Перейти к содержимому

Вақте пешфарзҳо ва пешдовариҳо ботил мешаванд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як масъала ҳаст, ки бад нест дар солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва “Рӯзи ваҳдати миллӣ”, дар бораи он сӯҳбат бишавад. Ва он ин ки: роҷеъ ба асбобу авомили бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дидгоҳҳо дар ҷомеаи мо якнавохт нестанд, ҳар гурӯҳ тафсири хоссе аз он ироа медиҳад.

Дар ҳоле, ки мақомот ва ҳаводорони ҳукумати кунунӣ ҳамеша тақсирро ба гардани мухолифон бор кардаанд, мухолифон аммо ҳукумати кунунӣ ва оварандаи онро, ки “Фронти халқӣ” бо кӯмаки Ӯзбекистону Русия аст, муқассир медонанд. Феълан баҳси ман дар ин навиштор, дар бораи ин ду гурӯҳ ва ин ки тафсири кадомин дуруст ва кадом як носаҳеҳ аст, нест. Балке роҷеъ ба як гурӯҳи дигар аст, ки тафсире мухталиф аз тафсири ин ду гурӯҳ ироа медиҳад ва мӯътақид аст, ки тафсири саҳеҳ аз он вақойеъ, дидгоҳи ӯст.

Ин гурӯҳ – ки феълан дар мақоми баёни кистии он нестам – айбу тақсирро бар гардани ҳар ду, ва албатта, бештар бар гардани ҲНИТ бор карда ва мекунад. Ин гурӯҳ ба хусус рӯи ин нукта тамаркуз ва пойфишорӣ дорад, ки ҲНИТ (ва ё исломиҳо ба таъбири худаш) мехостанд дар Тоҷикистон як “давлати исломӣ” барқарор кунанд ва аз ин рӯ ин ҳама балворо роҳ андохтанд. Ва барои исботи ин иддао, ҳамвора ба суханони баъзе аз “муллоҳо” дар майдони Шаҳидон ва низ шиорҳое, ки дар он айём дар ин майдон сар дода мешуд, чанг мезананд. Агар ба ин азизон гуфта шавад, ки ин суханон ва ин шиорҳо ҳаргиз наметавонанд ба унвони “далел” ба рух кашида шаванд, зеро дар он айём, ҳар кас, ба хусус як мулло, ҳар чи ба забонаш меомад мегуфт ва касе ҳам наметавонист монеъи ӯ бишавад — ки албатта, мебоист дар он рӯзгор пеши роҳи ин гуна шиор сад доданҳо ва сухан гуфтанҳо гирифта мешуд, вале ҳамон тавр ки арз шуд, амалан имкон надошт; масалан, чӣ касе дар он айём метавонист ҷилави даҳони марҳум Домулло Абдулғаффор бигирад?!, аслан имконпазир набуд, ин шахсият худаш “шоҳ буду тахташ вазир” ва ба аҳаде гӯш намекард — аммо бо ин ҳама, ин гурӯҳ ҳозир нестанд ин ҳарфҳоро бипазиранд; мегӯянд, ин шиорҳо дар воқеъ парда аз рӯи аҳдофи воқеии шумо бармедорад.

Ва аҷиб он, ки – ва шояд боваратон наояд — мушаввиқи ин гуна шиор сар доданҳо афроде назири шодравон Бозор Собир буданд. Ёдам ҳаст, баъд аз эълони ташкили “артиш”-и чанд ҳазор нафарӣ аз сӯи яке аз муллоҳо – ки намехоҳам феълан аз он бузургвор исм бибарам – ва роҳ андохтани “режа”, марҳум Домулло Муҳаммадшариф ба шиддат ин амалро инкор ва дар як ҷаласа, хост, дигар ин гуна корҳо такрор нашавад ва шиорҳо ва суханрониҳо аз ин ба баъд бояд бо шӯру машварат сурат бигирад. Оё медонед, чӣ касе мухолифи назари Домулло Муҳаммадшариф буд?! Шодравон Бозор Собир, ки марҳуми Домуллоро ба “тарсу будан ва буздил будан” муттаҳам кард.

Хулоса, ин бовар – ки дар бурузи ин ҷанг ҲНИТ муқассир аст ба “далели” ин гуна суханрониҳо ва шиорҳо — дар воқеъ, як пешфарз ва як пешдоварӣ аз сӯи ин гурӯҳ дар тафсираш роҷеъ ба асбобу авомили бурузи даргирӣ аст, ки онро мусаллам ангошта ва ба ҳеч ваҷҳ розӣ нест ин пешфарз зери суол бурда шавад ва мавриди баррасӣ қарор бигирад, хеле рӯи ин нукта пойфишорӣ дорад.

Ва дуруст ба ҳамин хотир аст, ки ин гурӯҳ ба шиддат мухолифи он аст, ки гуфта шавад ин ҷанг як ҷанги таҳмилӣ буд ва кишвари ҳамсоя (Ӯзбекистон) ва Русия онро таҳмил кардаанд. Зеро, бо ин фарз, пешдоварӣ ва пешфарзи онҳо дар хусуси асбобу авомили он ҷанг ботил хоҳад гардид.

Ҳоло агар бо далелу мадрак собит шавад, ки воқеан ин ҷанг, бо таҳрики кишвари ҳамсоя ва Русия роҳ андохта шуда будааст, дар ин сурат, фикр мекунед ин гурӯҳ чӣ хоҳад гуфт?! Оё мепазирад, ки дар он миён низомии русие ба номи Квачкове будааст; ва Русия ва Ӯзбекистон ин фардро басиҷ карда, ки ба кӯмаки “Фронти халқӣ” биштобад ва ҳамаро ба ҳам бизинад?!

Қатъан намепазирад, ҳатто агар Квачков худаш дар ҷилави дурбинҳо қарор бигирад ва бигӯяд, ин мо будем, ки ҳамаро ба ҳам рехтем?! Мусалламан инро намепазирад. Ва шояд ҳам бигӯяд, Квачков дурӯғ мегӯяд!

Чаро шояд бигӯяд Квачков дурӯғ мегӯяд?! Ба ин далел, ки бо қабули ин воқеият – ки Худоро шукр, рӯз то рӯз воқеиятҳои бештаре аз пушти пардаҳои он ҷанг бардошта шуда ва авомилу асбобаш бештар ошкор шуда ва мешаванд – пешдоварӣ ва пешфарзи ин гурӯҳ, ки бар мабнои он, як гурӯҳро бе ҷиҳат муқассир ҷилва медиҳад, ботил хоҳад гардид. Ва бо бутлони он пашфарз, дигар баҳонае барои зери суол бурдани опозисиюни воқеии Тоҷикистон пешаш боқӣ намемонад.

Ба назари ман, Квакчков ҳанӯз тамоми моҷароро нагуфтааст, умедворем бо гузашти айём парда аз рӯи тамоми моҷаро аз он рӯзгори талх бардошта хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: