худ ба кор мегирифтанд ва пайравони худро ба кетмони сирру лаб фурӯ бастан тавсия менамуданд:

Ҳар киро асрори Ҳақ омӯхтанд,

Мӯҳр карданду даҳонаш дӯхтанд.

Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд,

Розҳо дониставу пӯшидаанд.

Хосса, аз қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба баъд, дар адабиёту шеър, забони рамзу тамсил дар мабоҳиси ирфонӣ тадовул ёфт ва калимоте аз қабили холу хатту лаби лаълу чашму абрӯву занҷири зулфу… дар маъонии ирфонӣ ба кор гирифта шуд, то ҳар ноаҳле аз он сар дарнаёварад ва мутаъарризи эшон нашавад. (Барои тавзеҳи бештар руҷӯъ кунед ба: Баҳсе дар тасаввуф)

Мантиқуттайре ба савт омӯхтӣ,

Сад қиёсу сад ҳавас афрӯхтӣ.

Ту забони мурғони илоҳӣ ва анбиёву авлиёро фақат аз роҳи ҳарфу савт ёд гирифтаӣ ва сипас бо салиқаву табъи худ барои он қиёсҳои фаровон оростаӣ ва ҳавасҳоятро шӯълавар кардаӣ.

Нукта: “Мантиқуттайр” ба маънии забони мурғон ва сухан гуфтани мурғон аст. Ва ишорат аст ба ояти 16 сураи Намл:

وَوَرِثَ سُلَيْمَانُ دَاوُدَ وَقَالَ يَا أَيُّهَا النَّاسُ عُلِّمْنَا مَنْطِقَ الطَّيْرِ

Ва Сулаймон, ки вориси мулки Довуд шуд (ва мақоми салтанату хилофат ёфт), ба мардум гуфт, ки моро забони мурғон омӯхтаанд…

Ҳамчу он ранҷур дилҳо аз ту хаст,

Кар ба пиндори исобат гашта маст.

Монанди қалби он бемор, ки аз суханони қиёсии он марди ношунаво ранҷидахотир шуд, дар ҳоле ки он ношунаво хаёл мекард, ки ба натиҷаи дуруст расида ва аз ин бобат сармаст шуда буд.

Хаст: захмӣ кард, озурда сохт. Исобат: расидан ба роҳи рост ва мақсуд.

Котиби он ваҳй аз он овози мурғ

Бурда занне, к-ӯ бувад ҳамбози мурғ.

Ё масалан монанди он котиби ваҳй, ки аз овози он мурғи Ҳақ (паёмбар, ки нотиқ ба ҳақоиқи илоҳӣ ва асрори раббонӣ аст) гумон кард, ки вай бо он мурғ ҳамовоз аст, дар ҳоле ки чунин набуд.

Мурғ парре зад, мар ӯро кӯр кард,

Нак фурӯ бурдаш ба қаъри маргу дард.

Мурғ паре бар рухсори ӯ зад ва чашмонашро кӯр кард. Яъне он котиб ҳарчанд ки чашми ботинаш то ҳадде равшанӣ дошт, вале ҳазрати Набӣ (с) бар вай пари қаҳри худро зад ва ӯро ба қаъри маргу дӯзах афканд.

Ҳин, ба аксе ё ба занне ҳам шумо

Дармаяфтед аз мақомоти само.

Огоҳ бошед, ки шумо низ мабодо ба сабаби гумони носавоб ва ё ин ки ба воситаи руҳонияти ориятӣ, ки аз файзи вуҷуди авлиё гирифтаед, худбин шавед ва аз маротиби олии осмонӣ ба мартибаи дуни ҳайвонӣ суқут кунед.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: