Перейти к содержимому

Ногуфтаҳои Ҷашни Ваҳдат

(Ё чӣ гуна Сангак наҷотдиҳандаи худашро кушт?)

Ба қалами Бобоҷон Қаюмов

Дар он солҳо ман 17 сол доштам. Дар Кӯлоб зиндагӣ мекардам. Агарчӣ дар митингҳо ширкат надоштам, аммо ба хотири афкору андешаҳоям маро дар мактаби деҳа ва ҳатто мактабҳои атрофи деҳаамон бо номи “Вовчик” мешинохтанд. Деҳаи моро ҳам дар он солҳо деҳаи “ваҳҳобиҳо” ё “вовчикҳо” мегуфтанд.

Як ҳодиса ҳаргиз аз ёдам намеравад. Деҳаи мо дар ҷои зебое қарор дорад ва болои деҳа теппаи бузурге ҳаст, ки дар баҳорон муйсафедони нуронии деҳа ба болои он баромада най менавохтанд ва шиҳаи аспҳо бо садои парандагон бо ҳам печида манзараи афсонавиеро ба вуҷуд меовард. Аз қазо дар айни нооромиҳои соли 1992 он теппа бар асари боришоти зиёд тарак хӯрд ва каф омад. Ҳар лаҳза эҳтимол вуҷуд дошт, ки рониши теппа болои деҳа рух диҳаду боиси фоҷеаи азим гардад.

Дар деҳаи мо мӯйсафеде буд ҳамноми бобои ман яъне Бобои Абдуқаюм. Ҳама ӯро дӯст медоштанду эҳтиромаш мекарданд. Зеро дар бари ҳар як бемору инсони мушкилдор ҳозир буд. Ҳар мушкили деҳаро мушкили худаш медонисту дилаш бештар аз ҳар касе месӯхт.

Рӯзе Бобои Абдуқаюм, ки имоми масҷид ҳам буд, ба мардум гуфт, ҳама белу каланд бардоред, то рафта он тараки кӯҳро хок пур кунем ва коре кунем, ки теппа ба болои деҳа рониш накунад.

Ҳама, аз пиру ҷавон, гапи раҳматии Бобои Абдуқаюмро гирифта ба болои теппа баромадем ва ҳама то шаб машғули кор будем. Он қадр кор кардем, ки он теппа то ҳол побарҷост ва дигар таҳдиде ба деҳа надорад. Аммо дар он миён касоне буданд, ки ба штаби Сангак ва дигар нерӯҳои “Фронти халқӣ”, хабар доданд, ки мо дар теппаи болои деҳаамон аслиҳа ва ҳатто тонк пинҳон кардаем.

Ин хабар валвалаеро бапо кард ва “Фронти халқӣ” омада чанд нафар сокинони деҳаи моро ба штаби худашон, ки дар ПТУ-38 Кӯлоб воқеъ буд бурданд. Аммо дар миёни он ҳама ваҳшиҳо бархе шахсоне, низ буданд, ки ақлу дониш доштанд ва медонистанд, ки ин фитнаҳо аз куҷост.

Шахсе, ки директори мактаби Даҳана буд омад ва гуфт, ин хабар дурӯғ аст ва набояд шумо ба ин хабарҳо дода шавед. Хушбахтона бо висотати ин шахси хирадманд ва раиси колхози онвақта ба номи Карим Хайрулло (ки баъдан ба дасти “Фронти халқӣ” ба шаҳодат расид) мардум наҷот ёфтанд. Аммо бадбиниву таҳқиру таҳдид то солҳо нисбати мардуми ин деҳа идома дошт.

Деҳаи Гултеппа каме поёнтар аз деҳаи мо қарор дошт. Замоне, ки митингҳо дар Душанбе поён ёфтанд, ҳамаи мардум хушҳол буданд. Ҳама мегуфтанд, билохира тафоҳум шудааст ва Муҳаммадлоиқ Фозилов — раиси ҲНИТ дар вилояти Кӯлоб, ба хотири сулҳ Бобои Сангак ва Рустами Абдураҳимро бо мошини шахсиаш ба Кӯлоб овардааст. Хелеҳо хушҳол буданд, вале бархеҳо ҳанӯз нигарон буданд.

Пас аз муддате, хабари шуме аз Кӯлоб ба мо расид. Сангак ва Рустами Абдураҳим дар Кӯлоб аз мошин фаромада, Муҳаммадлоиқро гаравгон гирифтаанд. Чанд рӯз пас, дар майдони марказии Кӯлоб митинги калон баргузор шуд. Ман, ки он замон ҷавон будаму касе маро намешинохт, дар он митинг иштирок кардам. Суханони дигарон чандон ба ёдам нест, аммо ин сухани Сангак, ки: “Моро “вовчикҳо” дар Душанбе “издиватса” карданд, халқи Кӯлоб ҳаргиз таслим намешавад…” ва ба ҳамин мазмун суханронӣ мекарду ҷавонон ба ваҷд омада, ҳақорат мекарданду доду фарёд мекарданд.

Ёд дорам, ки раҳматии Муҳаммадлоиқро бо дастони баста онҷо оварда буданд ва Сангак ӯро “хоини халқи Кӯлоб” эълон кард. Касе ба рӯяш ба чизе зад, аммо нагузоштанд, ки дар он майдон ӯро латукӯб кунанд.

Муҳаммадлоиқ Фозилов

Баъди чанд рӯз, Муҳаммадлоиқро аз штаби Сангак ҷавоб доданд. Ӯ дар хонааш нишаста буд. Дӯстон ба ӯ паём фиристоданд, ки бояд фирор кунад ва ба тарафи Душанбе биравад. Ҳатто чанд ҷавон ҳам онҷо буданд, ки мехостанд ӯро бо Душанбе ҳамроҳӣ кунанд. Мутаассифона, ӯ қабул накард. Ӯ гуфт, агар ман аз инҷо фирор кунам, онҳо ҳамаи шуморо мекушанд. Ба ҳеч касе аз шумо раҳм намекунанд.

Озодии Муҳаммадлоиқ дер давом накард. Тақрибан соатҳои 2 шаб боз силоҳбадастони “Фронти халқӣ” ӯро аз хонааш боздошт карданд ва ба штабашон бурданд. Пас аз он, дигар на номе ва на нишоне аз ӯ пайдо нашуд.

Моҷаро аз аввал чӣ буд? Бар асоси гузориши дӯстон аз Душанбе, ҳангоме ки дар Душанбе майдонҳои Шаҳидон ва Озодӣ барҳам дода шуданд ва қарор шуд мардум ба хонаҳояшон баргарданд, Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим ба дасти нерӯҳои Резвон Садиров асир меафтанд. Дар ин ҳангом ҷавонони эҳсосотӣ ва кӯтоҳандеш мехостанд ҳар дуи онҳоро ба қатл бирасонанд. Вале дар ин вақт Устод Тӯраҷонзода, Устод Нурӣ ва бархе дигарон, монеъи ин кор мешаванд. Сангак ва Рустами Абдураҳим ҳам ваъда медиҳанд, ки мардуми Кӯлобро ором мекунанд ва ҳама корро бар асоси интихоботу машварат ҳал мекунанд. Аммо ба хотири он ки дар он лаҳза ҷавонони хашмгину эҳсосӣ дар роҳҳо зиёд буданд, раиси онвақтаи ҲНИТ Муҳаммадлоиқ Фозилов худаш довталаб мешавад, ки ба хотири сулҳ ва ором кардани мардум, ҳар ду нафарро худаш бо мошини шахсиаш то ба Кӯлоб бурда мерасонад. Аммо билофосила пас аз расидан ба Кӯлоб, Сангак ва Рустам ӯро асир мегиранд.

Ба ҳамин хотир, фикр мекунам Муҳаммадлоиқ Фозилов аввалин шаҳиди роҳи сулҳ аст. Аммо чаро мардуми мо боре фикр намекунанд, ки Сангак ва Рустами Абдураҳим барои чӣ ӯро асир гирифтанд? Чаро ӯро зиндонӣ карданд? Чаро ҳаддиақал нагузоштанд ӯ зинда бимонад? Магар инсони солим ва миллатдӯсту ватандӯст наҷотдиҳандаи худашро ваҳшиёна мекушад?

Ҷавоби ин савол хеле масоилро равшан хоҳад кард. Аммо кӣ ба он ҷавоб хоҳад дод? Дар гуфтугӯе, ки байни нерӯҳои Ҳукумати Муросои Миллӣ ва “Фронти халқӣ” дар ҷойхонаи “Сайёд” баргузор шуд, чаро нерӯҳои “Фронти халқӣ” ба онҷо ҳамла карданд? Дар Ҷанозаи Рустам дар Восеъ ҳам худи Сангак ба баччаҳои кӯлобие, ки дар Ҳукумати Муросои Миллӣ буданд, ваъда дод, ки омада намози ҷанозаро хонда равед, касе ба шумо кордор намешавад, аммо дар ҳамон ҷаноза ба мардуми бесилоҳ ҳамла карданд ва чандин нафар аз ҷумла Қурбонназар ва Шодиро шаҳид карданд.

Ин ҳам аз намунаи дигари хиёнатҳои рақиб буд. Чун имрӯз боз ҳам аз ваҳдат мегӯянд ва мехоҳанд боз ҳам мардумро фиреб диҳанд, ин ҷинятҳову ин хиёнатҳо бояд ошкор шаванд, то миллат дигарбора фиреби ин девҳои инсоннаморо нахӯранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: